Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов медали олимпӣ мехоҳад


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад.

Дар барномаи имрӯз:

Бо тасмими Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ситоди омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин таъсис ёфтааст. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Кабир Ҷӯраев, муовини аввали раиси ин кумита: «Ҳадафии аслии ситод ҳамаҷониба омода кардани дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 мебошад.»

-----------------------------------------------------------------------------------------------

Мусоҳибаи мо бо муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд дар рақобати ниҳоӣ дар вазни то 81 килограмм бар Занг Хиаопинг, аз Чин, ғолиб омада, соҳиби медали тилло ва роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардидааст, ба таваҷҷӯҳи шунавандагони маҷалла пешкаш мешавад. Вай мегӯяд: «Мақсади ман ба даст овардани медали олимпӣ дар Пекин мебошад.»

----------------------------------------------------------------------------------------------

Саҳифаи охирини барнома ба вазъи вазнабардорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо Бобохон Сангов, сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон: «Барои рушди вазнабардорӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бунёди толорҳои махсуси варзишӣ ва маблағгузории кофӣ зарур аст.»

-------------------------------------------------------------------------------------------------

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG