Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти талабаҳо аз сӯи марзбонони узбак


Ба гуфтаи сокинони шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд, 100-километрии шимоли Хуҷанд, шаш нафар ҷавонони ин маҳал ҳанӯз аз боздошти марзбонони Узбакистон озод нашудаанд.

Марзбонони Узбакистон ин ҷавононро дар рӯзи 26–уми апрел ҳангоми сайругашт дар минтақаи марзии наздик ба маҳали зисти онҳо ҳамроҳи як гурӯҳи навҷавонони Адрасмон дастгир кардаанд. Шарифҷон ном як сокини шаҳраки Адрасмон гуфт, шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон аз сӯи марзбонони узбак дар маҳале маҳриди боздошт қарор гирифтанд, ки дар он ҷо ҳеҷ як нишони огоҳкунандаи хати марз вуҷуд надошт. Вай афзуд, ки ҷавонони боздоштшуда 18–ро пур карда буданд ва эҳтимол сабаби дар асорат мондани онҳо ҳамин бошад. Аз боздошти онҳо як ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯзам дар бораашон аз ҷониби Узбакистон дараке нест.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин қазиа назари худро баён надоштаанд. Навбатдори идораи умури дохилаи Суғд дар рӯзи 9–уми май аз ҳодисаи мазкур изҳори бехабарӣ кард. Бо бахши матбуоти ин ниҳод, аз он ки эҳтимол дар ин рӯзи ҷашн дар таътил буданд, натавонистем тамос бигирем.

Сокинони Адрасмон мегӯянд, ки ин шаш ҷавон ҳамроҳи як гурӯҳи 33 нафарии навҷавонони ин маҳал барои чидани ревоҷ (чукрӣ) ва истироҳат ба минтақаи кӯҳистонии хати марзи эҳтимолии байни Тоҷикистону Узбакистон ворид гаштанд ва дар он ҷо аз ҷониби марзбонони Узбакистон дастгир карда шуданд. Ду нафари ҷавонони Адрасмон аз ҷои ҳодиса ба маҳали зисти худ фирор карданд. Аммо 25 нафари боқимонда аз ҷониби марзбонони Узбакистон мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифта, сипас дар гузаргоҳи марзии Ойбек – Фотеҳобод аз қаламрави узбакистон берун карда шуданд.

Волидайни гурӯҳи боздоштшуда бо нашри як номаи саркушод унвонии Ислом Каримов – раисҷумҳури Узбакистон дар саҳифаи русии интернетии «Сентразиа» гуфтаанд, ки сарҳадбонони мусаллаҳи узбак нисбати фарзандони онҳо, ки аз 12 то 16 сола мебошанд, хеле дағалона ва таҳқиромез муносибат кардаанд. Ба навиштаи онҳо, марзбонони узбак шаҳрвандони Тоҷикистонро зӯран дар минтақаи баҳноки марзӣ дастгир карда, ба қаламрави худ ворид карданд ва зимни боздошт якшабонарӯзӣ дар шароити сахту ногувор, бе обу хӯрок бо роҳи фишору таҳдид хостанд онҳоро ба ҷосусӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам кунанд.

Волидайни боздоштшудагон аз шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд аз раисҷумҳури Узбакистон тақозо кардаанд ба бозгардони шаш нафар фарзанди дар асорати марзбонони ин кишвар мондаи онҳо мусоидат намояд.

XS
SM
MD
LG