Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргузашти филмсоз Меҳрнӯши Сулукӣ


Меҳрнӯши Сулукӣ дар озодӣ.
Меҳрнӯши Сулукӣ дар озодӣ.

Ин саргузашт дар чанд сатр гунҷид -- барои сохтани як филми мустанад ба Эрон рафт, боздошт шуд, раҳоӣ ёфт ва ба Порис баргашт.

Аммо ҳар сонияи ин саргузашт барои чунин душизаи нозукандом ва зебопараст сахту сангин буд ва акнун ӯ ҳар шаб нолаву шевани онҳоеро мешунавад, ки муддате дар ҳуҷраи танги маҳбас бо онҳо зист. Онҳо на ҷинояткорони сарсахт, балки афроди мутафаккире буданд, ки барои дигарандешӣ ба зиндон афтодаанд.

Такони равонӣ ва ҳамлаи яъсу ноумедӣ дар ҳуҷраи якнафарии зиндони Эвин барои Меҳрнӯш як моҳ давом кард, вале моҷарои боздошту бозпурсиҳо ва муҳокимаи ӯ -- як соли дароз. Вай мегӯяд, аввалин суол аз худаш ин буд, ки чаро ин ҷо, дар зиндон аст. Чаро ӯро ҳабс карданд ва ҳамаи наворҳояшро гирифтанд.

Филмсози фаронсавии эрониасл соли 2006 барои он ба Эрон сафар кард, ки дар бораи русуми дафни ақаллиятҳои мазҳабӣ мустанаде ба навор гирад ва бо ин таҳсилашро дар Донишгоҳи Квебеки Канада ба поён барад. Чанд бахши филмро мебоист дар қабристонҳо ба навор мегирифт ва дар яке аз онҳо бо қабри дастаҷамъие дучор омад, ки сабаби ҳабси ӯ гардид.

Вай мегӯяд: "Ман тасодуфан ин ҷоро пайдо кардам. Вақте ки як филмсоз бо ин гуна як воқеъият рӯбарӯ мешавад, наметавонад, дурбини худро хомӯш кунад. Аввал фикр кардам, ин як бахши таърихи муъосири Эрон аст. Вале дертар, ҳангоме ки бо профессор Оқоҷарӣ мавзӯъро матраҳ кардам, гуфт, на, ин ба таърихҳо ворид нашудааст. Вай маро ҳатто огоҳ кард, ки таваҷҷӯҳ ба ин дафнгоҳи дастаҷамъона метавонад, онҳоеро, ки ҳанӯз ҳам дар сари қудратанд ва ин кори дасти эшон буд, ба хашм оварад."

IҲангоми филмбардорӣ дар Теҳрон дар соли 2005
Сухан аз қабристоне меравад, ки дар он наздик ба ду ҳазору ҳаштсад нафар аз мухолифони давлат гӯронда шудаанд. Инҳо асосан чапгароён ва муҷоҳидинанд, ки дар тобистон ва тирамоҳи соли 1988 аз тарафи ҳуукмат ба қатл расидаанд. Меҳрнӯш дар моҳи декабри соли 2006 ин қабристонро ба навор гирифт ва 17-уми феврали соли 2007 полиси мусаллаҳ ба манзили Сулукӣ ҳамла кард. Ӯро дар таблиғоти зидди давлат ва ихлол ба амнияти миллӣ айбдор карданд ва гузарномаашро гирифтанд, то Эронро тарк карда натавонад. Сулукӣ иттиҳомотро рад мекард ва мегӯяд, ҳароси мақомот ин буд, гӯё вай мехоҳад, дар бораи ин қатлгоҳ филм бигирад. Вале ба гуфтаи вакили ӯ, Муҳаммадҳусайни Оғосӣ, чаро шахс мебоист барои ҷурме ҷавобгӯ бошад, ки содир накардааст.

Худи Сулукӣ мегӯяд, ҳарчанд бо иҷозаи Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон машғули филмбардорӣ буд, мавзӯъи нави тасодуфӣ низ ӯро ҷалб мекард. Он вақт вай ба хабарнигорон чунин мегуфт: "Хуб, ба ақидаи онҳо ман иштибоҳ кардам, ки ин мавзеъро ба навор гирифтам, вале чаро бояд барои коре, ки дигарон нуздаҳ сол пеш кардаанд, ман ҷавобгӯ бошам? Агар ин макон вуҷуд намедошт, парвандаи ман ҳам дар миён набуд."

Ҳарчанд ҷурми Сулукиро исбот кардан амалан ғайримумкин буд, аз он рӯз ба баъд вай зери фишори сангин қарор гирифт ва дар фосилаи бозпурсиҳо, дар моҳи июли соли гузашта ҳамлаварони ношинос ӯро дар кӯча латукӯб карданд. То зиндонӣ шуданаш дар байни тарс ва изтироб ба сар мебурд ва дар зиндон, мегӯяд, дар байни марг ва зиндагӣ. Аз ӯ пурсидам, вале чаро ин ҳодиса рӯй дод? Чаро ба кори ӯ ингуна ҳассосият нишон доданд ва наворҳои ӯро мусодира карданд?

"Ман фикр мекунам, аввалан аз ифшо шудани ин ҳақиқат нороҳат буданд ва сониян ин даврае буд, ки мебоист, мо, эрониёнеро, ки аз хориҷ ба ватан меоем ва мехоҳем, барои мардуми худ хидмате карда бошем, зери фишор мемондем. Мо ба сифати як пули иртиботие ҳастем дар байни фарҳанги Эрон ва Ғарб ва онҳо ҳастии як чунин пайвандро таҳаммул надоранд."

Ба ақидаи Меҳрнӯш ҳабси ӯ шабеҳи боздошти донишмандону рӯзноманигорон ва соҳибкороне монанди Ҳолаи Исфандирёрӣ, Каёни Тоҷбахш, Парнози Азимо ва Алии Шокирист. Дар веблоге, ки бо талаби фавран озод кардани Меҳрнӯши Сулукӣ номаҳоеро низ дидам, ки аз дохили Эрон расидаанд ва аз Меҳрнӯш пурсидам, оё дар ин иртибот метавон тафовути байни мардуми Эрон ва ҳукумати Эронро мушаххас кард? "Мардуми Эрон ба ҳамватанони худ, ки дар Ғарб комёб мешаванд ва номи кишвари худро баланд мебардоранд, эҳтиром дорад. Аммо ҳукумати Эрон аз чунин афрод меҳаросад ва на танҳо онҳо, балки эрониёнеро, ки дар дохили кишвар барои озодандешӣ ва ҳаққи худ сар мебардоранд, саркӯб мекунад. Рӯшанфикронро, рӯзноманигоронро, ҳомиёни ҳуқуқи занро ва ғайра."

Дар тафовут аз аккоси эрониалси Канада Заҳро Козимӣ, ки дар маҳбаси Эвин аз латукӯб фавтид, Сулукӣ зинда монд ва ба озодӣ баромад. Ҳоло мехоҳад дар бораи ин зиндон филме бисозад, ки чи қадар рӯшанфикрон ва озодандешон ҳуҷраҳои танги онро пур кардаанд.
XS
SM
MD
LG