Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария: 133 миллион доллари Каримова ба Узбекистон бармегардад


Акс аз соли 2011
Акс аз соли 2011

Додситонии кулли Швейсария гуфт, 133 миллион доллари Гулнора Каримова ба Узбекистон баргардонида мешавад

Додситонии кулли Швейсария рӯзи 24 июн изҳороте нашр кард, ки мегӯяд, 133 миллион долларе, ки дар паи муомилаҳои ғайриқонунии пулии Гулнора Каримова, духтари президенти собиқи Узбекистон дар бонкҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешуд, ба Узбекистон баргардонида мешавад. Изҳороти додситонии кулл мегӯяд, ки ин маблағ дар натиҷаи таҳқиқи шашсолаи парвандаи Каримова оид ба ҳодисаҳои ҷамъоварии пул аз ширкатҳое, ки мехостанд дар бозори Узбекистон ҷойи пой ёбанд ваё ҳузури худро тамдид кунанд, собит шудааст. Додситонии Швейсария мегӯяд, ки пулҳо аз Узбекистон ба ҳайси як нақшаи аз пеш тарҳрезишуда берун бурда шуда, ғолибан дар бонкҳои Швейсария нигаҳдорӣ мешуданд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки худи Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов ва шахсе, ки дар борааш замоне ба ҳайси президенти ояндаи Узбекистон сӯҳбат мешуд, инак шаш сол аст аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ то моҳи март дар ҳабси хонагӣ буд ва баъди ин ба зиндони занонаи канори шаҳри Тошканд барои идомаи иҷрои ҳукми 10-солаи зиндон интиқол ёфт. Каримова бо пахши як изҳороте, ки матнашро ахиран духтараш дар Инстаграм нашр кард, аз дохили зиндон истода аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостааст, ки ба ҳоли ӯ раҳм ва ӯро озод кунанд. Каримова иддао кардааст, ки дар доираи таҳқиқот дар муддати шаш соли охир беш аз 1 миллиард пулҳоро ба буҷаи Узбекистон баргардонида, боз беш за ним миллион доллари дигарро ҳам бармегардонад. Гулнора Каримова гуфтааст, ки бемор аст ва инро қаблан вакили дифои ӯ ҳам гуфта буд.

Дар изҳороти рӯзи душанбеи додситонии кулли Узбекистон гуфта мешавад, ки дарёфти макони маблағҳо баъди он имкон дод, ки як хеши Гулнора Каримова дар доираи тафтишот ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Ин шахс, ки номаш нашр намешавад, дар солҳои 2004 то 2013 дар Швейсария хеле фаъол буд ва пулҳоеро, ки ба дасташ меомад, ба қисмҳо ҷудо карда аз номи ширкатҳои мухталиф дар бонкҳо ҷой медод. Бо ин роҳ ин нафар манбаи аввалияи маблағҳоро пинҳон мекард. «Ӯ инчунин санадҳои тақаллубии бонкиро имзо кард, то ки соҳиби воқеии ин пул будани Гулнора Каримова ошкор нашавад», омадааст дар изҳороти додситонии кулли Узбекистон. Дар таҳқиқу фош шудани ин нақшаҳо муфаттишон бо 19 кишвар ҳамкорӣ кардаанд, гуфта шудааст дар изҳорот.

Ҳоло хеши Гулнора Каримова бояд 390 ҳазор франк ҷарима пардохта, инчунин 130 миллион франк (муодили 133 миллион доллари амрикоӣ) ба Узбекистон интиқол ёбад. «Феълан 5 гумонбари дигар таҳти бозҷӯӣ буда, беш аз 650 миллион франк маблағ ба ҳабс гирифта шудааст», омадааст дар изҳорот.

"Ман ислоҳ шудам". Номаи Гулнора Каримова аз зиндон

Гулнора Каримова ахиран аз дохили зиндон муроҷиатномае ба номи президент Шавкат Мирзиёев нашр кард. Муроҷиати Гулнора Каримоваро духтараш Имон Каримова дар саҳифаи худ дар "Инстаграм" чоп кард. Каримова дар муроҷиати худ гуфтааст, дороиҳояшро гирифтанд ва ӯ барои дар чунин шароит афтодани худу фарзандонаш аз касе шикоят нахоҳад кард.

"Мехоҳам эълон кунам, барои ёддошт, то кунун дороиҳое, ки дар ҳудуди Узбекистон танҳо ба ман тааллуқ доштанд аллакай аз ихтиёри ман гирифта шудаанд ва ба нафъи будҷаи ҷумҳурӣ кор мекунанд. Инро натиҷаи чандин таҳқиқоти дохилӣ тасдиқ кардааст ва ин маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар аст."

Вай ҳамчунин гуфтааст, дар ҳисобҳояш дар хориҷа пул дорад, ки барои соҳибӣ ба онҳо низ даъво намекунад. "Дар ҳоли ҳозир маро вазъи саломатиям нигарон кардааст. Бояд ду ҷарроҳиро аз сар гузаронам ва ин вазъият маҷбур кард, то ба президент муроҷиат намоям”, -- навиштааст ӯ.

Грегуар Манже, вакили швейтсарии Гулнора Каримова, низ дар Твиттер навишт, вазъи саломати зерҳимояаш бад шудааст ва ба ӯ кумаки пизишкӣ намерасонанд.

Манжа баъди боздид бо нафари таҳти ҳимояташ дар зиндони Зангиота дар "Твиттер" навишт, “муштарии ман ҳолати бад дорад. Фишораш – баланд. Як пояш комилан печонида шудааст. Ҳеч табобат намегирад. Ман аз давлат суоли соддае дорам: чаро ва то кай? Ин худсариро бас кунед."

Каримова дар зиндони занонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд давраи ҷазоро паси сар мекунад. Ӯро моҳи марти имсол аз ҳабси хонагӣ ба онҷо кӯчонданд.

Соли 2015 нисбат ба Гулнора Каримова дар Шветсия, Швейтсария ва Амрико парвандаи ҷиноӣ боз ва он вақт духтари раиси ҷумҳури Узбекистонро ба азхудкунии тақрибан як миллиард доллар айбдор карданд.

Гулнора Каримова моҳи декабри соли 2017 дар Узбекистон бо ҷурми сӯиистифодаи молӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дертар ҳукми ӯро то панҷ сол ҳабси хонагӣ кам карданд. Вале моҳи март бо ҷурми поймол намудани қоидаҳои ҳабси хонагӣ ба зиндон андохтанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG