Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисоди ҷоизаи шашум ва ниҳоист. Таваҷҷӯҳ ба он хеле бузург буд, зеро ҷоиза дар ҳоле тақдим мешавад, ки ҷаҳон бӯҳрони саросарии иқтисодиро пушти сар мекунад.
Остром аввалин занест, ки ба ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод ноил мегардад. Аслан ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 1968 бо ташаббуси Бонки марказии Шветсия таъсис дода шуд. Аз як миллиону чорсад ҳазор доллари ин ҷоиза нисфи он ба хонум Остром ва нисфи дигар ба иқтисодшинос Вилямсон тақдим мешавад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Остром бо ҳаяҷон гуфт, "аксуламали аввали ман ин буд, ки ман дар ҳайрат афтода, аз қадрдонӣ хушҳол шудам. Мардуми зиёде ҳаст, ки барои гирифтани ин ҷоиза қодир буданд, ва ин ҷоиза бароям ифтихор аст. Ва ман ҳанӯз ҳам дар ҳаяҷон ҳастам".
Раиси Кумитаи Нобел Бертил Ҳолмлунд аснои эълони номи барандаҳо гуфт, ки таҳқиқоти Остром ва Вилямсон имкон медиҳад, ки мардум сохтори муассисаҳои башариву ҷамъиятиро дарк намоянд.
Ӯ афзуд, "таҳқиқоти Элинор Остром ва Оливер Вилямсон нишон медиҳад, ки чӣ гуна таҳлили иқтисодӣ рӯи ниҳодҳои ғайрибозорӣ рӯшанӣ меафканад."
Кумитаи Нобел ба аҳамияти таҳлили хонум Остром дар мавриди идораи молу мулки ҷамъиятӣ ва ё дақиқтар гӯем, зери назорати ҷамъиятӣ, ишора кардааст.
Таҳқиқоти хонум Остром нишон медиҳад, ки моликияти зери назорати ҷамъиятӣ ҳатман зери назорати заиф намебошад ва ҳатмӣ нест, ки он хусусӣ ва ё зери раҳбарии ҳукумати марказӣ қарор гирад.
Вилямсон сохтори раҳбарӣ дар ширкатҳои тиҷориро таҳқиқ намудааст. Ӯ дар бораи сохторҳои зери назорати, ба истилоҳ, иерархӣ ва ё "мартаба ба мартаба" ибрози назар намуда, онро сохтори алтернативии раҳбарӣ унвон додааст.
Дар давоми сӣ соли гузашта ин баҳс хомӯш нашудааст. Бисёриҳо масъалаи раҳбарии иқтисодро мояи асосии бӯҳрони ҷаҳонии кунунӣ унвон медиҳанд. Ба гуфти онҳо раҳбарони шӯроҳои мудирони ширкатҳои бузург натавонистаанд, мудирони иҷроияро аз гирифтани риски бемаънӣ нигаҳ доранд. Бар илова ин риск бо ҷоизаҳои ҳангуфт тақдир карда мешавад, ки таҳдиди сар задани бӯҳронҳои навро аз байн намебарад.

Апаи Анора Худо ератон. Ин номардҳо кампиру муйсафеда ҳам шикор мекунанд. Намешармед?? Биҳишт зери пойи модарон
Dar borai har tema metonand suhbat kunand, vale hudo nakunad,ki poi Tojikistoni aziz ba jang alayhi Ukroin kashonda shavad...
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам, Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам. Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд, Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам? Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост, Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам. Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст? Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам? Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд, Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам... Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб! Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам... Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ, Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам... Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола, Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам... Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам. Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку? Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба яздон накунам? Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург? Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам? Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам, Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам. Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт, Ҳам на з-он аст ки шуд сӯхта боғу чаманам, Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам, Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам, Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд, Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам! Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам. Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам. Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам. Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар, Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам.
Соли 2021 вақте ШОС дар Душанбе баргузор гардид ҷаноби Путин наомад, бино бар ин мақсад дорад он ғоибро ҷуброн намояд
Имруз дар Тоҷикистон ягон сиёсатмадори дуруст дида намешавад, мардум аз паи пул савдо муҳоҷират. Хайр ин рузҳо ҳам мегузарад баъди 500 сол беҳтар мешудагис!!! Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола, Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам... Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.