Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавошиносон: ноустувории ҳаво то 20 апрел идома мекунад. АКС


Ин акс рӯзи 18 апрел дар ноҳияи Варзоб гирифта шудааст

Ҳавошиносони тоҷик боришоти пайдарпай дар саросари ҷумҳурӣ ва якбора сард шудани ҳаворо ба мавҷи боди атлантикӣ рабт медиҳанд, ки якбора ба Тоҷикистон омад.

Пешгӯӣ мешавад, ки ин ҳаво то нимаи дуюми 20 апрел идома мекунад. Рӯзи 18 апрел ҳаво дар саросари кишвар омехтаи борону барф буд ва дараҷаи гармии ҳаво ҳам аз рӯзҳои маъмулии баҳорӣ поин омад. Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 апрел гуфт, ҳаво дар саросари кишвар “ноустувор, абрӣ, дар бархе манотиқ боронгарӣ” мушоҳида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, 8 апрел соатҳои 11 рӯзи дар доманакӯҳҳо ва аз 8 субҳ дар манотиқи кӯҳӣ борон ба барф мубаддал шуд. Вай гуфт: “Шабонарӯзи наздик то охири рӯзи 19 апрел ҳам дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар аст. Дар водиҳо бориши борон ва дар доманакӯҳу манотиқи кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Танҳо рӯзи 20-ум дар аксар қисматҳои ҷумҳурӣ боришот қатъ мешавад”.

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд хатари фаромадани сел ва эҳтимолияи боло рафтани мизони об дар дарёҳо ҳам вуҷуд дорад. Мизони умумии ҳарорати ҳаво рӯзи 19 апрел дар саросари кишвар 9-14 дараҷа ва дар вилояти Хатлон – 11-16 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Ҷамила Байдуллоева гуфт, ки чунин падидаи ноустуворӣ дар ҳавои саросари Тоҷикистон дар панҷ соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.

Аз чунин вазъи ҳаво маъмулан кишоварзон нигарон мешаванд, чунки аксар дарахту набототи мевадиҳанда муғҷа бастаанд ва хатари сармо задани онҳо вуҷуд дорад.

Манзараи ҳаворо дар ноҳияҳои Панҷакент, Сангвор ва Варзоб чанд хонандаи сайти Радиои Озодӣ фиристоданд:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG