Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тавба»-и Барзу ба Порис меравад


Коргардони номии тоҷик Барзу Абдураззоқов
Коргардони номии тоҷик Барзу Абдураззоқов

Рӯзи 16 май дар Фаронса дар чаҳорчӯби як фестивали байнулмилалӣ дроми коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дроми «Тавба, ё фошгӯии 8 зан»-ро ҳунармандони се театри кишвар – театри русии Маяковский ва театрҳои Ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Лоҳутии пойтахт ба саҳна гузоштаанд. Ва аммо бештари ҳунармандон актерҳои театри русии Маяковскианд, зеро ба иттилоъи Сӯҳроб Мирзоев, садри театри мазкур, асар ба забони русӣ таҳия ва коргардонӣ шудааст.

Ва аммо интихоби дроми «Тавба ва ё фошгӯии 8 зан» ба фестивали «Баҳори Порис - La Bokal» амри тасодуф нест. Сӯҳроб Мирзоев мегӯяд, асари фоҷеавии коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов қаблан ба забони фаронсавӣ баргардон нашр ва дар саҳнаҳои Порис ба маъраз гузошта шуда буд. Ба ҳамин тартиб аъзои ҳакамот тасмим гирифтанд, ки дар фестиволи қарибулвуқӯъ нусхаи асли ин дромро пешкаши мухлисин намоянд.

Фестивали «Баҳори Порис – La Bokal» аз 16 то 24 май давом мекунад ва асари Барзу Абдураззоқов дар се шаҳри Фаронса ба маъраз гузошта мешавад. Дар озмуни байнулмилалии театрҳои касбии Порис ҳунармандон аз кишварҳои Фаронса, Лаҳистон, Ҳоланд, Амрико, Канада, Юнон, Сербия, Чех, Руминия ва Словения ширкат меварзанд.

Дроми «Тавба»- и Барзу Абдурраззоқов ягона асарест, ки аз миёни саҳнаҳои пешбаришудаи театрҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ аъзои ҳакамоти фестивали «Баҳори Порис - La Bokal» барои ширкат дар ин озмун баргузидаанд.

XS
SM
MD
LG