Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи апрели имсол дар ноҳияи Кӯлоб бо як ҳодисаи даҳшатноки куштор оғоз гардид.

Шоми 1-уми апрел Маҳмадалӣ Ҳакимов, сокини деҳаи Хракдараи ҷамоъати Шукнови ноҳияи Ховалинг, бо автомати сохти Калашникуф ба манзили зисти падарарусаш ҳамла мекунад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, бидуни гуфтугӯ ва огоҳӣ замони вориди дарвоза шудан Маҳмадалӣ як тир ба пешонӣ ва 4 тири дигар ба бадани ҳамсараш Манзура Миниқулова холӣ менамояд.

Дар пайи қатли ҳамсар ҷинояткор инчунин ба сӯи додарарусаш Ҳамза Минқулова, донишҷўи соли панҷуми факултаи физикаи донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва модарарусаш Зебогул Мирзоева тир мекушояд. Дар натиҷа ҳамсар ва додараруси ҳамлакунанда дар ҷои ҳодиса ҳалок ва модарарусаш бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Кўлоб интиқол дода шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, пас аз содир кардани ин амал Маҳмадалӣ аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Абдураҳмон Бузмаков, сардори Раёсати корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб, бо тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, гумонбари ин куштор дар ҷустуҷӯи кормандони онҳо қарор дорад. Аммо Бузмаков гуфт, барои халал ворид накардан ба рафти тафтишоти пешакӣ аз додани иттилои бештар дар ин маврид худдорӣ менамояд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳодисаи шоми гузашта, нахустин ҳодисаи куштор дар соли нав ба шумор меравад. Соли 2007 дар Кулоб 5 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин шумор ҳанӯз парвандаи қатли як фурушандаи нуқтаи сузишворӣ нокушода боқӣ мондааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG