Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Тарғиботи пеш аз интихоботӣ авҷ мегирад


Номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии ИМА тарғиботи интихоботӣ ва ҳамла болои рақибонро бештар кардаанд.

Шаби чоршанбе ситоди номзади демократ сенатор Барак Обама дар бузургтарин шабакаҳои телевизионии ИМА 30 дақиқаи вақти беҳтарин ба истилоҳ "прайм-тайм"-ро харидорӣ намуда, як филми ташвиқотиро намоиш дод. Номзади ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон Маккейн ҳамроҳ бо афсарони бознишастаи хадамоти амниятӣ дар аёлати Флорида бо раъйдиҳандагон мулоқот намуд.

Ба қавли ситоди интихоботии довталаби ҳизби демократ ҳадаф аз барномаи нимсоатаи Барак Обама, ки шоми чоршанбе дар шабакаҳои бузурги телевизиони ИМА намоиш дода шуд, бастани паймон бо раъйдиҳандагоне буд, ки дар овоздиҳии рӯзи сешанбеи оянда аз ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Тахмин мешавад, ки намоиши ин навори тарғиботӣ 4 миллион доллар нарх хоҳад дошт. Обама ба монанди рақиби ҷумҳурихоҳаш Ҷон Маккейн аз хазинаи давлатӣ пул нагирифтааст ва аз ин рӯ, метавонад бидуни маҳдудият тарғибот намояд.

Дар ин навор вохӯриҳои Обама бо раъйдиҳандагон, барномаи эҳёи иқтисод, эҷоди ҷойҳои кории нав ва мавқеи номзади демократ дар масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии Амрико дар мазҳари ом гузошта шудааст.

Обама дар муроҷиати мустақимаш ба тамошокунандагон мегӯяд, "ман президенти олӣ нахоҳам буд, вале ваъда медиҳам, ки доимо шуморо аз ақидаву тасмимҳоям огаҳ хоҳам кард".

Довталаби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн навори нимсоатаи Обамаро беаҳамият хонд. Аснои мулоқот бо раъйдиҳандагони шаҳри Тампаи аёлати Флорида собиқ мушовирони Қасри Сафед дар умури амнияти миллӣ ва низомиёни баландпояи бознишаста бо Ҷон Маккейн дар як саф қарор доштанд.

Маккейн мавзӯи дӯстдоштааш: собиқаи ғании хидмат ба ҳайси фармондеҳи ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои баҳрии ИМА-ро хотирнишон намуда, худро раҳбари сиёсии варзида арзёбӣ кард.

Маккейн бори дигар як суханронии ёри интихоботии Обама: довталаби курсии ноибпрезиденти ИМА сенатори демократ Ҷозеф Байденро ба ёд овард: "Сенатор Байден ҳушдор додааст, ки дар давоми шаш моҳи аввали раёсатҷумҳуриаш сенатор Обама бо бӯҳрони байналмилалӣ мувоҷеҳ шуда, мавриди озмоиш қарор мегирад. Дӯстони азиз, ман аз чунин имтиҳон гузаштаам. Ман озмоишро гузаштаам. Сенатор Обама то ҳанӯз озмоиш нашудааст".

Бо ишора ба назархоҳиҳо, ки пешдастии Обамаро нишон медиҳанд, Маккейн гуфт, дар гузашта ӯро ҳатто номзади ҷиддӣ барои намояндагӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳисоб намекарданд, вале то ҳанӯз он тахминҳо нодуруст баромадаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи чоршанбе Обама ҳангоми мулоқот бо раъйдиҳандагони аёлати Каролинаи Шимолӣ иброз дошт, ки барномаи иқтисодии Маккейн мардуми камбағали ИМА-ро камбағалтар ва сарватмандонро ғанитар хоҳад кард: "Агар сенатор Маккейн президент интихоб шавад, барои аввалин бор дар таърихи Амрико имтиёзҳои беҳдоштии шумо мавриди андозситонӣ қарор мегиранд. Хавфе ба миён меояд, ки то 20 миллион шаҳрванди Амрико суғуртаи беҳдоштиро аз даст диҳанд".

Ҳамчунон Обама барномаи иҷтимоии Маккейнро, ки хусусигардонии хазинаи нафақаро мадди назар дорад, танқид кард. Ба гуфти Обама дар вазъи кунунии бозорҳои молӣ чунин амал метавонад мардуми зиёдро аз нафақа маҳрум кунад.

Интихоботи президентии ИМА чоруми ноябр барпо хоҳад шуд, вале тибқи қонунҳои ИМА раъйдиҳандагон ҳақ доранд, дар давоми дук ҳафтаи пеш аз интихобот ба овоздиҳӣ шурӯъ намоянд. Дар ҳар сурат қуттиҳо овоздиҳӣ баъди анҷом маърака боз хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG