Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҷӯъи рӯшанфикрон ба Душанбе


Михаил Швидкой, мудири Бунгоҳи фарҳанг ва синамои Русия.
Михаил Швидкой, мудири Бунгоҳи фарҳанг ва синамои Русия.

Дар рӯзҳои ҷашни 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Душанбе Форуми рӯшанфикрони эҷодкори Ҷомеаи кишварҳои муштаракуманофеъ баргузор мешавад.

Михоил Швидкой, мудири Бунгоҳи фарҳанг ва синамои Русия ва ҳамраиси Форуми рӯшанфикрони эҷодкор ва олими Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, хабар дод, ки Форуми савуми рӯшанфикрон дар моҳи сентябри соли равон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Вай дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, рӯзи 19-уми феврал дар ин бора дар ҷаласаи шӯрои форум бо ширкати ҳамраиси дувуми Форуми рӯшанфикрони эҷодкор ва олими Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, ректори Донишгоҳи давлатии Маскав, Виктор Садовничий, ба хулосае омадаанд, яке аз масъалаҳои асосии замони муъосир забонҳои миллӣ ва адабиёти миллатҳои ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад.

Ҷаноби Швидкой мегӯяд, бо вуҷуди он ки чандин муассисаи Русия тарҷумон омода мекунад, камбуди мутахасссисон забону адабиёти мардумони шӯравии собиқ дар ин кишвар ҷиддан эҳсос мегардад.

Дар бораи сабаби Душанбе интихоб шудани макони баргузории форум ва ширкатдорони ояндаи он, ҷаноби Швидкой гуфт, "Тоҷикистон на танҳо кишвари шоъирон, балки ҳамчунин ватани математикҳо ва мунаҷҷимон будааст. Дар форум инчунин мулоқоти олимони ҷавоне баргузор мешавад, ки ба улуми дақиқ сари кор доранд."

Интизор меравад, дар ҷараёни форуми рӯшанфикрон дар Душанбе масъалаҳои марбут ба омӯзишу парвариш низ мавриди баҳс қарор бигиранд. Ба ақидаи ҷаноби Швидкой, таъсиси бахшҳои Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон ба беҳбуди маъориф кӯмак хоҳад кард.

Вай ишора кард, ки чунин бахшҳо дар Узбакистон 500 ва дар Қазоқистон 1000 донишҷӯ доранд. Инчунин бахшҳои донишгоҳи мазкур дар Укроин ва Озарбойҷон низ боз шудаанд.
XS
SM
MD
LG