Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қатли хабарнигори рус тоҷикҳо гумонбар мешаванд


Кушташуда Илёс Шурпаев яке аз хабарнигорони шинохтаи шабакаи "ОРТ" буд
Кушташуда Илёс Шурпаев яке аз хабарнигорони шинохтаи шабакаи "ОРТ" буд

Мақомоти Русия дар қатли як хабарнигори рус ду тоҷикро муттаҳам хонда, аз вазорати дохилаи Тоҷикистон хостори кумак барои дастгирии онҳо шудаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон омодааст ҷиҳати таҳқиқи ин қазия ва боздошти афроди гумонбар дар ин куштор мусоидат кунад.

Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпаев рӯзи 21 март дар манзили зисташ аз сӯи афроди номаълум кушта мешавад. Мақомоти интизомии шаҳри Маскави Русия дар ин куштор ду шаҳрванди 20 ва 24-солаи Тоҷикистонро муттаҳам ва ҷустуҷӯи байнулмилалии онҳоро эълом кардааст.

Мақомоти интизомии шаҳри Маскав гуфтаанд, ки шаҳрвандони тоҷик баъди қатли рӯзноманигори рус аз манзили зисти ӯ як миқдори маблағро рабуда ва яке ба самти Душанбе ва дуввуми ба Хуҷанд фирор кардаанд. Мақомоти интизомии Русия навори видеоиро ба ҳайси мадрак ва далели ширкати тоҷикон дар ин куштор овардаанд, ки гӯиё тавассути камераи даромадгоҳи манзили иҷораи журналист сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол манобеи вазорати дохилаи Тоҷикистон фарзияи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатли ин рӯзноманигорро барвақт меҳисобанд. Ба таъйиди ҳамин манобеъ, қарор аст дар рӯзҳои наздик як ҳайати бозрасон аз мақомоти интизомии шаҳри Маскав ҷиҳати таҳқиқи ин қазия вориди Тоҷикистон шавад. Дар ҳоли ҳозир вазорати дохилаи Тоҷикистон аз боздошти афроди гумонбар дар иртибот ба куштори рӯзноманигори Русия чизе намегӯяд.

Вале ҳамзамон манобеи вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳатто дар сурати боздошт ва исботи гуноҳ низ Тоҷикистон ҳозир нахоҳад шуд шаҳрвандони худро барои тафтиш ва адои ҷазо ба Русия истирдод кунад. Зеро дар чаҳорчӯби конвенсиюни Минск,ки соли 1992 аз сӯи кишварҳои Муштаркулманофеъ ба тасвиб расидааст, Тоҷикистон ин ҳақро дорад, ки шаҳрвандони дар хориҷ аз кишвар ба ҷиноят даст задаро дар доираи қавонини худ ба ҷазо кашад. Аммо дар доираи ҳамин конвенсиюн Тоҷикистон омода аст барои таҳқиқи қазия ва боздошти афроди мазнун кӯмак кунад.

Аммо бештари хабаргузориҳои Русия аз қавли мақомоти интизомии ин кишвар навиштаанд, ки Русия истирдоди афроди гумонбар дар қатли Игор Шурпаевро тақозо кардааст. Тибқи иттиллои вазорати дохилаи Тоҷикистон дар соли гузашта 67 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки барои иртикоби ҷиноёт гумонбар ва таҳти пайгарди қонуни қарор доштанд аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт шуда ва таслими мақомоти интизомии Тоҷикистон шудаанд.

Зимнан вақтҳои ахир дар матбуоти Русия аз ширкати муҳоҷирони кори тоҷик дар ин ва ё он ҷиноят зиёд менависанд. Чанде қабл хабаргузориҳои Русия бо истинод ба манобеи ФСБ – идораи амниятии ин кишвар навиштанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштааст, ки ба ҷони Владимир Путин сӯиқасд кунад, аммо дертар маълум шуд, ки ин нафар шаҳрванди худи Русия будааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, бозрасони интизомии Русия дар қатли рӯзноманигори рус на танҳо фарзияи ширкати тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар ин қазия фарзияҳои дигар низ дар дасти таҳқиқ ва баррасии мақомоти ин кишвар қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG