Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар робита ба ин мавзуъ зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, раиси «Ориёнбонк» дар ягон беморхонаи олмонӣ бистарӣ нест ва чунин хабарҳо ҷуз овоза беш нестанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳасан Асадуллозода (Саъдуллоев) ягон ҷароҳате набардоштааст ва сиҳату саломат дар Душанбе ба сар мебарад.
Қаблан иддае аз расонаҳои интернетии Русия ва Узбакистон, аз ҷумла «Фергана.ру», «Оазис», «Узметроном», иттилоъ пахш карданд, ки Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», дар натиҷаи як муноқиша дар ноҳияи Ёвон аз таппонча тир хурда, сахт захмӣ шудааст ва барои муолиҷа фавран ба Олмон интиқол дода шудааст. Сомонаи русии «Фергана.ру» ҳамчунин иттилоъ додааст, ки гуиё Ҳасан Асадуллозода бар асари захми шадид дар беморхонаи Олмон ҷон додааст.
Ҳамин тавр мақомоти давлати Тоҷикистон хабари захмӣ шудани раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозодаро такзиб намуда, ба миён омадани ҳамчунин овозаҳоро дар бораи ӯ як амали боғараз меҳисобанд.
Магар омӯзгор одам нест? Ӯ ҳам мисли мо одам аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор бояд намуна бошад ва худаш бояд дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад, на ин ки мисли занон дар кунҷи хона руст шавад, боз гӯяд ки аз ҳимояи ватан ҳаросида 5 рӯз боз ба мактаб нарафтааст. Садқаи номи омӯзгор шавӣ!!! Ин гуна одамонро ба мактаб ҳам роҳ додан мумкин нест. Чӣ ман хидмат кунаму ин одам накунад. Магар ӯ баччаи ҷайра аст???
Эй мардум факат хизмата паст мезанед барои як нафар бурд гуфта хама чо менависанд ягон журналисты бо акл нест ки рафта хамон нарафтагиро дар борааш нависад шумо инхел карда хамаро аз хизмат мегурезонед узбак еки киргиз ва дигар миллат омада моро химоя намекунед идеология бо кувват кунед ки хисси ватандустии мардум боло равад маълими ки хизмат накардааст чихеле тарбия мекунад хонандаи синфхои мактаб миёнаро фикр кунед тахлил кунед
10 миллион чунин зиндагии дущвор доранд дар ин бихишти руи замин
боз як гуломи урус овоз баланд кард!
Айб дар ош не айб дар мош