Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил бо рӯсарӣ ва ояндаи норавшан


Мадина ҳар субҳ баробари дигар донишҷӯён ба дарс мешитобад, аммо донишкадаи ӯ аз мактабҳои олии дигари Тоҷикистон фарқи зиёд дорад.

Масалан дар бинои таълимии онҳо танҳо духтаронро дидан мумкин аст ва писарон иҷозаи вуруд ба онро надоранд. Дигар ин ки Мадина метавонад бе мушкилӣ бо рӯсарӣ ба донишгоҳ ҳозир шавад, аммо ӯро бо ин либосаш ба донишгоҳҳои дигари Тоҷикистон роҳ намедиҳанд. Дар муассисаи таълимии Мадина ҳама рӯсарӣ доранд, зеро инҷо Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст. Мадина мегӯяд, орзӯи рӯзноманигор ва тарҷумон шуданро дошт, аммо бо иллати доштани рӯсарӣ аз нахустин имтиҳони вуруд дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон берун карда шуд.

Зимнан дар бахши хоҳаронаи донишкадаи исломӣ, имрӯз ҳудудан 80 духтар таҳсил мекунад. Дар дохили бинои донишкада ҳамчунин мадрасаи муттавасита ҷойгир аст, ки дар он 150 духтари дигар таҳсил доранд. Ҳоҷи Нурулло Давлатзода, мудири мадрасаи хоҳаронаи назди донишкадаи исломӣ, мегӯяд, духтарон донишкадаро бо ихтисоси исломшинос, мазҳабшинос ва муттахасиси забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабиву англисӣ, хатм карда, метавонанд оянда ба ҳайси омӯзгор ё тарҷумон фаъолият кунанд.

Бахши хоҳаронаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ ба мисли дигар бахшҳои ин муассиса дар ҳоли гузариш аз як низом ба усули дигари таълимӣ қарор дорад. Бо тағйир ёфтани мақоми донишгоҳи исломӣ ба донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон ҳамакнун ба барномаи таълимии ин муассиса дигаргуниҳо ворид шудаву усули таҳсил ҳам то андозае ба низоми омӯзишии дигар донишгоҳҳои дунявии кишвар мутобиқ карда мешавад.

Ҳарчанд нисбатан паст рафтани нуфузи ин муассисаи таълимӣ, яъне аз донишгоҳ ба донишкада табдил ёфтани он, бархе аз муҳассилинро нороҳат кард, аммо гурӯҳе аз духтарони донишгоҳ шоданд, ки ин муассиса мақоми давлатӣ мегирад, зеро, мегӯянд онҳо, акнун дипломҳояшон баъд аз таҳсил ба кор меояд. Назира, як муҳассили соли аввали бахши хоҳаронаи Донишкадаи исломии кишвар, мегӯяд, то имрӯз шумори зиёди духтарони хатмкардаи ин донишкада ҷое кор намекунанд.

Аммо на ҳама аз ин тағйирот хушбин ҳастанд. Бархе аз духтарон бар ин фикранд, ки боз ҳам бо иллати рӯсарӣ доштан онҳоро ба кор қабул нахоҳанд кард. Ин гурӯҳи духтарон мегӯянд, ба дарёфти ҷои кор баъд аз хатми донишкада умед надоранд ва аммо ба хотири соҳибмаълумот шудану омӯзонидани фарзандону наздикони худ дар оянда таҳсилашонро идома медиҳанд.

Вале аз донишгоҳ ба донишкада табдил ёфтани ин муассисаи таълимӣ бештар аз ҳама муҳассилини соли охири онро нигарон кардааст. Ин духтарон мегӯянд, акнун барои гирифтани дипломи Донишкадаи давлатии исломӣ онҳо бояд таҳсилро аз соли дуввум бар асоси барномаи тоза шурӯъ кунанд. Як хатмкунанда, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар чунин ҳол ӯ бо вуҷуди таҳсили 5-солааш аз баҳри диплом гузашта, барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар сафар кунад, барояш аз ҳар ҷиҳат муфидтар аст.

Аммо дар маҷмӯъ духтарони бахши хоҳаронаи Донишкадаи исломӣ аз кам будани омӯзиши соатҳои дарсии забонҳои хориҷӣ, ба вижа англисӣ, норозигӣ мекунанд ва дар ҳоле, ки дар дигар донишгоҳҳои кишвар таҳсил бо рӯсарӣ манъ аст, онҳо пешниҳод доранд то дар ин донишкада факултаҳои мухталифе ба роҳ монда шавад то онҳо тавонанд ҳамчун муттахассисони соҳаҳои мухталиф омода шаванд.

XS
SM
MD
LG