Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақахур: "1 Май иди ман нест"


Абдулвоҳид дар пиронсолӣ маҷбур аст дар ду ҷой кор кунад, то рӯзгорашро таъмин кунад
Абдулвоҳид дар пиронсолӣ маҷбур аст дар ду ҷой кор кунад, то рӯзгорашро таъмин кунад

Aбдувоҳиди 68-сола - як сокини шаҳри Хуҷанд 23 соли умрашро сарфи касби ронандагӣ дар собиқ идораи кумитаи вилоятии ҳизби коммунист кардааст.

Акнун вай аз давлати Тоҷикистон 80 сомонӣ нафақа мегирад. Аммо Абдувоҳид-амак мегӯяд, ки маблағи нафақа ба гузаронидани рӯзгори ӯву оилааш, ки ҳозир аз чаҳор нафар иборат аст, кофӣ нест. Аз ин рӯ, вай дар идораи «Суғдсохтмон–1»-и Хуҷанд ба ҳайси посбон ва боғбон бо 60 сомонӣ моҳона ба кор даромадааст, то каме ҳам бошад, буҷаи оиалавиашро ғанӣ созад. Вақте ки ман бо вай ҳамсӯҳбат шудам, дар ҳавлии идора машғули обёрии гулу дарахтон буд.

«- Монда нашавед, амак ! Як саволи оддӣ ба шумо - фардо чӣ рӯз аст?

- Панҷшанбе.

- Фардо аз рӯзҳои дигар чи фарқ дорад ?

- Аслан ба ҳамаи рӯзҳо як хел, нағз.

- Манзури ман ин ки фардо 1 - уми май.

- Ҳа–а . (лабханд мезанад) … Ман инро дар ёд надоштам, ҳозир шумо гуфтеду ид будани ин рӯз ба хотирам омад.»

Абдувоҳид–амак ёдовар шуд, ки рӯзи 1–уми май дар давраи шӯравӣ чун иди меҳнаткашони ҷаҳон чи гуна бо тантанаву парадҳои расмӣ истиқбол гирифта мешуд. Ҳатто ки як моҳ қабл тайёрӣ ба пешвози пурдабдабаи ин ҷашни сиёсии шӯравӣ оғоз мешуд.

Дар тақвими Тоҷикистон дар рӯзҳои мо низ рӯзи 1–уми Май бо ранги сурх навишта шуда, чун рӯзи иди меҳнаткашон таътил эълон шудааст. Аммо Абдувоҳид–амак , ки умре ба заҳмату меҳнат мегузаронад, мегӯяд, ки 1–уми Майро иди худаш намеҳисобад : «Агар пулатон бошад, дегатон ҷӯшад, хотиратон ҷамъ бошад, бо фарзандо шинед, ҳар рӯз Ид. Агар набошад…»

Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд дар рӯзи охирини апрел ба мисли Абдувоҳид–амак кам касон медонистанд, ки онҳоро субҳ чи рӯзе интизор аст. Ҷавобҳои онҳо ба суол дар бораи 1-уми маф чунин буд:

«Рӯзи ғалаба.»

«… »

«Рӯзи ид. Чизе мегӯд вая, байналхалқӣ-мӣ, ала-чизе бало.»

«1-уми май рӯзи меҳнаткашони тамоми ҷаҳон. Аммо барои ман як рӯзи муқаррарӣ, аз пайи кору ташвиши худам мешавам.»

«Ман ҳамроҳи кӯдаконам пешвоз мегирам, ба сайругашт мебароем, агар косерт шавад.»

«Ман дар бораи 1-уми май ҳич чиз намедонам.»

Ба гуфтаи мусоҳибонам, 1– уми май як иди сиёсӣ буд ва дар зиндагии сокинони оддӣ ба ҷуз иштирок дар тантанаҳои расмӣ нақши рӯҳониву маънавие надошт, аз ин рӯ аз ёдҳо ба фаромӯшӣ меравад. Аз сӯи дигар, сахтӣ ва мушкилиҳои имрӯзии қисмати умдаи сокинони Тоҷикистон, ба мисли надоштани манзил ва ҷойи кор , ночизии маош ва нафақа , гирифторӣ ба андешаи пешбурди рӯзгор ба онҳо барои ёду таҷлили рӯзҳои иду ҷашнвораҳо имкону фурсате намедиҳад.

Аз ин мушкили сокинон Қоҳир Расулзода – раиси вилояти Суғд низ ахиран дар ҷамъи хабарнигорон ёдовар шуд ва гуфт, ки маоши миёна дар Суғд зери 150 сомонӣ буда, баланд бардоштани он ва таъмин бо ҷойҳои корӣ чун масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳалталаб боқӣ мемонанд.

Ба ҳамин тариқ, 1–уми Май дар Тоҷикистон рӯзи иди меҳнаткашон ва таътил эълон шудааст, аммо кам касон мегӯянд, ки ин идро пазируфта, майл ва ҳавсалаи истиқболи онро доранд. Барои бисёр мардон ва теъдоде аз занони тоҷик ин рӯз дар мардикории кишварҳои бегона бо кори сангини 12-соата оғоз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG