Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо гектар замини кишоварзони Чин дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шумораи ширкатҳои кишоварзии Чин, ки дар заминҳои Тоҷикистон кишт мекунанд, ба 5 адад расидааст. Камбуди заминҳои ҳосилхез ширкатҳои чиниро водор мекунад, ки берун аз қаламрави он кишвар барои худ замин пайдо кунанд. Давлати Чин тавассути барномаи “Як камарбанд - як роҳ” дар пайдо кардани ҷои кор дар қаламрави кишварҳои дигар ба кишоварзонаш кумак кунад.

Дуан Ли чаро ба Тоҷикистон омад?

Ба гуфтаи Дуан Ли, ширкате, ки дар он кор мекунад, дар Тоҷикистон беш аз 31 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Оҷонси давлатии хабарии Чин – “Синхуа” рӯзи 20-уми март дар як матлабаш дар бораи як кишоварзи чинӣ Дуан Ли навишт, ки ширкати ӯ 670 гектар заминро дар Тоҷикистон дар ихтиёр доштааст.

Ду моҳ қабл Дуан Ли соҳиби писар шуд ва бо вуҷуди онки намехост тифлашро тарк кунад, боз ҳам ба Тоҷикистон омад. Канор гузоштани тифлу ба Тоҷикистон омадани Ли бе сабаб нест. Чун беш аз 6 ҳазору 600 гектар заминҳои ширкати “Хунфанк” дар вилояти Хенани Чинро, ки дар онҷо кор мекард, шӯра зад ва аз ҳосил монд. Ин аст, ки ин ширкати чинӣ дар ҷустуҷӯи замини кишт Угандаву Намибия, Камбоҷаву Мянмар ва чанд кишвари дигарро давр зад ва билохира интихоб сари Тоҷикистон ва Украина қарор гирифт.

“Як камарбанд - Як роҳ”

Ба гуфтаи Дуан Ли, ширкате, ки дар он кор мекунад, дар Тоҷикистон беш аз 31 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Вай афзудааст, ширкати ӯ мизони ҳосили пахтаро аз як гектар ба 3,5 тонна расондааст, ки нисбат ба деҳқоқнони маҳаллӣ 50 дарсад бештар будааст.

“Синхуа” навиштааст, Чин бо густариши барномаи “Як камарбанд - Як роҳ” ширкатҳои кишоварзиашро ба густариши фаъолияташон дар хориҷ ҳавасманд мекунад Ин аст, ки тайи ду соли охир шумори ширкатҳои кишоварзии Чин дар Тоҷикистон аз ду ба 5 адад расидааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ширкатҳои "Синзян инхай" ва "Хай Ли", ки аз ҷумлаи ин панҷ ширкатҳои Чин ҳастанд, дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 300 гектар заминро барои 49 сол ба иҷора гирифтаанд. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ширкати муштараки “Рушди кишоварзии Тоҷикистон ва Чин” амал мекунад, ки вобаста ба нақшаи фаъолият ва талаботаш солона то 15 ҳазор гектар заминро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба иҷора гирифта, ба кишти пахтаву ҷуворимакка ва гандум машғул мешаванд.

"Бартарие, ки аксар тоҷикон аз он маҳруманд"

Каримбек Боев, як кишоварзи тоҷик аз вилояти Хатлон, ки чанд сол дар ширкати кишоварзони Чин ба ҳайси тракторчии кироякор фаъолият кардааст, рӯзи 22-юми март гуфт, "чиниҳо аз як замин ду ҳосил мегиранд, ки дар натиҷа даромадашон аз деҳқонони тоҷик аз 40 то 50 дарсад бештар аст".

Ин кишоварзи тоҷик гуфт, аксарияти корҳо дар ширкатҳои кишоварзии Чин бо ёрии техника сурат мегирад, бартарие, ки аксар деҳқонони тоҷик аз он маҳруманд.

Тоҷикистон аз заминҳои корами обӣ чандон бой нест. 93 дарсади қаламрави кишварро куҳҳо ишғол кардаанд ва кишвар каме беш аз 700 ҳазор гектар заминҳои корами обиро дар ихтиёр дорад.

"Ба манфиати деҳқонони тоҷик аст"

Борҳо ба Чин сафар доштам ва медонам, ки дастовардҳои он кишвар дар арсаи деҳқонӣ хеле назаррас аст. Бинобар ин, ҳарчи бештар ҷалб кардани онҳо ба Тоҷикистон ба манфиат аст.

Қурбоналӣ Партоев, пажӯҳишгари соҳаи кишоварзӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду омили аслӣ боис мешавад, ки деҳқонони тоҷик аз заминҳои худ мисли кишоварзони Чин ҳосил рӯёнда наметавонанд. Ӯ гуфт, “деҳқони тоҷик аз дастрас набудани тухмиҳои аълосифат ва надоштани технологияҳои нав танқисӣ мекашанд. Агар деҳқонони тоҷик бо тухмии аълосифат ва технология таъмин шавад, бовари комил дорам, ҳосили онҳо аз иҷоракорони чинӣ кам нахоҳад буд”.

Партоев афзуд, иҷора додани заминҳо ба кишоварзони Чин, ки аз технологияҳои навтарини парвариши растаниҳо бархӯрдоранд, ба манфиати Тоҷикистон низ ҳаст, чунки деҳқонони тоҷик метавонанд дар ҳамин ҷо аз таҷрибаи онҳо баҳра баранд. "Борҳо ба Чин сафар доштам ва медонам, ки дастовардҳои он кишвар дар арсаи деҳқонӣ хеле назаррас аст. Бинобар ин, ҳарчи бештар ҷалб кардани онҳо ба Тоҷикистон ба манфиат аст. Онҳо, албатта, бо худ техникаву технологияҳои навро меоранд ва ба суди деҳқонони тоҷик низ ҳаст", - афзуд Партоев.

Ба қавли ин пажӯҳишгари тоҷик, дар асри нав дар як маҳдудаи хурд ва донишу фанновариҳои куҳна пеш бурдани кишоварзӣ душвор аст.

XS
SM
MD
LG