Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақиқати бӯҳрони энержӣ


Кумитаи омор гуфтааст, моҳҳои январ-феврали имсол аз Тоҷикистон ба хориҷ 355 миллион кВт/соат нерӯи барқ содир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин моҳҳо кишвар сангинтарин рӯзҳои бебарқӣ ва сармои шадидро тайи 16 соли истиқлолият пушти сар мекард. Ҳамин сарчашма иттлоъ додааст, ки ин миқдори нерӯи барқ 5,3 миллион доллар арзиш доштааст. Дар хабари ин манбаъ аз кишварҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо нерӯи барқ содир кардааст, ном бурда намешавад. Аммо ба таъйиди коршиносон ин миқдори барқ ба Афғонистон ва Узбакистон содир шудааст.

Дар ҳамин ҳол Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бар дурустии рақами Кумитаи омор тардид кард. Оқои Гулов афзуд, хутути барқрасонӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври занҷираӣ бунёд шудааст ва ба ҳангоми ҳисобу китоб танҳо мутахассисин метавонанд дуруст омор диҳанд. Аммо Кумитаи омор ҳар он чизеро, ки берун аз марз меравад, ба содирот нисбат додааст, ки дар соҳаи энержӣ мувофиқ намеояд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони умури энержии Тоҷикистон мегӯянд, содироти нерӯи барқ ҳатто дар вазъияти бебарқӣ низ ҷой дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки рақами эъломкардаи Кумитаи омор воқеияти фурӯши барқро ифода накунад. Ғуломиддин Сайфиддинов, аз мутахассисони соҳаи энержии Тоҷикистон, мегӯяд, азбаски маркази диспетчерии шабакаҳои барқи Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд - пойтахти Узбакистон воқеъ аст, омори дақиқу саҳеҳро танҳо онҳо метавонанд бидиҳанд, ки чи миқдор нерӯ ба Тоҷикистон ворид ва ё содир шудааст. Аммо, мегӯяд оқои Сайфиддин, масъулони ширкати «Барқи тоҷик» низ огоҳанд, ки барқ аз кишвар ба хориҷ фурӯхта мешавад, вале чун манофеъи гурӯҳҳои хос дар ин миён вуҷуд дорад, аз ифшои он худдорӣ мекунанд.

Тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи октябр то март интиқоли нерӯи барқ ба манозили маскунӣ ва корхонаҷоти кишвар тибқи саҳмия ё режими махсус сурат мегирад. Соли равон ин режим ба маротиб ташдид дода шуд. Дар саросари кишвар, ба истиснои пойтахт, интиқоли нерӯи барқ қатъ гардид. Куллия корхонаҷоти саноатӣ ба истиснои корхонаи алюминиюми тоҷик ва сементи шаҳри Душанбе аз фаъолият бозмонданд. Давлати Тоҷикистон таҳти фишори вазъи пешомада эълом кард, ки ҳамагуна содироти нерӯи барқ ба хориҷро мутаваққиф кардааст.

Ҳамчунин ҳамагуна хабар дар мавриди содири барқ ба хориҷро мақомот бофтаи матбуот унвон мекарданд. Аммо тибқи иттиллои Кумитаи омор дар моҳҳои январ–феврал Тоҷикистон дар ҳаҷми 718 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид кардааст, ду маротиба аз ҳаҷми содирот бештар будааст.

XS
SM
MD
LG