Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва амният дар ИДМ


Қабл аз он, ки президенти Русия Дмитрий Медведев дар таърихи 22 май ба Қазоқистон сафар намояд, хадамоти амниятии Русияву Қазоқистон ҳамкории амиқ роҳ андохта, ба таври муназзам табодули иттилоъ мекунанд.

Дар ин робита шореҳони пажӯҳишгоҳи британиявии Ҷейнз мегӯянд, президенти кунунии Русия ходими собиқи КГБ набошад ҳам, зоҳиран хатти раисҷумҳури пештара Владимир Путинро идома дода, аз тасаллути хадамоти амниятии Русия рӯи муттафиқонаш баҳрабардорӣ хоҳад кард.

Президентҳои собиқи Русия Борис Елтсин ва Владимир Путин чорчӯби Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ - СНГ-ро барои такмил намудани равобити шахсиву расмии афсарони собиқи КГБ, ки ҳанӯз ҳам дар хадамоти амниятии ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ нуфуз калон доранд, истифода мебурданд.

Моҳи марти соли 1995 Маскав аввалин мулоқоти раҳбарони хадамоти амниятии 12 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро ташкил кард, ки дар паи он Шӯрои раҳбарони хадамоти амниятии ин кишварҳо таъсис ёфта, чанд созиши тавсеъаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният: мубориза бо терроризм, қочоқи силоҳ ва дигар анвои ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.

Моҳи апрели соли 2000-ум раҳбарони Иттиҳод мувофиқат карданд, ки дар Бишкек маркази зидди терроризм поягузорӣ шавад. Вазифаи асосии ин марказ муқовимат ба ҷунбишҳои ифротгароии исломии Осиёи Марказӣ мебошад.

Аъзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври муназзам вохӯриҳои раҳбарони ниҳодҳои умури дохилӣ, амният ва марзбононро ташкил мекунанд.

Соли 2006-ум аъзои ин созмон мувофиқат карданд, ки бар иловаи тамринҳои амниятиву ҳарбии муштарак табодули таҷрибаи мутахассисон ва таълими донишҷӯёни икшварҳои узвро танзим намоянд. Моҳи октябри соли 2007-ум раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ собиқ раҳбари хадамоти ҷосусии хориҷии Русия Сергей Лебедевро дабири кулли Иттиҳод таъин намуданд.

Ба қавли шореҳони пажӯҳишгоҳи британиявии Ҷейнз, Лебедев метавонад мақомашро барои таҳкими мавқеи Русия дар қаламрави иттиҳод истифода барад. Вакили мардумии Русия Виталий Маргелов мегӯяд, аз таъини Лебедев раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мафод мебардоранд, зеро ӯ имкон нахоҳад дод, ки дар ин кишварҳо мушкилиҳои шабеҳи Беларус, Гурҷистон ва Украина рӯй надиҳанд.

Соли гузашта дар мулоқоти Душанбе раҳбарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ёддоште имзо гузошта, ба таҳкими равобити ин паймон бо Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақли ғайришаръии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона ризоят доданд.

Вале муаллифони гузориши пажӯҳишгоҳи Ҷейнз бар ин назаранд, ки ҳамкории амниятии миёни кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шангҳай аз ҳадди муайян берун намебарояд, зеро ақидаи ин кишварҳо яксон нест.

Масалан, Русия созмонҳои Ҳамос ва Ҳизбуллоҳро ҷумбиши ифротгаро намешуморад, вале баъзе кишварҳои узви Иттиҳод ин созмонҳоро дар рӯйхати гурӯҳҳои ҷангҷӯй ҷой додаанд. Сониян, созмонҳо зуд-зуд макон ва номашонро тағйир медиҳанд. Гурӯҳи аз ҳама пурхатари минтақаи Осиёи Марказӣ: Ҳаракати исломии Узбакистон таҷзия шуда, ҳоло бо номҳои гуногун зуҳур намудааст. Ҳафтаи равон додгоҳи Тоҷикистон се узви ин гурӯҳро, ки ҳоло ҳамчун аъзои гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ муаррифӣ мешаванд, ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Ва билохира баъзе аз аъзои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз қабили Гурҷистон, Молдова ва Украина аз ташхиси се истилоҳ терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароии динӣ, ки бо машварати Пекин сурат гирифтааст, хушҳол нестанд.

Ҳамчунон шореҳони пажӯҳишгоҳи Ҷейнз шак доранд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мушштаракулманофеъ ва Созмони ҳамкориҳои Шангҳай ба табодули воқеии амниятӣ омода бошанд. Фасоди амиқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз як тараф, ва аз сӯи дигар кӯшиши вуруди Украинаву Гурҷистон ба паймони НАТО эҳтимоли дастрас шудани иттилои махфӣ ба кишварҳои ғарбиро афзоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG