Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш. Достиев – барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон


Шералӣ Достиев, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ оид ба бокс дар шаҳри Остона дар вазни то 48 кг мақоми аввалро касб кард.

Вай дар сабқати ниҳоӣ рақиби худ Пуревдорӣ Сердамбаи муғулро мағлуб сохт. Ёдовар мешавам, Шералӣ Достиев нахуст бар ҳарифонаш аз Ҳиндустон, Афғонистон ва Жопун пирӯз шуда, ба финал баромад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид.

Дар мусобиқаи охирини интихобии олимпии Осиёӣ , ки дар Кохи варзиши «Қазоқистон»-и шаҳри Остона баргузор шуд, ҳудуди 100 варзишгар аз 24 кишвари қорра ширкат карда, барои ба даст овардани 19 роҳхати олимпӣ талош варзиданд. Сабқати ниҳоӣ бо ҳузури раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. Ғолибони мусобиқа, инчунин, бо ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон, медалҳои тилло ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз Шералӣ Достиев боз ду муштзани тоҷик – Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг – ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд.

XS
SM
MD
LG