Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақрабои президентҳо


Ҳасан Асадуллоҳзода
Ҳасан Асадуллоҳзода

Президентҳои Осиёи Марказӣ гумон мекунанд, ки мардум муносибати онҳоро бо хешонашон намебинанд ва ба фаъолияти онҳо эътирозе надоранд.

Аъзои хонавода ва хешу табори издивоҷии президентҳои Осиёи Марказӣ ғолибан хеле зуд ба қуллаҳои қудрат ва сарват мерасанд. Аммо аксаран бо ҳамин гуна суръат, яъне хеле тунд, ба поинтарин сатҳи расвоӣ ва беобрӯӣ меафтанд ва агар кушта нашаванд, дастикам ба муҳоҷират маҷбур мегарданд. Охирин парванда ба додарарӯси президенти Тоҷикистон пайванд мегирад. Ҳасан Саъдуллоев ё Асадуллоҳзода яке аз наздикони раҳбарон аст, ки пас аз як муддати дурахшиш дар авҷи нуфуз бо сарнавишти номаълум гирифтор гашт.

Ҳасан Саъдуллоев ё Асадуллоҳзода корномаашро аз як истгоҳи бензинфурӯшӣ сар карда, ба пулдортарин соҳибкори Тоҷикистон табдил ёфт. Ба раиси калонтарин бонки ин кишвар ва соҳибимтиёзи 13 ширкати дигари бузург. Аммо акнун бисёриҳо бар инанд, ки вай дигар дар қайди ҳаёт нест ва эҳтимолан аз тарафи хешовандони худ кушта шудааст.

Саъдуллоев қариб як моҳ мешавад, бенишон аст ва бархе аз расонаҳои минтақаӣ ба зинда будани ӯ бовар надоранд. Онҳо менависанд, агар замоне Азизамоҳ, хоҳари Саъдуллоев бо Эмомалӣ издивоҷ намекард, даргумон аст, Асадуллоҳзода рӯзе ба ин поя мерасид. Азизамоҳ низ он вақт намедонист, ки шавҳараш рӯзе президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад.

Расонаҳои ҳамагонии Осиёи Марказӣ сар аз аввали моҳи май пайваста менависанд, ки Саъдуллоев аз тарафи яке аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмон кушта ё шадидан захмӣ шудааст.

Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷик ва аз мунаққидони деринаи Раҳмон ба радиои Озодӣ гуфт, ҷоҳталабиҳои сиёсии Саъдуллоев ахиран президентро нороҳат мекарданд, зеро Саъдуллоев худро алтернативаи президент мешумурд=

Ин ҳикоят барои бисёриҳо парвандаи Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, ба хотир меорад. Алиев то издивоҷ бо духтари Назарбоев, Дариға, як пизишк буд, вале баъдаш то мақоми раиси Кумитаи андоз, ноиби аввали вазири амният, бонкдору молики матбуот ва ниҳоят сафири давлат расид. Маълум ки дар тӯли ин роҳ вай сарвати бузурге ҷамъ овард, аммо, тавре мегӯянд, сари вақт бознаистод.

Дар соли 2007 вай дар чандин ҷиноят, аз ҷумла одамрабоӣ ва куштор айбдор шуд, вале мегӯяд, ин ҷазое буд барои ҷоҳталабиҳои президентии ӯ. Вале додгоҳ ӯро на танҳо дар рабудани ду корманди бонк ва сирқати сармоя, балки тарҳрезии сарнагунии ҳукумат муҷрим донист ва дар ғайбаш маҳкум кард.

Дариға, духтари президент аз Алиев ҷудо шуд, вале аз ҷазои падар эмин намонд. Ҳизби сиёсии ӯ, ки пас аз ҳизби ҳоким дувумин иттиҳоди нерӯманди сиёсӣ дар Қазоқистон буд, амалан аз байн рафт ва худи Дариға аз умури давлатию ҷамъиятӣ дур афканда шуд.

Президенти Узбакистон, Ислом Каримов низ бо домоди худ, амрикоии афғониасл Мансур Мақсудӣ тақрибан ба ҳамин шева бархӯрд кард. Вай на танҳо аз моликият ва тиҷорати худ дар Узбакистон маҳрум гашт, балки хешу наздикони муқими Тошкандаш низ аз мамлакат ронда шуданд.

Бархилофи достонҳои расмӣ, аксари таҳлилгарон мегӯянд, сабаби асосӣ ин аст, ки президентҳои Осиёи Марказӣ тобу тоқат надоранд, на танҳо дигарон, балки ҳатто наздиконашон низ хаёли гирифтани курсии онҳоро ба сар роҳ бидиҳанд. Дар ҳақиқат, сар аз эълони истиқлолияти ин давлатҳо то имрӯз дар минтақа дигаргуниҳои зиёде ба амал омад, аксари президентҳо ивазт нашуданд. Назарбоев ва Каримов аз ҳамон давра то ҳоло дар сари қудратанд, Сафармурод Ниёзов то дами маргаш раёсати Туркманистонро дар даст дошт ва Раҳмон аз соли 1992 ба ин сӯ раҳбари Тоҷикистон аст. Аммо профессори Дониишгоҳи Уши Қирғизистон, Олима Шарифова мегӯяд, инҳо чизе нестанд, ки аз чашми мардум пинҳон бимонанд. Президентҳо сарвати мамлакатро аз мардум мегиранд ва хешу наздиконашон тӯҳфа мекунанд ва онҳоро ба вазифаҳои давлатӣ таъин менамоянд:

Олима меафзояд, баднафсии аъзои оила ва хешовандони Аскар Оқоев буд, ки халқи Қирғизистонро ба дод овард ва чунин додхоҳӣ метавонад на танҳо дар Қирғизистон такрор шавад, балки дар ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амал ояд.

XS
SM
MD
LG