Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Бадахшон


Дар Бадахшон 56 нафар ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд.

Аскаршо Афзалшоев, сардори собиқадорони ҷангу меҳнат, гуфт, ки аммо дар ҷанг бо фашизм зиёда аз 2,5 ҳазор зодагони бадахшонӣ ширкат варзидаанд. Ба гуфтаи сардори собиқадорони ҷангу меҳнат, аммо сафарбарии ҷавонони минтақа ба майдонҳои ҷанг аз соли 1943 шуруъ шудааст. Вай гуфт ноамнӣ дар марз бо Афғонистон ва ҳарос аз эҳтимолияти таҷовузи Ҷопон ба воситаи қаламрави Чин ба Тоҷикистон - собиқ қаламрави шуравӣ боис шудааст, ки дар ин ҷо ҷавонон тибқи як барномаи махсус ба хотири кумак расондан ба марзбонон таълими низомӣ мегирифтанд ва танҳо пас аз тағйир ёфтани вазъ ба дунболи анҷоми муҳорибаи Сталинград ба фронт фиристонда шуданд.

Вай баён дошт, ки ба собиқадорони ҷанг ҳамчунин аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба ҳар яке ба андозаи 100 сомонӣ ва идораву муассисаҳо то 150 сомонӣ кумак расонда шудааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллии ноҳияи Ванҷ ба як нафар ширкаткунандаи ҷанг манзили истиқоматӣ туҳфа намудааст. Бо кумаки мақомоти маҳаллӣ ва саҳмияи сокинон азнавсозии хонаи як собиқадори ҷанг дар ноҳияи Шуғнон идома дорад. Дар ноҳияи Рушону Дарвоз собиқадорони ҷанг ба макотиб вобаста шуда, толибилмон дар иҷрои корҳои харрӯзаи рӯзгордориашон ба онҳо кумак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол бино ба мушкилоти молӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Ғалаба дар маркази устони Бадахшон танҳо 13 иштирокчии ҷанг ширкат доштанд. Маросими ҷашн аз гузоштани гулчанбар ба пояи аскари номаълум ва маҷлиси тантанавӣ оғоз ёфт.

Дар Хоруғ 3 нафар иштирокчии ҷанг ба сар мебаранд, аммо ҷиҳати вазъи саломати нафаре аз онҳо дар ҷашн ширкат карда натавонист. Собиқадори ҷанг Мамадвалӣ Асаншоев, ки чанд қадам дуртар аз бинои мақомоти шаҳрдорӣ сукунат дорад, дар суҳбат бо хабарнигори «Озодӣ», ки дар манзилаш доир шуд гуфт, ки вай ба ҷароҳати по нигоҳ накарда омода буд, дар маҷлиси тантанавӣ ба ҳозирин сафҳаеро аз ҳаёти ҷангӣ нақл кунад.

Аммо бинобар камшумор мондан ва вазъи саломатии собиқадорони ҷанг алҳол дар Бадахшон раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнат ва муовинонаш куллан аз ҳисоби собиқадорони меҳнат ташкил ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG