Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Тоҷикистон


Думаи давлатии Русия 11-уми июн созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи истифодаи муштараки артишҳоро ба тасвиб расонд.

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ва муъовини аввали вазири дифоъи Русия Николай Макаров зимни муаррифии тарҳи қонун ба депутатҳо гуфт, воҳиди низомии Русия дар Тоҷикистон се вазифаро иҷро мекунад: таъмини амниятии манофеъи Русия, амнияти Тоҷикистон ва амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон.

Дар посух ба пурсиши намояндагони порлумон дар робита ба мушкили ҳузури нерӯҳои ҳавоии Русия дар Тоҷикистон Макаров эътироф кард, ки ин мушкил марбут ба талаби расмии Тоҷикистон аст, ки мехоҳад фуруду парвози ҳавопаймоҳои низомии Русия бо нархи ҷаҳонӣ анҷом шавад, дар ҳоле ки то кунун чунин таъаҳудот набуд. Вай гуфт, мо ба шарти Тоҷикистон розӣ шудаем ва парвози ҳавопаймо шуруъ мешавад.

Раиси Ситоди кулли артиши Русия ҳамзамон эътироф кард, ки мушкили дигари хеле ҷиддӣ муносиботи тираи Тоҷикистон бо Узбакистон аст, ки барои фаъолияти муътадили воҳидҳои низомии Русия дар Тоҷикистон монеъа эҷод кардааст. Вай афзуд, байни Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 60 масъалаи мавриди баҳс вуҷуд дорад ва ба ҳамин далел масъалаи расонидани таҷҳизот ба воҳидҳои низомии Русия дар Тоҷикистон аз роҳи заминӣ замин мушкил шудааст. Ба ҳамин сабаб бештари коло аз тариқи ҳаво бояд фиристода шавад. Раиси ситоди кулли артиши Русия гуфт, дар ин замина феълан гуфтушуниди душвор ҷараён дорад.

Дар иртиботи равобити печидаи Тоҷикистону Узбакистон ва таъсири он ба фаъолияти низомии Русия дар Тоҷикистон таҳлилагари низомӣ аз Бунёди «Карнегӣ»-и Маскав Александр Пикаев мегуяд, тавсеъаи ҳамкории низомии Русияву Тоҷикистон ба суди Узбакистон нест. Ба ҳамин хотир Узбакистон бо ҳар васила дар ин раванд монеъа месозад. Коршиноси низомӣ дар робита ба таъхир афтодани аломатгузории байни марзҳои Тоҷикистону Узбакистон тахмин мекунад, ки Узбакистон ба Тоҷикистон шояд даъвои марзӣ дорад. Мушкили дигар об аст. Ва доғтар аз ин масъалаи тоҷикони муқими Узбакистон мебошад.

Дар ҷараёни баррасии тарҳ намояндаи порлӯмони Русия Семён Богдасаров гуфтааст, печидани Русия ба ихтилофи байни Тоҷикистон ва Узбакистон аз эҳтимол дур нест.

Бино ба гузориш, созишномаи нерӯҳои эътилофии муштарак байни Русия ва Тоҷикистон 23 моҳи ноябри соли 2006 дар шаҳри Брести ҷумҳурии Белорус имзо шудааст. Ин созишнома истифодаи муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар дар замони осоишта ва дар марҳалаҳои хатарнокро дар назар дорад. Эътилоф аз ҳисоби нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон ташкил карда шудааст ва таҳти фармондеҳии воҳид амал мекунад. Дар гузоришоти порлумони Русия гуфта шудааст, ки ҳазинаҳои ин аҳдномаи низомӣ аз буҷаи Русия пардохта мешавад.

XS
SM
MD
LG