Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти сарбандҳо дар Осиёи Марказӣ


Кишварҳои минтақа рӯзи 27-уми август дар Алматои Қазоқистон таҳти сарпарастии СММ амнияти иншоотҳои гидротехникиро баррасӣ хоҳанд кард.

Баҳси мавриди таваҷҷӯҳи ин нишаст ҳамоно сохтмон ва амнияти сарбандҳои бузурги минтақа хоҳад буд, ки аксари онҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгиранд ва сарбандҳои нисбатан бехатар дар кишварҳои поёноб.
Тарҳи созишномаи минтақавӣ рӯйи амнияти сарбандҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ омода мешавад ва Тоҷикистон бояд дар он ширкат кунад...

Тоҷикистон дар нишасти гурӯҳи кории созишномаи минтақавӣ рӯи амнияти сарбандҳо ширкат хоҳад кард.

Рустам Латипов, намояндаи Вазорати обу обёрӣ ва раҳбари гурӯҳи чаҳорнафараи ҷониби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ баъд аз он изҳори назар кард, ки расонаҳои дохилӣ навиштанд, Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард. Оқои Латипов гуфт, кишвараш дар нишасти Алмаато ширкат мекунад ва қарор аст моҳи октябр ҷаласаи навбатии ин гурӯҳ дар Душанбе баргузор шавад.

Вай афзуд, аммо ҳоло ин мавзӯъ бо сарпарасти барнома Кумиссиюни иқтисодии Аврупои СММ дар ҳоли мувофиқа шудан аст.
Гурӯҳи кории созишномаи минтақавӣ рӯи амнияти сарбандҳо аз соли 2008 ба ин сӯ таҳти сарпарастии СММ амал мекунад ва ҳадафаш омода кардани созишномаест, ки амнияти сарбандҳои минтақаро танзим кунад.

Қарор буд нишасти феълӣ моҳи май дар Душанбе баргузор шавад, аммо ҷониби Тоҷикистон ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ натавонистааст ин нишастро анҷом диҳад.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон бештар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯи кор омадани ҳамчунин як созишнома бо эҳтиёт кор мегирад, зеро ин кишвар рушди ояндаашро маҳз ба нерӯгоҳҳои обӣ бастагӣ додааст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, Тоҷикистон мехоҳад истеҳсоли барқи обиро аз 17 миллиард киловатт-соати имрӯз дар ояндаи дур ба 500 то 800 млрд. квт-соат расонад.

Григорий Петров, коршиноси соҳа аз Академияи улуми Тоҷикистон ва низ аз даъватшудагони нишаст мегӯяд, фалокат дар нерӯгоҳи Саяну Шушенск далели барҷастаи он аст, ки амнияти сарбандҳо масъалаи хурд нест.

Вай афзуд, Тоҷикистон дар қиёс бо Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳанӯз қонуни амнияти иншоотҳои гидротехникиро ҷиддӣ нагирифтааст ва шояд ба он далел, ки мутахассису хароҷоти зиёд мехоҳад.

Петров мегӯяд, ширкат дар рӯи кор омадани созишномаи минтақаӣ рӯи сарбандҳо Тоҷикистонро муваззаф хоҳад кард, ки барои бунёди ин ё он сарбанди нерӯгоҳ эъломияи амният пешниҳод кунад.

Вай афзуд: «Тарҳи созишномаи минтақавӣ рӯйи амнияти сарбандҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ омода мешавад ва Тоҷикистон бояд дар он ширкат кунад. Масалан, агар дар нерӯгоҳи Тӯхтагул ягон садама ба вуқӯъ пайвандад, ин ба мо ҳам - дар Қайроқуму Сирдарё - таъсир мерасонад. Нораки мо ҳам агар дучори ягон фалокат шавад, ба кишварҳои ҳамсоя зарари ҷиддӣ хоҳад расонд. Яъне ин гуна созишнома барои мо беманфиат нахоҳад буд.»

Дар ҳамин ҳол, Ҳомидҷон Орифов, котиби Кумитаи миллии сарбандҳои бузург мегӯяд, сарбандҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, илман ва амалан асоснок шудаанд, аммо агар гурӯҳи Тоҷикистон дар коркарди тарҳи созишномаи минтақавӣ рӯи амнияти сарбандҳо заъф нишон диҳад, ин ба ояндаи кишвар мушкили зиёд пеш хоҳад овард.

Коршиносон мегӯянд, созишномаи минтақавӣ рӯйи амнияти сарбандҳо ба сарнавишти бақия тарҳҳои энержии об, ки дар нақшаҳои Тоҷикистон интизори сармоягузорӣ ҳастанд, бетаъсир нахоҳад буд.

Ба иттилоъи Вазорати обу обёрӣ, дар Тоҷикистон 9 сарбанди бузург ва даҳҳо сарбанди хурду миёна вуҷуд доранд. Сарбанди баландтарини минтақа дар нерӯгоҳи Норак аст ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки дар тарҳҳои Тоҷикистон 335 метр аст ва аз баландтаринҳои ҷаҳон хоҳад буд, ба қавли коршиносон, ба созишномаи минтақавӣ рӯйи амнияти сарбандҳо мустақим рабт хоҳанд дошт.

Онҳо мегӯянд, маҳз ин далоили умда мӯҷиби эҳтиёткории Тоҷикистон дар рӯи кор омадани ҳамчунин созишнома шудаанд.
XS
SM
MD
LG