Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаҳои пурмоҷарои ришва дар Узбакистон


Дар ҷумҳурии Узбакистон даҳҳо мансабдори баландпоя, ба шумули раиси порлумони ин кишвар Эркин Халилов бо айбномаи фасоди молӣ зиндонӣ шудаанд.

Камтар аз як моҳ пеш, Эркин Халилов яке аз сарватмандтарин ва тавонотарин мансабдорони давлати Узбакистон буд. Акнун, бо айбдор шуданаш ба фасод вай хурсанд хоҳад буд, ҳама чиро аз даст диҳад, вале фақат зинда монад. Ҳукумати Узбакистон ҳаргиз хостори ин набудааст, ки хилофкориҳои мансабдоронаш сари забонҳо шавад.

Аммо парвандаҳои пурсарусадои охир нишон медиҳанд, ки ришвату фасод як мушкили асосии ҷомеаи ин кишвар мебошад. Рӯзи 23-юми январ Халилов аз раёсати порлумон барканор шуд. Гӯё президент Ислом Каримов аз зиёдаравиҳои ӯ ба танг омадааст. Ин ҳам гуфта мешавад, ки гӯё Халилов президентро дар ҷустуҷӯи роҳҳои беҳбуди равобит бо Ғарб айбдор кардааст. Дафъатан баъд аз истеъфо таҳқиқи ҷиноӣ оғоз ёфт ва дар кӯтоҳтарин фурсат бинои сетабақаи маркази шаҳр, ки моли Халилов будааст, тахриб карда шуд.

Вале дипломати собиқи Узбакистон, Тошпӯлод Юлдошев мегӯяд, ин фақат оғози кор аст: Юлдошев мегӯяд, мусодираи амвол пеш аз ташкили парванда сар шуд ва ба зудӣ манзараи умумиро хоҳем дид, ки баъдаш чӣ мешавад. Онҳо ҳамаи пайвандҳои ҳамкории Халиловро таҳқиқ мекунанд ва тамоми дороии ӯро мусодира. Вай як калима ҳам нахоҳад гуфт ва шукр хоҳад кард, агар зинда бимонад. Мусодираи дороӣ фақат як шиканҷаи равонист. Ба ғайр аз Халилов дар моҳи январ боз 15 мансабдори баландпояи Вазорати умури дохилии Узбакистон ба ришвахорӣ ва дуздии наздик ба 800 ҳазор доллар айбдор ва ба мӯҳлатҳои аз ҳашт то 14 сол зиндонӣ шуданд.

Аъзам Турғунов, аз созмони ҳуқуқи инсони "Мазлум" мегӯяд, сарвати Халилов ва сабки зисти ӯ дер ё зуд метавонист, ба ҳамин шева поён ёбад ва мумкин аст, парвандааш бисёре аз ҳамкорони ӯ низ ба коми худ фурӯ барад: "Эркин Халилов дар Назарбеки канораи Тошканд як бӯстонсарои калоне дошт. Хонаву боғ ва кӯлу бешазори он чанд ҳектарро фаро гирифтаанд. Дар Узбакистон бо соҳибкорӣ машғул шудани мақомоти давлат мамнӯъст, вале бузургтарин соҳибкорон дар ҳукуматанд. Акнун аз рӯи қонуни "одам ба одам гург" коршарикони ӯ низ ҳадаф қарор мегиранд. Зӯр сустро, ки ёфт, фурӯ мебарад. Худи Халилов аз рӯи ҳамин мақол амал мекард ва ин як натиҷаи низоми мавҷудаи Узбакистон аст."

Як сокини Тошканд ба шарти пинҳон мондани номаш аз тарси муҷозот ба радиои Озодӣ мегӯяд, Халилов дар назди истгоҳи метрои Горкий, ки акнун Роҳи Бузурги Абрешим ном дорад, барои фарзандон ва наберагонаш хонаҳои боҳашамат бино кард ва соҳиби чанд фурӯшгоҳи тарабистон низ мебошад ва писари понздаҳсолааш ба харидани мошинҳои гаронбаҳо машғул аст. Ин шахс мегӯяд, бисёре аз афроди ҳукумат ва порлумон ба ҳамин шева зиндагӣ мекунанд. Чанде пеш писари яке аз вакилони порлумон, Баҳодур Муродов ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро айбдор карданд, ки бо гузарномаи қалбакӣ борҳо марзи давлатиро убур кардааст. Модари маҳкумшуда, Матлуба Бурҳонова, вакили маҷлис ва раиси коргоҳи филизи шаҳри Навоист.

Хабаргузории русии Интерфакс менависад, худи Бурҳонова низ парвандаи ҷиноӣ дорад. Ӯро дар қочоқи инсон айбдор мекунанд. Як сомонаи интернетии узбакӣ навиштааст, лақаби Бурҳонова "Мама Роза" мебошад ва ӯ духтарони ҷавонро барои фоҳишагарӣ ба хориҷа интиқол медиҳад. Бурҳонова ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG