Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси шиносномаҳои сабзу сурх


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз ин ба баъд бо шиносномаи дохилӣ ба Русия сафар кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, сар аз моҳи апрели соли равон шаҳрвандони кишвар ҳаққи мусофират бо шиносномаи дохилиро пайдо карданд ва аммо танҳо ба Русия ва танҳо тариқи ҳавопаймо. Онҳо мегӯянд, барои мусофират ба Русия тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти заминӣ ҳатман шиносномаи хориҷӣ зарур аст.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар бидуни шиносномаи хориҷӣ дар Русия қарор дошта ва имкони бозгашт ба ватанро бо шиносномаи дохилӣ надоранд: «Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи дохилӣ чипта харанд ва тавассути ҳавопаймо ба Русия раванд. Аз ин пеш маҳдудият ҷорӣ буд ва шаҳрвандони мо танҳо тавассути шиносномаи хориҷӣ имкон парвоз ба Русияро доштанд».

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2005 вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафар ба Русияро бо шиносномаи дохилӣ ғайриимкон хонда буд. Ба ин маънӣ, ки қисме аз шаҳрвандони кишвар тариқи роҳи оҳан ва нақлиёти заминӣ ба Русия мераванд ва надоштани шиносномаи хориҷӣ барояшон дарди сар эҷод хоҳад кард. Зеро роҳи оҳан ва роҳи нақлиёти заминии Тоҷикистон аз марзи кишварҳое чун Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон убур мекунад, ки кишвар бо ин давлатҳо қарордоди истифодаи ҷонибайн аз шиносномаи дохилиро надорад.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Назриев баҳонаи дигари ин тасмими вазорати хориҷаро, ки ба назари коршиносон низ ба ҳақиқат наздиктар аст, чунин шарҳ медиҳад: «Имрӯз дарёфт кардани шиносномаи хориҷӣ зиёд душвор аст. Яъне, бланкаи он камчин аст ва аз ин рӯ, дар шӯъбаҳои умури дохилаи кишвар шаҳрвандони мо ҳафтаҳои дароз интизор мешаванд, то шиносномаи хориҷӣ бигиранд».

Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ ин нуктаро сарфи назар намекунад ва мегӯяд, ки баҳонаи рӯ задани ин мушкил норасоии фаннӣ бо кишвари Қазоқистон аст. Кишваре, ки шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр мекард. Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, бо ин ҳол мақомоти кишвар дигарбора собит кард, ки барои нашри як шиноснома қудрате надорад. Ва чунин нотавониҳои давлат ба андешаи оқои Маҳмуд, эътимоди мардум ба ин ҳукумату давлатро коҳиш хоҳад дод.

Мақомоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ мегӯянд, даҳҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ба умеди гирbфтани шиносномаи хориҷӣ ҳанӯз мунтазир нишастаанд. Аммо ба иллати набудани бланкаи шиносномаи хориҷӣ додани он мавқуф гузошта шудааст. Фаррухшо Ҷунайдов, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Душанбе, истифода аз шиносномаи хориҷӣ барои мусофират ба шаҳрҳои Русияро тариқи ҳавопаймо кори хайр медонад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ мақомот наметавонад шиносномаи хориҷӣ омода созад. Аммо аз дидгоҳи дигар, вай ин тасмими ҳукуматро бар зарари муҳоҷирин медонад.

Қиматшавии чиптаи ҳавопаймо дар моҳи гузашта ба бовари Фаррухшо Ҷунайдов беҳуда набуд ва ҳоло ширкати давлатии ТоҷикЭйр низ бо истифода аз ин мушкили мусофирон фоида хоҳад бардошт. Бо ин ҳама, тибқи қарордоди ҷониби Тоҷикистон ва Русия аз моҳи сентябри соли 2005, шаҳрвандони ин ду кишвар ҳаққи истифода аз шиносномаи дохилӣ барои сафар ба кишварҳои якдигарро доранд. Ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати вазорати дохилаи кишвар, то ҳол шаҳрвандони Русия бо шиносномаи дохилии кишварашон ба Тоҷикистон меоянд.

XS
SM
MD
LG