Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Анна Политковская дар радиои Озодӣ


Агар ҳар ёдбуд бар замми гиромидошти хотираи қурбоншудагон, паёме ҳам бошад, маҳфили соли Анна Политковская дар маркази радиои Озодӣ дар Праг, чандин паём дошт.

Паёми асосӣ ин буд, ки Ғарб пуштибониро аз озодии сухан ва ҳуқуқи инсон дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ коҳиш додааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҷанги зидди терроризм ва ба хотири дарёфти ҳамназарӣ бо Русия дар баҳси ҳастаии Эрон ва Иттиҳоди Аврупо бо сабаби вобастагияш ба манобеи инержии Русия фишорро ба Маскав дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён коҳиш додаанд. Вале агар ҳукуматҳо саргарми дурӯягии сиёсиянд, ҳамкасбон, ҳамдилон, шаҳрвандони оддӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, одамони бовиждон ва одил хомӯш нестанд. Ин паёми дигари маҳфили ёдбуди Политковская буд.

Сардабири "Новая газета" Дмитрий Муратов, ки натавонист, ба Праг сафар ва дар ин ҳамоиш ширкат кунад, ба воситаи видеопайванд дар лавҳаи девори собиқ бинои полумони Чех падид омад ва ҳамин нирӯ, нирӯи мардумӣ, нирӯи афкори иҷтимоиро қавитарин пояе номид, ки куллан ҳуқуқи инсон ва ҷузван номи Анна Политковская имрӯз дар иртифои ин поя муҷассам шудаанд. Ҳамин пуштибонии аз дил ба дили мардум дар Русия ва сартосари ҷаҳон буд, ки "Новая газета" тавонист, якҷо бо муфаттишони бовиждон то ҳадди охир ба асрори қатли Анна наздик шаванд. Аммо ифшои номи гумонбаршудагон аломате ба қотилон гардид, ки худро пинҳон кунанд.

"Ба назари ман, бе пуштибонии ҷиддии андешаи ҷамъиятӣ пиромуни парвандаи қатли Анна Политковская мо наметавонистем, дар таҳқиқи он ин гуна пешрафт кунем. Ва ин аз ҳама муҳим аст. Ман шахсан ба нирӯи азими афкори иҷтимоии байнулмилалӣ эътиқод пайдо кардам."

Муратов гуфт, бо вуҷуди фишору монеаҳо таҳқиқи қатли Анна то ба нуқтаи ниҳоӣ расонда хоҳад шуд. Вай афзуд, дар муқобили нирӯи адл дар кишвараш, Русия, онҳое қарор доранд, ки дар фасод фурӯ рафтаанд ва ба хотири манофеъи худ аз қатли инсон ҳам рӯ наметобанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Чех, Мирек Тополанек гуфт, танҳо дар кишварҳое журналистонро намекушанд, ки воқеан давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд доранд ва барои он ки Русия ба чунин кишвар табдил ёбад, бояд ба он фишори бештар оварда шавад. Раиси Созмони байнулмилалии Freedom House ё Хонаи озодӣ, Кристофер Волка изҳори таассуф кард, ки Русия дар чанд соли охир дастовардҳои демократии худро ба боди ҳаво медиҳад ва ба давлати фишору таъқибу тарс табдил меёбад.



Вазири ҳукумати Чех, собиқ вазири умури хориҷии ин кишвар, Кирил Свобода иқрор кард, ки сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳукуматҳоро маҷбур мекунад, ҳаддалимкон ҳамаро аз худ розӣ нигаҳ доранд, ҳарчанд дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ҳатман ба бархӯрди манофеъ ва мавзеъгириҳо рӯбарӯ мешавӣ. Вай аз он афсӯс хӯрд, ки сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо ягона ва ҳамоҳанг набуда, ба манофеи гуногуни давлатҳои узв пойбанд мебошад. Аз диди президенти пешини Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кевин Клос масъалаи Чеченистон, ки машаққати мардуми он яке аз мавзӯъҳои Анна буд, барои Ғарб ба як масъалаи сардаргум табдил ёфтааст. Лекин вақте сухан аз куштори як инсон меравад, ки зода шудааст, то шоҳиди ин ҳама бошад, ин навъ қурбонӣ зуд таваҷҷӯҳи ғарбиёнро дар сатҳи хусусӣ ва отифӣ ба худ мекашад. Аммо ноиби сардабири маҷаллаи "Экономист" Эдвард Лукас гуфт, дар Ғарб нишонаҳои тағйире ба мушоҳида расидаанд ва метавон умедвор буд, ки ҳуқуқи инсону озодии сухан дар оянда ба сархатти сиёсатҳои хориҷӣ ва баҳсҳои ҷаҳонӣ хоҳад баргашт.

XS
SM
MD
LG