Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои "босифат" ва "бесифат"


Идораи адлияи устони Хатлон мегўяд, аз миёни беш аз 420 созмони ғайриҳукуматии минтақа танҳо 107 созмон аз сабтиноми такрорӣ гузаштаанд.

Иллати аслии дубора аз қайди давлатӣ нагузаштани иттиҳодияҳои ҷамъиятиро масъулини давлат дар коҳиши эҳтиёҷоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин созмонҳо, ҳамзамон мушкили молӣ, надоштани маърифати коргузорӣ ва анҷом ёфтани вазоифи иттиҳодияҳои мазкур медонанд.

Ихтиёр Самадов, сармутахассиси идораи адлияи Хатлон, мегўяд, кунун вақти он расидааст, ки нахуст ба сифат бояд бартарӣ дод, на шумор ва беҳтар ин аст, ки аз ин ба баъд танҳо созмонҳои ғайриҳукуматии фаъолу тавоно иҷозаи расмии фаъолият дошта бошанд: «Ҳадди ақал 50 дарсади созмонҳои ғайриҳукуматии сабтиномшуда фаъолияти дурусту муассир дошта бошанд, дар беҳсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат ва дараҷаи зисти мардумро беҳтар мегардонад».

Дар ҳамин ҳол иддае аз раҳбарони созмонҳои ҷамъиятие, ки аз сабтиноми такрориро нагузаштаанд, мегўянд, шарту шароити сангини қайди такрорӣ дар мақомоти адлия ва эҷоди мавонеъи ғайрирасмӣ аз сўйи ҳукуматҳои маҳаллӣ иллати аслии тавқиф кори созмонҳои мазкур шудааст. Моҳшариф Қурбонзода, раиси созмони ғайриҳукуматии мавсум ба «Бонувони журналист», сабаби аз қайди такрорӣ нагузаштани иттиҳодияашро тангдастию камбуди молӣ унвон кард, аммо вай ҳамзамон бо дахолати бавосита ва ё мустақими ҳукуматдорони маҳаллӣ мутаваққиф гардидани кори 70 дарсади созмонҳои фаъоли ғайриҳукуматии Хатлонро баъйид намедонад:

«Яке аз сабабҳои аслии аз қайди такрорӣ нагузаштани созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар он аст, ки созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Қўрғонтеппа, ки маблағгузорони асосии ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд, бо ҳукуматҳои маҳаллӣ алоқаи зич доранду маслиҳатгарии асосии худро дар ҳукуматдорон меҷўянд…».

Ва аммо муассисони иттиҳодияҳои ҷамъиятии фаъол таъкид мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуди ин гуна созмонҳо эҳтиёҷ дорад ва рушди кишвар бидуни созмонҳои ҷамъиятӣ - созмонҳои нозири кори ҳукумат ва мунтақиди заъфи кори он, ғайри қобили эътимод аст.

Раҳбари Бунёди «Перспектива +» доктори ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова, дар ин робита мегўяд, «дар ҳеҷ кишвари демократии дунё чунин қоида нест, ки созмонҳои ҷамъятиро сабтином бикунанду боз дубораю себора аз қайди давлатӣ гузаронанд. Он ҷо танҳо аз ташкили чунин созмонҳо ба мақомот хабар медиҳанду ба фаъолият шурўъ мекунанд. Ман аслан зидди сабтиноми такрории созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳастам. Агар мо мехоҳем, ҷомеаи воқеан мардумсолорӣ дошта бошем, набояд аз афзоиши чунин созмонҳо ҳарос дошта бошем, дар роҳи рушди онҳо мавонеъ эҷод кунем. Ҳар созмони заъиф худ ба худ аз миён меравад, аммо монеъаҳои расмию қонунгузорӣ набояд дар миён овард».

Ин ҳама дар ҳолест, ки бар асоси як назарсанҷии ахиран анҷомшуда, бештари сокинони манотиқи гуногуни кишвар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро нокофӣ хонда, гуфтаанд, ин созмонҳо дар ҷомеа нақши намоён надоранд. Яке аз хулосаҳои таҳқиқот ин аст, ки иддае аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ташкилоти соҳибкорӣ бадал шуданд ва ё танҳо бо як гурӯҳи маҳдуди одамон ҳамкорӣ карда ва мушкилоти умдаи рӯзгорро аслан баррасӣ намекунанд.

Ҷомеашиносон мегўянд, вуҷуди ришвату фасод дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байнулмилалии муқими Тоҷикистон, мушкили дарёфти бурсҳо ва истифодаи ноодилонаю тасарруфи маблағи он аз сӯйи муассисони ин созмонҳо ҳама боиси коҳиши эътимоди мардум ба ингуна иттиҳодияҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG