Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи тоҷик дар саҳнаи қазоқӣ


Ситора Назарова, овозхони тоҷиктабори Қазоқистон, ду албоми хеш - яке албоми ғарбӣ ва дигаре албоми шарқиро омода менамояд.

Албоми ғарбӣ, ба гуфтаи овозхон, алъон пурра омода аст, вале вай мехоҳад, ки ҳарду албомро дар як вақт пешкаши ҳаводоронаш гардонад. Ба албоми ғарбӣ 12 тарона ба забонҳои гуногуни аврупоӣ ва ба албоми шарқӣ 15 тарона шомил хоҳанд шуд. Дар алъбоми шарқӣ, ба гуфтаи Ситора, албатта таронаҳои тоҷикӣ–форсӣ ва таронаи шарқӣ ба забони русӣ ҷой хоҳанд гирифт. Ҳамчунин таронаҳо ба чанд забони дигари шарқӣ, аз ҷумла таронаи курдӣ ва суруди юнонӣ шомили албом хоҳанд шуд.

Чанд таронаи дарӣ-тоҷикӣ ва ё, ба истилоҳ, «афғонӣ»» низ зеббахши албом хоҳанд гардид. Ситора ин таронаҳоро аз бойгонии бобояш Меҳрубон Назаров, ки замони шӯравӣ дар Афғонистон мушовири фарҳангӣ буд, ба даст овардааст. Инҳо таронаҳоеанд, ки қариб ним аср қабл суруда шудаанд.

Ситора мегӯяд, ҳангоми омода кардани таронаҳои тоҷикӣ ба ӯ Сафар Абдулло, дӯсти хонаводагии онон ва донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон, ёрӣ медиҳад. Овозхон аз нақшаҳои эҷодии имсолааш ҳарф зада, қабл аз ҳама аз маъракаи басо барояш муҳим – 80-солагии зодрӯзи бобояш Меҳрубон Назаров ёдовар шуд ва гуфт, созмондиҳии ин маъракаро ӯ худ ба дӯш гирифтааст. Ин маърака интизор меравад тирамоҳи соли равон дар Душанбе баргузор гардад. Вале омодагӣ ба он алъон оғоз гардидааст.

Алъон дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар Остона Ситора силсилаи консертҳо баргузор хоҳад кард. Баъдан вай ба сафари ҳунари ба шаҳру вилоёти Қазоқистон хоҳад баромад ва барои тарбиягирандагони хонаҳои бачагон консартҳои хайрия доир хоҳад намуд. Чунин консертҳои хайрияро Ситора дар Тоҷикистон низ доир хоҳад кард. Тибқи нақша тирамоҳи ҳамин сол баъди баргузор кардани маъракаи ёдбуди бобояш ходими ҷамъиятӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Меҳрубон Назаров вай барои тарбиягирандагони хонаҳои бачагони Тоҷикистон низ консертҳо доир хоҳад кард.

Ба гуфтаи овозхон имсол вай назар ба солҳои қаблӣ бештар ба Тоҷикистон сафар хоҳад намуд. Аз як сӯ, ин ба омодагӣ ба консерти ёдбуди Меҳрубон Назаров бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар, ӯ тасмим гирифтааст, ки робитаашро бо оҳангсозони тоҷик тақвият бахшад.

Ба таъкиди Ситора вай дар ин роҳ, албатта, бо тағояш Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик, маслиҳату машварат хоҳад намуд ва раҳнамоии ӯро хоҳад гирифт. Дар робита ба ҳамкории ӯ бо ҷамъиятҳои тоҷикони Қазоқистон Ситора Назарова гуфт, ки вай омода аст дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангии ҳамдиёронаш дар ин кишвар тибқи имкон ширкат карда, бо таронаҳои хеш базми ононро гарм созад.

XS
SM
MD
LG