Изҳороти Лавров дар ҷараёни нишасти матбуотӣ бо вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ва вазири дифои ин кишвар Роберт Гейтс дар Маскав садо дод. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки ният дорад, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳама гуна ҳамлаҳо, сипари зиддимушакии худро дар хоки Лаҳистону Ҷумҳурии Чех мустақар кунад. Лавров гуфт, хости Маскав ин аст, ки барномаи пешниҳодшуда мутаваққиф шавад ва Маскав талош хоҳад кард, ки хатарҳои аз ин сипар эҳсосшавандаро безарар созад.
Лавров гуфт: "Мо бовар дорем, ки ба хотири ҳамкории самараноки мутахассисони Русияву Амрико, барномаҳои истиқрори бахши сеюми системаи дифои мушакӣ дар Аврупо бояд мутаваққиф шавад"
Русия ин барномаи Амрикоро таҳдид ба худ мешуморад ва ба Амрико пешниҳод кардааст, ки ба сифати чунин сипар аз родоре дар қаламрави Озарбойҷон истифода кунад. Амрико мегӯяд, ки пешниҳоди Озарбойҷон қобили пазириш буда наметавонад, чунки тавассути он дидгоҳи васеъ, на маҳдуд ва мушаххас пеши назар меояд. Ва аммо радари Ҷумҳурии Чех аз ин назар хеле мувофиқ мебошад.
Дар посух, Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико гуфт, ки барномаҳои кишвараш ба Русия таҳдид намекунанд ва Вошингтон ният дорад музокиротро дар ин замина бо Маскав идома диҳад. Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ба таври мушаххас гуфт, ки барномаи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупоро пуштибонӣ нахоҳад кард. Вай ин мавқеи худро дар лаҳзаҳои аввали оғози музокироташ бо Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс дар Маскав изҳор кард. Вай таҳдид кард, ки Маскав метавонад, аз Паймони аслиҳаи маъмулӣ дар Аврупо хориҷ шавад.
Роберт Гейтс гуфт: "Мо аз изҳороти Русия роҷеъ ба боздошти ширкаташ дар Паймони аслиҳаи маъмулӣ дар Аврупо нигарон ҳастем. Мо умедворем, ки ихтилофи назарҳо рафъ хоҳанд шуд. Мутахассион талоши худро барои пайдо кардани роҳҳал идома хоҳанд дод ва барои дигар ширкатдорони ин паймон ҳам он муфид хоҳад буд"
Паймони мазкур 20 соли пеш ба имзо расида Русияву Амрикоро водор ба нобудсозии ҳудудан се ҳазор мушакҳои русиву амрикойӣ кардааст. Вазири дифои Амрико афзуд, ки сипари зиддимушакии кишвараш Русияро ҳадаф қарор намедиҳад ва алайҳи манфиатҳои стратегии Русия ҳам нигаронида нашудааст.