Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон


Завқиҷон Завқиев, намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ, хабари мутаваққиф кардани барномаҳои ин Бонк дар Тоҷикистонро рад кард.

Ба иттилоъи ӯ, ҳамаи лоиҳаҳои Бонк дар Тоҷикистон бидуни танаффус татбиқ мешаванд ва фаъолияти ин ин ниҳоди байнулмилалӣ ба таври муназзам идома дорад ва ҳатто тавсеъа меёбад.

Аммо як корманди масъули Бонки ҷаҳонӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд, гуфт, шояд тасмими интишоршуда танҳо ба як тарҳи таъмини амнияти ғизоӣ, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, марбут бошад. Ба гуфтаи ин манбаъ, раёсати Бонк ягон гуна қарор дар бораи ба таъхир андохтани татбиқи лоиҳаҳояш дар Тоҷикистон қабул накардааст ва шояд маълумоте, ки дар сомонаи интернетии СММ дар Тоҷикистон мунташир гаштааст, нодақиқ бошад.

Иттилоъ дар бораи тасмими мутаваққиф кардани анҷоми барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон танҳо дар саҳифаи интернетии СММ дар ин кишвар интишор шудааст. Ва он ҳам баъди 17 рӯзи баргузории нишасти муассисаҳои кумакрасон дар Душанбе, ки дар он Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо изҳори таассуф хабар доданд, ки то замони эъломи натиҷаҳои тафтиши дурустии ҳисоботи молии Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои ҳамаи барномаҳо ба таъхир андохта мешавад.

Дар авоили моҳи март Сандуқи Байнулмилалии Пул бо пахши як баёния изҳор намуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон баъзе қарзҳояшро бо додани маълумоти ғайридақиқ гирифтааст ва ба ҳамин хотир бояд беш аз 47 миллион доллар қарзро баргардонад. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла захоири арзу тилои кишварро зиёд нишон додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар баъзе торнигорҳои интернетӣ пиромуни ин масъала ҳадсу фарзияҳои мухталиф матраҳ мешаванд. Баъзеҳо менависанд ки мушкили пешомада ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, ба муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои Ғарб иртибот дорад. Бархеи дигар бар ин ақидаанд, ки сабаби аслии сахтгириҳои ниҳодҳои байнулмилалии молӣ барканории Муродалӣ Алимардон аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки статус квои мавҷуда дар равобити Душанбе бо ниҳодҳои байнулмилалии молиро халалдор кардааст.

XS
SM
MD
LG