Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боҷи гумрукӣ барои тиллову нуқра поин рафт.ВИДЕО


Тоҷикистон нархи пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти ҷавоҳирот, ба вижа маҳсулоти заргарии аз тиллову нуқра таҳияшудаи хориҷиро барои ҳамешагӣ поин бурд.

Бо иҷро даромадани муқаррароти нав, ҳангоми воридот ва ё содироти ҳар грамм тилло 18 сомонӣ ва аз як грамм нуқра 3 сомониву 6 дирам маблағ ситонида мешавад. Дар иҷлосияи охири Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми май вакилон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки тоҷирони ҷавоҳирот ва гузашта аз ин занонро дар Тоҷикистон хушҳол хоҳад кард.

Аксарияти ҷавоҳироти мавриди ниёзи мардум ба Тоҷикистон аз хориҷа, аксаран аз Туркияву Ҳиндустон ворид мешавад.

Дар иҷлосия вакилон ба тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Тоҷикистон раъйи мусбат доданд. Тибқи тарҳи тағйироти қабулшуда, воридкунандагони маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳирот минбаъд аз нуқра ба ҷои боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (НДС) танҳо "пардохти махсуси гумрукӣ" ё маблағро дар ҳаҷми 3,6 сомонӣ месупоранд. Тарҳи ин тағйири иловаҳоро ба Кодекси гумрук дар парлумон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Чаро Тоҷикистон боҷи нуқраву тиллоро поин бурд?

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон аз Кумитаи оид ба иқтисод ва молия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 28-уми май гуфт, боҷи нуқраву тилло ба хотири пешгирӣ аз қочоқи ҷавоҳирот ва ҳам дастгирии бозори дохиливу заргарони маҳаллӣ поин бурда шуд.

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон.
Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон.

Вай гуфт: "Бо қабули тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси гумрук, мо пардохти гумрукии тиллову нуқра ва ҷавоҳирот аз ин металҳои гаронбаҳоро камтар кардем. Чунки муқаррароте, ки то ҳол амал мекунад, боҷи ниҳоят баландро муқаррар кардааст. Ин хавфи коррупсия ҳангоми воридоти ҷавоҳиротро зиёд мекунад, чунки тоҷирон кӯшиш мекунанд аз расмиёт ва пардохти боҷи гумрукӣ бо ҳар роҳу васила фирор кунанд".

Бобоев афзуд, ин муқаррарот ҳамчунон ҳангоми содироти ҷавоҳирот аз Тоҷикистон ба хориҷа низ дахл дорад. Поин омадани пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми содирот, ба гуфтаи ӯ, бояд заргаронро дар дохили кишвар барои истеҳсоли бештари мол ҳавасманд кунад. "Дар ҷумҳурӣ сол аз сол истихроҷи тилло бештар мешавад ва сабукӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ моли онҳоро дар хориҷа рақобатпазиртар мекунанд"-, иброз дошт Бобоев.

Ба иддаои мақомот, то кунун ҳангоми воридоти нуқраву тилло тоҷирон бояд то 42 дарсади нархи онро ҳамчун боҷи гумрукӣ ва НДС пардохт мекарданд. Ҳамкнун дар Кодекси гумрук мафҳуми "пардохти махсуси гумуркӣ" ворид карда шуд, ки барои доимӣ тарифи ягонаро барои тиллову нуқра муқаррар мекунад.

"Нуқраи Усмонӣ”- интихоби бонувони тоҷик"

Зайнаб Набизода, як тоҷири ҷавоҳирот дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бонувон дар Тоҷикистон бештар ҷавоҳироти истеҳсоли Туркияро меписанданд ва зиёдтар онро мехаранд. "Барои ҳамин мо ҳам аз Туркия бештар мол меорем. Ҳозир бештар муштариён ҷавоҳироти нуқраро мехаранд. Ҳозир нуқраи Усмонӣ аз Туркия, ки ранги зардчатоб дорад, харидор дорад ва як навъ муд шудааст".

Набизода гуфт, хариди ҷавоҳирот тайи ду соли охир хеле коҳиш ёфтааст. "Муд шудани ҷавоҳироти нуқра низ бесабаб нест. Нархаш, ки арзон аст, аз ин рӯ бисёриҳо аз он мехаранд",- хулоса кард Набизода. Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, хариди ҷавоҳирот дар Тоҷикистон пас аз соли 2015 таҳти таъсири буҳрони молиявӣ кам шуд.

Навор аз бойгонӣ:

Бозори тиллои Корвон. Ҷое, ки касе гап намезанад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Мақомот дар Тоҷикистон ҳар сол аз афзоиши ёфтани ҳаҷми истихроҷи тиллову нуқра гузориш медиҳанд. Аммо ду сол қабл мақомот эълон карданд, ки ҳаҷми истихроҷи тилло маълумоти сиррӣ аст ва ба ҷуз аз фоизи афзоиш ё коҳиш истихроҷи металлҳои гаронбаҳо, чизе бештар намегӯянд. То замони сирри эълон шудани ин маълумот дар соли 2016 дар Тоҷикисстон 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истихроҷ карда буд.

Аксарияти ҷавоҳироти ниёзи мардум ба Тоҷикистон аз хориҷа, аксаран аз Туркияву Ҳиндустон ворид мешавад. Танҳо чанд ширкати миллӣ аз тиллои дохилӣ маҳсулоти заргарӣ эҷод мекунанд, аммо бинобар гаронии нархашон миёни мардум чандон харидори зиёд надорад. Ин аст, ки дар соли 2017, аз хориҷа ба Тоҷикистон бар ивази 4 миллиону 680 ҳазор доллар ҷавоҳирот ворид шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG