Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ванҷ танҳо як сарбоз дорад?


Оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар ҳафтаи гузашта, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар кишвар ва тамдиди мӯҳлати даъвати баҳории ҷавонон ба артиш аз мавзӯоти меҳварии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтааст.

Нашрияи «Азия плюс» зери сарлавҳаи «Шонси охирин ва ё Роғун барои тараққиёти ояндаи давлати Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад» як матлаби муфассалеро дар ин бора ба чоп расонидааст. Муаллиф бо баршумории аҳамияти иқтисодии ин тарҳи бузурги энержии давлат навиштааст, ки анҷоми ин сохтмони азим дар воқеъ боиси ҷаҳиши иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Зеро, менависад нашрия, дар ҳоле ки талабот барои нерӯи барқ дар тамоми минтақа ба як мушкилоти умда табдил ёфтааст, анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он метавонад Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои муҳим ва калидии минтақа мубаддал созад.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» мусоҳибаеро бо Георгий Тихонов, раиси пешини сохтмони нерӯгоҳи Норак ва корхонаи алюминиюми тоҷик ба нашр расонидааст. Оқои Тихонов мухолифатҳои ҷониби Узбакистон дар мавриди сохтмони Роғунро беасос хонда, гуфтааст, баракс бо сохтмони ин нерӯгоҳ 200 ҳазор замини лалмӣ дар Узбакистон обёрӣ мешавад, ки бидуни шак ба манфиати ин кишвар хоҳад буд.

«Фараж» - яке дигар аз ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ин суолро матраҳ кардааст, ки оё Тоҷикистон имкон дорад дар танҳоӣ сохтмони як чунин иншооти бузургро ба анҷом расонад? Профессори Донишгоҳи миллӣ Дӯстмурод Уроқов ва муаллими ин донишгоҳ Парвиз Орзуев гуфтаанд, ки бидуни ҷалби сармояи хориҷӣ ин кор ғайриимкон аст. Аммо ҳамзамон онҳо таъкид кардаанд, ки давлат бояд дар ин тарҳ саҳми асосиро дар дасти худ нигаҳ дорад.

Зимнан «Нигоҳ» - яке дигар аз нашрияҳои мустақили чопи Душанбе низ бо нашри махсуси изофӣ дар ду саҳифа ба баррасиии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва аҳамияти он дар амри мустақилияти давлати тоҷикон пардохтааст. Муаллифи матлаб сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов ақида доштааст, ки истифодаи нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистон бар изофаи фавоиди иқтисодӣ аҳамияти сиёсӣ низ хоҳад дошт ва ин нерӯгоҳ дар воқеъ нақши Тоҷикистонро дар саҳнаи сиёсӣ аз як кишвари дастнигар ва вобаста ба як кишвари дорои мақом ва садои хоси худ дар минтақа боло хоҳад бурд.

«Фараж» ҳамчунин номаеро бо имзои дар маҷмӯъ 94 нафар афғонистонии маҳбус дар зиндони ноҳияи Ваҳдат ба нашр расонидааст. Дар ин нома зиндониёни афғонистонӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба сабаби беморӣ, дурии роҳ ва бенасибӣ аз дидори пайвандон дар амри истирдоди онҳо ба ватанашон мусоидат кунад ва онҳо тавонанд, ки идомаи мӯҳлати ҷазоро дар Афғонистон ба охир расонанд.

«Чархи гардун» бо титрҳои бузург ва аксҳо аз растаҳои бозорҳои Душанбе таҳти унвони «Мардуми Тоҷикистон, нархҳои осмонкаф, кисаҳои холӣ ва ояндаи номаълум» дар саҳифаи аввали худ мавзӯъи болоравии баҳои маводди ғизоӣ дар кишварро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия менависад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта нархи маводди ғизоӣ се-чаҳор маротиба боло рафтааст. Ба гуфтаи муаллифи матлаб, маҳз ҳамин болоравии нархҳо боис шудааст, ки шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ ба маротиб бештар шавад.

«Чаҳор хомӯшии Ҳасан Асадуллозода» - таҳти ҳамин унвон ҳафтавори «Нигоҳ» як матлаберо дар бораи Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбонк ва додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мунташир кардааст. Нашрия дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи зиндагӣ ва кору фаъолияти раиси Ориёнбонк навиштааст, ки хомӯшии оқои Асадуллозода дар мавриди ин шоеъот ва низ фаъолияташ, ки дар расонаҳои мухталиф мавриди интиқод қарор мегиранд, боиси бурузи ҳар гуна овозаҳо шудааст. Нашрия барои намуна аз баҳсҳои додгоҳии Талко - корхонаи бузургтарини алюминий дар Осиёи Марказӣ бо шарикони пешини тиҷоратиаш, ба мисли Ансол ва РусАл, ки гуфта мешавад, оқои Асадуллозода ба таври ғайрирасмӣ фаъолияти онро зери назорат дорад ва низ силсиламатолиби интиқодӣ алайҳи ӯ дар сомонаи «Ариана шторм», ки ӯро дар тасарруфи як қатор корхона ва ширкатҳои муҳимми иқтисодии кишвар мутаҳҳам мекунад, мисол овардааст, ки дар баробари ҳамаи инҳо Ҳасан Асадуллозода сукут ихтиёр кардааст.

Ва дар охир аз «Миллат» - нашрияи дигари чопи Душанбе дар иртибот ба тамдид кардани мӯҳлати даъвати ҷавонон ба хидмат дар артиш матлаберо мунташир карда ва навиштааст, ки дар тамоми давраи даъвати баҳорӣ аз ноҳияи Ванҷ танҳо як нафар ба хидмати сарбозӣ ҷалб шудааст. Нашрия аз қавли Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, навиштааст, ки дар чунин ҳолат зарурат бар нигоҳ доштани 15 корманд дар комиссариати ҳарбии ин ноҳия боқӣ намондааст ва шояд дар оянда ин идора ба ихтиёри ноҳияи Ишкошим ва ё Дарвоз дода шавад.

XS
SM
MD
LG