Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ пароканда шуд


Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ пас аз ваъдаи мақомот аз номи вазири дохила дар бораи ҳалл намудани талабҳои эътирозгарон тайи ду рӯзи оянда пароканда шуд.

Пас аз чанд соати шурӯъи тазоҳурот субҳи имрӯз, 20-уми июн, дар майдони «Ваҳдат»-и шаҳри Хоруғ раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар назди гирдиҳамомадагон дар робита ба нигаронӣ аз ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ изҳор дошт, ки вай амнияти шаҳрвандонро пурра кафолат медиҳад.

Ба гуфтаи вай, силоҳ ба ҷони ягон шаҳрванди мулкӣ таҳдид нахоҳад кард ва нерӯҳои интизомии тайи рӯзҳои ахир воридгардида ба минтақа шомили воҳидҳои марзбонӣ буда, дар таҳкими марз истифода хоҳанд шуд. Вай гуфт, ки ба хотири таҳкими ҳифзи сарҳадот бо Афғонистон ба ғайр аз маркази вилоят боз дар ду минтақаи марзии дигар баталёни фаврии вазорати мудофиъа таъсис дода мешавад.

Суханронии раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар назди гирдиҳамомадагон

Раиси вилоят нигаронӣ аз эҳтимолияти пиёда намудани амалиёти боздошти бархе аз собиқ намояндагони мухолифинро аз ҷониби ин нерӯҳо беасос хонда гуфт, ки алҳол номаи собиқ қумондонҳо ба президенти кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад. Вай баён дошт, ки субҳи имрӯз вазири дохилаи Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ба мақсади омӯзиши вазъ вориди Хоруғ шуда, ҳамчунин як гурӯхи намояндагони додситонии кул дар маркази вилоят кор мебаранд ва ходисоти рӯзҳои ахир дар асоси қонун ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Аммо намояндагони гирдиҳамоӣ дар посух ба суханони раиси вилоят изҳор доштанд, ки онҳо то ба иҷро расидани талаби асосии худ, яъне ихроҷи нерӯҳои иловагӣ тайи рӯзхои ахир ба минтақа майдонро тарк нахоҳанд кард.

Гирдиҳамоӣ 18-уми июн ба дунболи шурӯъи воридшавии нерӯҳои низомӣ ба Хоруғ сурат гирифта буд. Гирдиҳамомадагон гуфта буданд, ки агар нерӯҳои иловагии эъзомӣ аз минтақа хориҷ нашаванд, онҳо аз нав пас аз ду рӯз ба майдон хоҳанд баргашт.

Гирдиҳамоӣ бо ибтикори руасои маҳаллаҳои шаҳр ва намояндагони бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон доир гардидааст. Тазоҳуроти эътирозии имрӯз то соатҳои 17.00 идома кард.

XS
SM
MD
LG