Дар феҳрасте, ки Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон омода кардааст, дар рӯзи аввал Маркази тадқиқоти стротежӣ, Вазорати маориф, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Кумитаи ТВ ва радио конфронси матбуотӣ доир хоҳанд кард.
Ҳар семоҳа доир намудани конфронсҳои матбуотӣ аз баҳори соли 2005 барои ниҳодҳои давлатӣ амр шудааст. Он замон ҳадафи ин амри раисҷумҳур таъмини шаффофияти кори сохторҳои ҳукуматӣ ва дастрасии расонаҳои хабарӣ ба иттилоот унвон шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон гуфтааст, омода аст, дар баргузории ин конфронсҳои матбуотӣ ба ниҳодҳо кӯмак расонад. ИЖТ гуфтааст, метавонад конфронс-зали маҷмаъаи «Шарқи Озод»-ро дар соатҳои баргузории конфронсҳои матбуотӣ ройгон дар ихтиёри ниҳодҳо гузорад.
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон гуфтааст, 90 % - расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар «Шарқи Озод» ҷойгиранд ва баргузории конфронсҳои матбуотӣ иштироки шумори бештари хабарнигорон дар онҳоро таъмин мекунад.
Қаблан, иддае аз мақомот гилагузорӣ мекарданд, ки дар конфронсҳои матбуотии онҳо шумори ками хабарнигорон ҳозир мешаванд.
Дар навбати худ, хабарнигорон шикоят мекунанд, ки дигар дастрасӣ ба иттилое барояшон мушкилтар гаштааст, зеро бархе аз мақомот ҳар боре, ки хабарнигоре барои хабаре муроҷиат кунад, посух мешунавад, ки иттилоашро дар конфронси матбуотӣ хоҳад гирифт.
Корбарони азиз аз шумо хоҳиш мекунам сурати интернетро соз кунед
Салом алайкум ҳамватанони азиз агар дар Тоҷикистон ҳаммаи кампания бо суръати баланд интернетро месохтанд 9 млн одам дар кишвар аз суръати пас и интернетрда азоб намекашуд
Гадои сар шуд
Мардуми содда, гумон мекунанд, ки бо хондани намоз дар масҷид ҳамаи мушкили зиндагиашон ҳал мешавад. Агар шабу рӯз намоз хонӣ фоида надорад, то кор накунд як луқма нон ёфта наметавонед. Ба умеди биҳишт нашавед, ки аз афсона беш нест. Ба умеди ҳеҷ кас нашавед, аз худатон намонед.
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша