Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе


Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби "Кӯри Малиш", Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.

Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки нақши ташкилкунандагии ин се нафар чӣ гуна ошкор шудааст? Ва агар мақомот ин ҷузъиётро медонанд, чаро аз ҷузъиёти дигари воқеа низ ҳарф намезананд, то аз овозаҳои гуногун ва боварнакарданӣ пешгирӣ кунанд?

Ягона изҳороти мақомоти давлат

Аслан худи рӯйдод боварнакарданист ва ба ҳамин сабаб фарзияҳои мухталиферо ба миён овардааст. Онро муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоров ин гуна тасвир кард:

"Рӯзи 22-юми августи соли ҷорӣ соати 22:15 аз тарафи гурӯҳи маҳкумшудагон, ки баъд аз қарори суд дар маҳбасхонаи пешакии Кумитаи
давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муваққатан нигоҳ дошта мешуданд, аз хунукназарии нозири маҳбас истифода намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз зӯри силоҳи оташфишон як қисмати муайяни маҳбасхонаро ғасб карда, бори дигар даст ба ҷинояти сангин заданд. Онҳо нозири маҳбас Каримов Нурматқул, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ваҳшиёна қатл карда, ба ду нозири дигар зарари вазнини ҷисмонӣ расонданд."

Дар ин нишасти хабарӣ ҷузъиёти воқеа гуфта ва имкон ба саволу ҷавоб бо журналистон дода нашуд. Танҳо номи се раҳбари фирор зикр гардид, ки ба гуфтаи ҷаноби Ғаффоров 22 маҳбуси дигарро бо таҳдид ба тарки боздоштгоҳ водор кардаанд. Онҳо ба миқдори номаълуми силоҳу муҳимот дастрасӣ ёфта, ҳангоми баромадан аз дарвозаҳои маҳбас дар як даргирӣ 4 посбонро ба ҳалокат расондаанд.

Дертар яке аз нозирони захмишуда дар бемористон даргузашт, аммо маълум нашуд, дар ин даргирӣ касе аз фирориён захмӣ шудааст ё на.

Ҳамчунин дертар ҷузъиёти бештаре рӯ зад. Аз ҷумла 3 соат дар ҳудуди маҳбас боқӣ мондани маҳбусон, пас аз қатли нозир ва дастрасии фирориён ба силоҳу сарулибоси ҳарбӣ. Пизишкони осебшинос мегӯянд, ҳеҷ яке аз 2 афсар ва 4 сарбози кушташуда, бо корд ё ханҷар кушта нашуда, ҳамагӣ захми тир доштанд.

Пас оё садои тир касеро дар ҳавелии маҳбас ва ҳам боздоштгоҳи Вазорати адлия, ки низ дар ҳамин ҳавелӣ мавҷуд аст, мутаваҷҷеҳ накардааст? Чаро дар тӯли се соат касе аз раҳбарони маҳбас аз вазъи он огоҳ нагаштааст? Ин ҳам дар ҳоли ҳастии телефонҳои ҳамроҳ, мухобираи бесими ҳарбӣ, телефони дохилии маҳбас, хатти телефони шаҳрӣ ва ҳатто фарёди одии инсонӣ аз тори дидбонгоҳ.Ногуфта намонад, воқеа дар фосилаи начандон дур аз манзили зисти Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурии кишвар ба амал омадааст.


Тасвире аз боздоштгоҳи рақами 1

Ҳуқуқдони тоҷик, Абдуқаюм Юсуфӣ, ки ҳамчун вакили боздоштшудагони гуногун борҳо аз ин маҳбас дидан кардааст, мегӯяд, ҳамеша дар саҳни он чандин посбон буда, шумораи умумии посбонон танҳо дар ҳалқаи беруна ба 20 нафар мерасид.

Аз рӯи гуфтаи зерҳимоятҳои ӯ, ҳуҷраҳои маҳбаси Кумитаи амният 23 адад буда, дар ҳар кадоми онҳо 2-3 нафар нигаҳдорӣ мешудаанд. Чунин ҳолат имконияти маслиҳати пешакии тарроҳони фирор ва ҳамлаи 2 ё 3-нафарӣ ба нозири маҳбасро фароҳам овардааст. Дар долонҳои дохили маҳбас ва дар беруни он ба дарозои деворҳо дурбинҳои видеоии дидбонӣ мавҷуданд. Аммо маълум нашудааст, ки ин дурбинҳо шаби 22-юми август чӣ саҳнаҳоеро сабт кардаанд.

Юсуфӣ мегӯяд, агар дар ҳақиқат ба гунае, ки нашрияҳои Тоҷикистон навиштаанд, маҳбуси собиқи Гуантанамо ва собиқадори ҷанг дар Афғонистон, Иброҳим Насриддинов иҷозаи гаштугузори бидуни бадрақа ё дидбонӣ дарёфт карда бошад ва ҳам ӯ яке аз раҳбарони фирор дониста шавад, мақомоти раҳбарии боздоштгоҳ ба иштибоҳи бузург роҳ додаанд: "Чунин одамро дар шароити бенозирӣ ва гаштугузори озод дар дохили маҳбасхона мондан, ин аллакай, хатои якум аст. Дувум ин нафарон ба муҳофизон наздик шуда, ба бовари онҳо даромадаанд. Ман ба ин ҳам ҳайронам, ки чӣ тавр ин шахс шабона дар утоқи нигаҳдорӣ набуда, дар берун аз маҳбас будааст, дар соати 10-и шаб."

Абдулло Ҳабибов
Собиқадори риштаи интизомии Тоҷикистон, узви пешини Кумитаи адлия, ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, генерали бознишаста, Абдулло Ҳабибов, низ аз сарчашмаҳои худ ҳамин нуктаро шунидааст: "Як нафар аз ҳамон маҳбусон ба боварии ин бачаҳо даромадааст, ба инҳо хидмат мекардааст ва ҳама вақт ӯро иҷоза медодаанд, ки аз ҳуҷра мебаромадааст ва ин ё он супориши онҳоро иҷро мекардааст. Ман тахмин мекунам, ки ҳамон нафар супориш гирифтааст ва як рӯз не, онҳо, ки одамони донистакор ва ботаҷрибаанд, ин фирорро муддати дароз ва оҳиста-оҳиста омода кардаанд."

Намоишномаи ҳолливудӣ


Бархе аз коршиносон бар инанд, ки чунин амалиёти шабеҳ ба филмҳои моҷароии ҳолливудӣ дар маҳбаси Душанбе наметавонист, бе кӯмак аз беруни маҳбас ба вуқӯъ пайвандад. Ду соат пеш аз воқеа хабар мерасад, ки дар наздикии пойгоҳи 201-и Русия Ҳалим Исоев ном ҷавоне бо бомбаи худсохт, аммо пешрафта ва телефони ҳамроҳ боздошт шуда, эҳтимоле мавҷуд будааст, ки як бинои дигар дар ин маҳал бомбгузорӣ шуда бошад. Агар ин тасодуф ё саҳнасозӣ набошад, мумкин аст, гашти ба дигар сӯ кашидани таваҷҷӯҳ дониста шавад.

Хабар иттифоқан нақши баракс дошт ва аз тарафи баъзеҳо иғвое шумурда шуд, ки ишораҳоро ба нақши Русия дар қазия тақвият дод. Дар изҳороти муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки чанде аз 25 маҳбуси фирорӣ шаҳрванди Русия ва Афғонистонанд. Рӯзҳои баъд ба ин изҳорот чизе афзуда нашуд, ки аз нав ҳолати бозиеро ба миён овард.

Иттилоъдиҳии "қатраӣ" (дозированное информирование) аз тарафи ин манбаъ ва ишора ба табиати фаромиллии воқеа якҷо бо эълони эҳтимоли дархости кӯмак аз кишварҳои дигар дар ин изҳорот заминаеро ба вуҷуд овард, ки бисёре аз нашрияҳои мустақил ба ҷустуҷӯи пайи пои Русия дар он пардохтанд. Манзур, Русия бо ин роҳ шаҳрвандони худро наҷот дод ва ҳам ба Тоҷикистон фишор овард, то "ҷои худро бишиносад".

Вале мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, Андрей Грозин, мегӯяд, Маскав дар марҳилаи феълӣ ангезае барои чунин иқдом дар Тоҷикистон надорад: "Баъд аз мулоқот дар Сочӣ бадхоҳони Эмомалӣ Шарифович дар Маскав зиёд нашуданд, балки баракс камтар шуданд, зеро ҳарду ҷониб аз ин мулоқот хурсанд баромаданд ва он мушкилоте, ки баҳор ё тобистони соли гузашта дар байни ду тараф буд, дигар вуҷуд надорад. Афзун бар ин, бархе аз манобеъ мегӯянд, Тоҷикистон ба гузаштҳои зиёде розӣ шуд ва Маскав ҳама чизеро, ки мехост, ба даст овард. Бархе аз коршиносон дар ин ҷо мегӯянд, бархӯрди стратегии Русия ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли тағйир аст ва аз тамаркуз ба кишварҳои бузурги минтақа, монанди Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба коршарикии бештар бо Қирғизистон ва Тоҷикистон."

Грозин бар ин аст, ки нуқсро бояд на дар берун, балки дар дохили Тоҷикистон ва на куллан дар дохил, балки дар байни элитаи ин кишвар ҷуст. Вай ду имкониятро тазаккур медиҳад, ки яке даст доштани мансабдор ё мансабдорони аршади кишвар дар фирори маҳбусон аст ва дигаре харида шудани масъулону нозирони маҳбас аз тарафи онҳое, ки озодии зиндониёни муайянеро мехостанд.

Нақши фасод ва ҳирсро дар қазия дар Тоҷикистон низ ишора мекунанд, вале таъкиди Грозин ба тағйири мавзеъгирии Маскав дар баробари Тоҷикистон ҳанӯз далелҳои устувор надорад.

Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар рӯзи нашри хабари фирори маҳбусон ба Хадамоти амнияти кишвараш дастур дод, дар боздошти гурезаҳо ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Аммо шояд зери вожаи "кӯмак" тарҳи дигаре дар назар аст, зеро бо гузашти се рӯз аз фармони Медведев, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Махачқалъа мегӯяд, Хадамоти амнияти Доғистон, зодгоҳ ва иқоматгоҳи 4 фирорӣ аслан аз қазия иттилое надорад ва наздикони ин афрод гуфтаанд, касе ба хонаи онҳо наомадааст ва ё онҳоро аз чизе огоҳ накардааст. Падари Магомед Аҳмадов ба хабарнигори мо гуфт, аз сарнавишти фарзандаш хабаре надорад.

Симонигорие аз фирориён

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки агар фирориён даст ба ноором кардани вазъи Тоҷикистон зананд, рӯшан хоҳад гашт, ки қазия агар аз берун сармоягузорӣ нашуда бошад, он гоҳ хоҳад шуд. Аммо зовияи ояндабинӣ шояд ин аст, ки аввал бояд дид, чӣ касоне аз маҳбас фирор карданд, тавонмандӣ ва робитаҳои онҳо то куҷо мекашад.

Иброҳим Насриддинов
Маҳбуси собиқи Гунатанамо, Насриддинов Иброҳим Раҷабович, соли 1974, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон зода шуда, дар соли 2002 дар Афғонистон боздошт ва ба боздоштгоҳи Гуантанамо интиқол ёфтааст. Аввали соли 2007 аз ин маҳбас озод ва ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шуд. Пас аз чанде дар Душанбе бо иттиҳоми куштори зиёда аз 2 нафар, нигаҳдошт ва ҳамлу нақли аслиҳа ва маводи мунфаҷир ба 23 соли ҳабс маҳкум шуд. Аз рӯи боздошт шуданаш дар Афғонистон метавон ҳадс зад, ки метавонад ба гурезаҳои замони ҷанги дохилии 1992-1997-и Тоҷикистон мансуб бошад.

Шахси дигаре, ки аз раҳбарони фирор шумурда мешавад, Ҳикматулло Азизов аст, ки дар миёни мусаллаҳони собиқ Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик бештар бо лақаби "Малиш" ё "Кӯри Малиш" маълум аст. Вай дар 18-19-солагияш ба сафи тарафдорони Мирзо Зиёев пайваста, зидди ҳукумати Раҳмонов ҷангидааст. Бино бар синнусолаш ӯро он вақт бо забони русӣ "Малиш" ном гузоштанд ва дертар бо сабаби иллати чашм, "кӯр"-ро низ ба ин лақаб изофа карданд.

Вай пас аз ҳамоиши нерӯҳои оппозитсиюн ба сохторҳои низомии ҳукуматӣ рутбаи полковник дарёфт намуда, муддате фармондеҳи қисми ҳарбии нерӯҳои Вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Дертар ба вазифаи муовини раиси ҳукумати
Ҳикматулло Азизов
ноҳияти Тавилдара таъин шуд. Аммо баъдан бо хориҷ шудани Мирзо Зиёев аз саҳна низ аз вазифа барканор шуд ва ба соҳибкор табдил ёфт.

Дар даргириҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ва пас аз кушта шудани бародарзодааш Неъмат Азизов ӯ боздошт ва ду рӯз пеш аз фирораш бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ва бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, зӯроварӣ ба намояндаи ҳукумат, нигаҳдории аслиҳа, узвият дар гурӯҳи ғайриқонунӣ ва дузанагӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳуқуқдон Саидшоҳ Одинаев, ки вакили мудофеи Ҳикмат Азизов ва Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, будааст, гуфт, ҳангоми бозпурсӣ Ҳикмат хеле камгапу дамдузд буд. Мисли ин ки ба гуноҳи худ иқрор шуда ва аз пеш медонист, чӣ сарнавиште ӯро интизор аст. Ба суолҳои вакил посух намедод ва мегуфтааст, ки ҳар чӣ дар қисмат аст, хоҳад дид. Вале дар бораи ширкаташ дар ҳодисаҳои Тавилдара ва муносибаташ бо бародарзодааш Неъмат Азизов муфаасал ва бидуни тарс сӯҳбат мекардааст

Ҳамраиси Кумисиюни муштараки оташбаси сулҳи тоҷикон Ҷалолиддин Маҳмудов, ки бо тақозои вазифа ҳанӯз аз даврони нооромиҳо дар Тавлидара Малишро мешинохтааст, дар бораи вай мегӯяд: «Ҳамон тавре ки Мирзо Зиёев фармондеҳи нерӯҳои оппозитсиюн пешини тоҷик дар бораи разманда Ҳикмат Азизов гузориш медод, вай яке аз размандаҳои шуҷоъ ва муҷоҳиди арзишҳманд дар нази Мирзо Зиёев буд. Ва аз шахсиятҳои боварбахш ва наздики Мирзо Зиёев буд. Ҳатто вақте ки дар тобистони соли гузашта Зиёев кушта шуд, Малиш дар канораш буд ва дар ҳамон замон боздошт шуда буд»

Аъзамшо Зиёев
Яке аз фирориҳои дигар, бародари Мирзо Зиёев -- Аъзамшо Зиёев низ аз чеҳраҳои шинохташуда дар ҳалқаи размандаҳои пешини оппозистсиюни тоҷик ба шумор меравад. Вай ҳанӯз аз оғози нооромиҳо ба Афғонистон убур намуда, ҳамроҳ бо бародараш Мирзо Зиёев дар ҷангҳои Тавилдара ширкат кардааст. Ҳамроҳони вай Аъзамшоро бо лақаби «Аъзами Панҷара» нидо мекардаанд.

Яке аз сокинони Талилдара Аҳмад Саъдуллоев дар бораи аз ин фармондеҳи собиқи оппозитсюн чунин мегӯяд: «Тақрибан дар соли 1996 дар яке аз даргириҳо Аъзамшо дар муҳосираи неруҳои ҳукуматӣ мемонад ва бо тамои таҷрибаву талҳе ки доштааст худро раҳо кардааст пас ин ҳодиа уро Аъзами панҷара мегуфтанд. Вай бо хориҷиҳо ҳамкорӣ мекард, пул месохт, биноҳои мактабҳоро таъмир мекард, умуман бо корҳои мулкӣ машғул буд.»

Аъзами Панҷара пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон се сол раиси ҷамоати Чилдараи ноҳии Тавилдара будааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ чанд корхонаи муштарак дар Тавлидара созмон додааст.

Ҳаминтавр Ҳикмати Малиш, Аъзами Панҷара, амаки Мирзо Зиёев бо номи Ҷонибек Зиёев касоне ҳастанд, ки на танҳо омӯзиши ҳарбӣ дидаанд, балки таҷрибаи ҷангро доранд.

Фирории дигар, Ҷумъа Иброҳимови 50-сола, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, ки риши ғулие дорад, бародари фармондеҳи маъруфи оппозитсиюни собиқ -- Шайх Иброҳим (Ёрибек Иброҳимов) қабл аз убур ба хоки Тоҷикистон дар соли 1995 дар Афғонистон омӯзишҳои махсуси низомиро фаро гирифтааст. Худи Шайх Иброҳим, аз соли 2004 дар маҳбас аст ва бори охир ӯро дар муҳокимаи собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, диданд, ки баёноташро бар зидди Искандаров рад кард ва гуфт, муфаттишон бо зарбу лат ва шикастани пойҳои ӯ маҷбураш кардаанд, ки зидди Искандаров баёнот диҳад.

Бӯи изтироб дар фазои кишвар

Раҳбари савуми фирор, ба қавли мақомоти амниятии Тоҷикистон, зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов гуфтааст, бо ихтиёри худ ба Тавилдара омад, то дар канори "бародарони худ" барои ислом мубориза барад. Аҳмадови доғистонӣ ба ҷурмҳои нисбатан сабуктар, монанди омодагӣ ба амали ҷиноӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ ва ширкат дар гурӯҳи ғайриқонунӣ айбдор шудааст ва метавонист, бидуни фирор рӯзи озодии хешро интизор шавад.
Магомед Аҳмадов


Вале оё акнун, пас аз чунин фирори пурсарусадо ин ашхос пой ба пайроҳаи интиқом хоҳанд ниҳод ва ё озодии пинҳонӣ дар кадом гӯшаеро авлотар хоҳанд донист? Коршиносон ҳарду имконро аз эҳтимол берун намедонанд. Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: «Албатта, онҳо ба сари худ наметавонанд кореро анҷом диҳанд, зеро пуштибонииҷтимоӣ надоранд. Вале агар кадом нерӯе аз онҳо барои ҳадафҳои худ истифода кунад, мумкин аст онҳоро ба бозӣ дарорад."

Танҳо як чиз ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Агар онҳо ба Тавилдара баргарданд, дар пайи интиқоми марги хешовандоне чун Мирзо Зиёев ё Неъмат Азизов хоҳанд шуд ва ё барои анҷом додани тарҳе, ки дар тобистони соли 2009 дар он ҷо нотамом монд? Ва ҳам маълум нест, оё ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ин тавон ва ҳамоҳангиро хоҳанд дошт, ки фирориён ё бахши умдае аз онҳоро боздошт кунанд ва ё бӯи изтироб дар фазои кишвар ҳамоно дар чархиш хоҳад буд?

Матолиби ҳамсон:

Аввалин хабари фирор аз маҳбаси Душанбе

Нашри рӯйихат ва аксҳои фирориён

Ҷустуҷӯи бенатиҷаи зиндониёни фирорӣ

Коршинос: Фирори маҳбусҳо ба ҳукумат хатар дорад


Пайомадҳои эҳтимолии фирори зиндониён


"Побег": "изи русӣ" ё "муаммои сарбаста"?


Боз шудани парвандаи қазияи фирор аз маҳбас
XS
SM
MD
LG