Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҲХДТ ба баёнияи аҳзоби мухолиф


Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба баёнияи ахири се ҳизби мухолифи давлат вокуниш нишон додаанд.

Қаблан Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, Ҳизби сосиалистӣ (ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев) ва Ҳизби демократии Муҳамадрӯзӣ Искандаров дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хостори коҳиши салоҳият ва ваколатҳои раиси ҷумҳур ва вогузории бархе аз ин ихтиёрот ба ӯҳдаи порлумон шуданд. Аммо масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон - ҳизбе, ки президент Эмомалӣ Раҳмон раиси он аст, мегӯянд, салоҳият ва ваколатҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раъйпурсии умумимардумӣ ба ҳангоми ислоҳоти қонуни асосӣ таъин ва муайян шудааст ва аҳзоби алоҳида наметавонанд онро тағйир бидиҳанд.

Масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон баёнияи муштараки се ҳизби мухолифи давлатро, ки бӯҳрони пешомада дар кишварро натоиҷи тақсими нобаробари ихтиёрот миёни порлумон, ҳукумат ва раиси ҷумҳур арзёбӣ кардаанд, бепоя ва беасос унвон кардаанд.

Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин баёнияро наметавон баёнияи чанд ҳизб муаррифӣ кард. Зеро нафароне, ки аз номи Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон дар зери ин санад имзо гузоштаанд, ҳаққи сӯҳбат кардан аз номи ин созмонҳоро надоранд ва ин афрод аз ин ҳизбҳо ронда шудаанд. Аз ин рӯ ин изҳороти танҳо Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаи қабл Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо интишори як баёнияи мушобеҳ давлати Тоҷикистонро дар бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятӣ муттаҳам карда буд. Дар ин санад 15 соли даврони раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар бенатиҷа ва бесамар арзёбӣ шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки тӯли ин муддат кишвар бо буҳрони сиёсӣ рӯбарӯст ва дар чанд соли ахир ба далели тавсеъаи фасод дар миёни мақомот ва истифода аз шеваҳои қавмсолорӣ дар идораи давлат ин буҳрон амиқтар шудааст.

Ва аммо дар баёнияи ахири аҳзоби мухолифи давлат коҳиши салоҳияти густардаи раиси ҷумҳурӣ ва ба ихтиёри Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вогузории он ба он марбут карда мешавад, ки порлумон битавонад фаъолияти ҳокимияти иҷроияро назорат кунад. Ихтиёроте, ки баъд аз баргузории раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни асосӣ дар соли 2003 Маҷлияси намояндагон аз он маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG