Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзии "Фардо", "Афғонистони Озод" ва "Озодӣ"


Таҷрибаи тоза -- гуфтугӯи муштараки се шабака -- радиои "Фардо", радиои "Афғонистони Озод" ва радиои "Озодӣ"

Дар рӯзи Иди Наврӯз студияҳои се радио аз хонаводаи шабакаҳои радиои "Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" рӯи амвоҷи ҳамдигар барои ним соат бо ҳам васл шуданд ва ин барнома ҳамзамон дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон шунида шуд.

Хатти мухобироти моҳвораӣ инчунин бахшҳои ин радиоҳоро дар Душанбе, Кобул ва Мазори Шариф низ бо ҳам пайванд кард ва дар барнома овозхони саршиноси Афғонистон Фарҳоди Дарё аз Ҳиндустон ба воситаи телефон бо мо ҳамсӯҳбат гашта, дар дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе фарҳангшиноси тоҷик, Сайфиддин Мирзозода аз вижагиҳои Наврӯз дар Яғноби Тоҷикистон ҳикоят кард.

Фарҳоди Дарё барои шунавандагон дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон тозатарин таронаашро замзама кард ва Сайфиддин Мирзозода Наврӯзро ба ҳамагон бо забони яғнобӣ муборак гуфт.

Шунавандагон аз барномаи муштараки ми;ни се радио истиқбол карданд ва аз Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Покистон ба унвони он номаҳои сипосгузорӣ расид.
XS
SM
MD
LG