Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон рутбаи ААА мегирад ва ё BBB?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар идомаи талошҳо барои ислоҳи низоми молиявӣ ва ҷалби сармоя, мумкин аст, ба наздикӣ рейтинги кредитии кишвар муайян карда шавад. Бонки миллӣ хабар дод, ки масъалаи муайян кардани рейтинги қарзгирии Тоҷикистон аз тарафи ширкати байналмилалии "Moody’s Investors Service" баррасӣ шудааст. Айни замон Атси Шет ва Матю Киркоста, намояндагони ширкат дар Душанбе ҳастанд ва бо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, баҳодиҳии рейтингии Тоҷикистон дар соли 2016-ро баррасӣ кардаанд.

Ӯ мисол овард, соли 2016 давлати Тоҷикистон 25 миллион доллареро, ки солҳои пеш аз Эрон қарз гирифта буд, комилан баргардонд.

Доштани рейтинги байналмилалии қарзгирӣ ва ё рутбаи эътибори қарзӣ як ҷузъи асосии иқтисод дар мубодилоти молӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз бо назардошти ҳамин эътибор, сармоягузорони хусусӣ ба ҳукуматҳо барои иҷрои барномаҳояшон қарз медиҳанд.

Як манбаъ дар Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, мумкин аст, коршиносони "Moody’s Investors Service", баъди арзёбии вазъи иқтисод, рейтинги қарзгирии кишварро муайян кунанд. Ӯ афзуд, умедвор аст, рейтинг ба истилоҳи иқтисодӣ “партов” нахоҳад буд, ки рейтинги бадтарин ба ҳисоб меравад ва нишондиҳандаи он аст, ки кишвар аз ӯҳдаи баргардонидани қарзҳояш намебарояд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, қарзи хориҷии беш аз 2 миллиард долларие, ки Тоҷикистон дорад, мутобиқ ба тавоноии кишвар гирифта шудааст ва ҳукумат ин қарзҳоро мутобиқ ба шартҳояш бармегардонад. “Ба шарофати иҷрои дурусти стратегияи мудирияти қарзи давлатӣ дар солҳои 2015-2017, ки ҳадафи он кам кардани харҷ барои қарзи хориҷӣ буд, қарзи давлатӣ дар сатҳи поин монд ва кишвар ҳамаи масъулиятҳояшро дар назди қарздиҳандагони хориҷӣ дуруст иҷро кард ва аз ин рӯ Тоҷикистон ҳоло дар байни кишварҳое аст, ки қарзи давлатиашон дар сатҳи мӯътадил қарор дорад” - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба қавли мусоҳиби мо, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми январи соли 2017 беш аз 2 миллиарду 274 миллион долларро ташкил дод, ки баробар ба 32,7 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст. Ду миллиард доллари онро давлат ва асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин қарз гирифтааст ва бақия қарзҳое ҳастанд, ки Бонки миллӣ ва ё ниҳодҳои дигари давлатӣ бо кафолати ҳукумат ба даст овардаанд.

Ба гуфти мусоҳиби Радиои Озодӣ, соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон тамоми шарту шароити қарздиҳандагони хориҷиро бекаму кост иҷро кард ва 160 миллион доллари онҳоро баргардонд ва “ҳамаи ин аломати он аст, ки Тоҷикистон кишварест, ки метавонад, ӯҳдадориҳояшро дар назди сармоягузор ва қарздиҳандагон дуруст иҷро кунад.” Ӯ мисол овард, соли 2016 давлати Тоҷикистон 25 миллион доллареро, ки солҳои пеш аз Эрон қарз гирифта буд, комилан баргардонд.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таъйини рейтинги қарзгирӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст. “Қарз механизми рушди иқтисодӣ аст, ба воситаи қарз, имконияти истеҳсолот мешавад, фурӯш мешавад, даромад мешавад, заминаи рушд мешавад”, -гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

ААА баландтарин рутбаест, ки ба кишвар ё муассисаи молӣ дода мешавад ва BBB аз поинтарин рутбаҳои эътибор ба ҳисоб меравад ва сармоягузорон аз қарз додан ба кишваре, ки чунин рутбаро дорад, умдатан парҳез мекунанд.

Айни замон, ба қавли ӯ, бӯҳроне, ки бонкҳои Тоҷикистон фаро гирифтааст, баҳраи қарзро барои мардуму муштариён боло бурд ва рушди иқтисодиро суст кард. Ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик, барои таъйини рутбаи эътибор ширкатҳои эътиборсанҷӣ ба мисли Moody’s Investors Service, Standard and Poor, Fitch омилҳои гуногуни як кишвар, бонк ё муассисаи молиеро ба инобат мегиранд. Аз ҷумла, ҳисоботи молӣ бар тибқи меърҳои байналмилалӣ, бозгардонидани саривақтии қарзи муассисаҳои байналмилалӣ, нишондодҳои иқтисодӣ ва ҳам суботи сиёсӣ дар кишварро.

Moody’s Investors ҳанӯз ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи сафари намояндагонаш ба Тоҷикистон посух надодааст.

ААА баландтарин рутбаест, ки ба кишвар ё муассисаи молӣ дода мешавад ва BBB аз поинтарин рутбаҳои эътибор ба ҳисоб меравад ва сармоягузорон аз қарз додан ба кишваре, ки чунин рутбаро дорад, умдатан парҳез мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки коршиносони Moody’s Investors баъди арзёбии нишондодҳои иқтисодии кишвар, рейтинги кишвар барои соли 2016-ро муайян кунанд. Собир Вазиров гуфт, бо вуҷуди онки соли 2016 барои Тоҷикистон аз назари молӣ хубе набуд, вале бо назардошти иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қарздиҳандагони хориҷӣ, мумкин аст, рейтинги аввалин чандон бад набошад.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

“Баҳодиҳӣ бояд воқеъбинона бошад ва ман бовар дорам, ки ҳолати партовӣ (junk) намешавад, зеро бо назардошти ҳама мушкилоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон, тарафҳои мусбат ҳам дорад. Яъне, қарзи давлатӣ нисбатан кам аст, қарзҳои бонкӣ ва корпоративӣ дар муқоиса ба кишварҳои дигар баланд нест, яъне ширкатҳои мо нисбатан қарзи камтар доранд” – мегӯяд иқтисоддони тоҷик.

Ба бовари ӯ, мумкин аст, бо назардошти ин ҳама, рейтинги Тоҷикистон болотар аз “партов” бошад.

Арзёбии вазъи иқтисодии Тоҷикистон барои таъйини рутбаи эътибори қарзии кишвар дар ҳолест, ки бонкҳои кишвар вазъи хубе надоранд, бисёре аз мизоҷонашон дар баргардондани қарзҳо мушкилӣ мекашанд. Имсол “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” варшикаста шудаанд ва бонкҳои дигар ба мушкилӣ ба мизоҷонашон хидмат мерасонанд.

Айни замон харҷи кишвар барои бозгардондани қарзҳои давлатӣ соли 2016 тақрибан 4 дар сад афзудааст ва ин ҳам дар ҳоле ки даромади буҷаи давлат ба сабаби буҳрони иқтисодиву кам шудани пули муҳоҷирон кам шудааст. Аз тарафи дигар, қатъи нерӯи барқ дар фасли зимистон фаъолияти корхонаҳоро мушкил мекунад ва молиёти зиёд бисёре аз ширкатҳо ва бахусус ширкатҳои хориҷиро ба “дод овардааст.” Аз ин рӯ маълум нест, рейтинги нахустине, ки Тоҷикистон мегирад, кадом хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG