Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ манъи сафари беиҷозаи омӯзгорон ба хориҷро таҳқиқ мекунад


Додситонии кулли Тоҷикистон ба омӯзиши қарори Вазорати маориф оиди манъи сафари беиҷозаи муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷи кишвар шурӯъ кардааст.

Додситонӣ бояд мушаххас кунад, ки ин қарори Вазорати маориф то куҷо ба қонунгузории кишвар мувофиқат мекунад. Ин дар ҳолест, ки аллакай намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар қарори Вазорати маорифро мухолиф ба Конситутсия ва санадҳои байналмилалӣ хонда, талаб карданд, ки он бекор карда шавад.

Аз замони лағви визаи хуруҷ дар соли 2000, қарори Вазорати маориф аввалин санадест, ки барои сафар ба хориҷи кишвар маҳдудият ҷорӣ мекунад.

Тибқи дастури нави Вазорати маориф, аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳаққ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷа раванд.

"Ҳайати мушовара қарор қабул кардааст, он бояд иҷро шавад"

Як мақом дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъд аз расонаӣ шудани қарори ин Вазорат, Додситонии кулл ба ин ниҳод расман нома навишт ва ҷузъиёти санадро талаб кард..

Ин масъули Вазорати маориф ва илм афзуд, танҳо баъди анҷоми санҷиш аз сӯи Додситонии кулл, Вазорати маориф расман вокунишашро дар ин замина пахш мекунад. “Қоида”-и нави Вазорати маориф, ҳанӯз моҳи феврали соли равон тасвиб шуд, вале вазорат онро танҳо моҳи май пахш кард.

Ҳамсӯҳбати мо дар Вазорати маориф мегӯяд, “қоида”-и нави сафари муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷи кишвар аз сӯи ҳайати мушовараи Вазорат қабул шуда, иҷроиши он барои ҳамаи кормандони соҳа ҳатмӣ мебошад.

Манбаъ мегӯяд, ҳайати мушовара яке аз зинаҳои болотарин дар Вазорати маориф буда, охирин ҳарфро дар ин соҳа мегӯяд. Роҳбари ҳайати мушовара худи Нуриддин Саид, вазири маориф буда, роҳбарони сохторҳои вазорат узви ҳайати он мебошанд.

Мақомоти Вазорати маориф ва илм то ҳол дар робита ба тартиби нави ҷоришуда шарҳи расмие надодаанд. Ҳарчанд пештар ҳадафи қарорро танзими сафари маорифчиён ба хориҷи кишвар унвон карда буданд.

"То иҷоза гирифтам, ки конфронс тамом шуд"

Додситонии кулл дар ҳоле ба омӯзиши қарори Вазорати маориф шуруъ мекунад, ки баъзе аз кормандони соҳаи маориф мегӯянд, аллакай ин қарор монеа дар роҳи сафари онҳо ба хориҷа шудааст.

Рашид Ризоев, як муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, бо сабаби дер дарёфт кардани иҷозатнома, ӯ аз иштирок дар як конфронс вобаста ба соҳаи муҳити зист маҳрум шуд. Ризоев афзуд, моҳи апрел қарор буд барои иштирок дар як нишаст ба Аврупо сафар кунад, аммо ба ӯ гуфтанд, ки нахуст бояд иҷозатнома бигирад. То иҷозатнома гирифтан ба қавли Рашид Ризоев аллакай конфронси мавриди назари ӯ ба анҷом расид.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки масъалаҳои вобаста ба муҳити зистро пажӯҳиш мекунад, мегӯяд, бинобар қарори Вазорати маориф натавонист дар ҷаласаи арзишманд иштирок кунад.

"Визаи хуруҷ” ба кормандони соҳаи маориф?"

Дастури нави Вазорати маориф барои манъи сафари беиҷозаи кормандони ин соҳа ба хориҷи кишвар аз оғоз ба вокунишҳои тунд дар ҷомеа қабул шуд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла Independent Center for Human Rights Protection, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигар ташкилотҳо қарори Вазорати маорифро ба чолиш кашиданд.

Шоира Давлатова.
Шоира Давлатова.

Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, қарори Вазорати маориф хилофи Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ мебошад ва бояд бекор карда шавад. Шоира Давлатова, як масъули Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, дастури нави сафари омӯзгорон ва хонандагон ба хориҷ чандин ҳуқуқи ин қишри ҷомеа, азҷумла озодии академӣ ва интихоби макони таҳсилро халалдор мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити феълӣ ҳар гуна маҳдудият дар роҳи сафари муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷа бар зарари соҳа аст. Хурсанд Хуррамов, коршиноси тоҷики муқими Русия гуфт, маҳдудкунӣ барои кормандони соҳаи маориф сатҳи рушди касбии онҳоро поин мебарад.

"Намояндаи ҳама гуна касб соҳаи илм махсусан худро бояд озод эҳсос кунад ва бидуни ҳеҷ як монеа ба кори худ машғул шавад. Ҷараёни ҷаҳонишавӣ тавассути чорабиниҳои мухталиф дар сатҳи ҷаҳонӣ барои рушди чунин шахсиятҳо мусоидат мекунад. Кишвари мо бояд ҷузве аз ин раванд бошад ва худро аз он канор нагирад",-гуфт Хурсанд Хуррамов.

Бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, ҳадафи Вазорати маориф аз маҳдуд кардани роҳи сафари омӯзгорон ва муҳассилин ба хориҷ ба хотири ҷилавгирӣ аз "фирори мағзҳо" аст. Шокирҷон Ҳакимов, профессори тоҷик мегӯяд, Вазорати маориф бо нусхабардорӣ аз стратегияи маҳдудиятҳо дар ҷомеа талош кард чунин таҷрибаро барои маорифчиёни кишвар амалӣ кунад.

Ҷаноби Ҳакимов, дастури нави Вазорати маорифро "бахилии касбӣ" унвон кард. Чун ба қавли ӯ, дар аксари маврид марказҳои илми таҳқиқотӣ олимонро сарфи назар аз ақидаи сиёси ё мавқеи иҷтимоӣ ва танҳо бар асоси донишаш ба нишастҳо даъват мекунанд. Чизе, ки ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, бархилофи манфиатҳои Вазорати маориф аст ва ин ниҳод мехоҳад танҳо омӯзгорон ва хонандаҳои писанди худро ба хориҷ барои таҳсил бифиристад.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Аз замони лағви визаи хуруҷ дар соли 2000, қарори Вазорати маориф аввалин санадест, ки барои сафар ба хориҷи кишвар маҳдудият ҷорӣ мекунад.

Тоҷикистон то ибтидои солҳои 2000-ум визаи хуруҷ дошт ва шаҳрвандонаш қабл аз сафар ба хориҷ бояд мақсади сафари худро ба масъулони ОВИР ё ниҳодҳои вазорати хориҷӣ шарҳ медоданд ва раводиди хуруҷ мегирифтанд. Созмонҳои байналлмилалӣ лағви ин муқарраротро аз пешрафтҳои Тоҷикистон унвон кардаанд

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввалин кишварҳое буд, ки визаи хуруҷро лағв кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин кор истиқбол намуда буданд. Феълан дар кишвар танҳо кормандони ниҳодҳои интизомӣ бояд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар аз роҳбарияти худ иҷоза бигиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG