Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Порлумон - зидди гирдиҳамоиҳо


Иловаҳо ба қонуни Қирғизистон таъсиси гирдиҳамоиҳои сулҳҷӯёна дар ин кишварро зери суол мондааст.

Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи фасод», мақараш дар Бишкек, мегӯяд, баъзе тағйироту иловаҳо ба моддаҳои Қонун «Дар бораи ҳуқуқи таъсиси гирдиҳамоиҳои бидуни силоҳ ва озодонаи шаҳрвандон», ки порлумон ба тозагӣ ворид кардааст, ба Қонуни асосии кишвар дар ихтилоф қарор дорад.

Гуфта мешавад, агар президент Боқиев ба ин Қонун вето нагузорад, таъсиси гирдиҳамоиҳои мусолиматомез ва озодонаи шаҳрвандон дар Қирғизистон зери суол хоҳад монд. Толуқон Исмоилова, раиси Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи фасод», зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо унвонии президент Боқиев як номаи расмӣ ироа кардаанд. Ба гуфтаи хонум Исмоилова, ягон маъмури давлат ҳақ надорад, ба ҳуқуқи шаҳрвандон, ки Қонуни асосӣ барояшон муқаррар кардааст, таҷовуз кунад. Мавсуф афзуд, ки ҳатто дар сурати чунин таҷовуз аз тарафи маъмурини давлат онҳо бояд ба ҷазо кашида шаванд.

Раиси Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи фасод» мегӯяд, ҳанӯз дар замони салтанати президенти собиқ Аскар Оқоев ҳомиёни ҳуқуқи башар тавонистанд, ки се моддаи Қонун «Дар бораи таъсиси гирдиҳамоиҳо»-ро лағв кунанд. Ба гуфтаи Толуқон Исмоилова, собиқ шаҳрдори Бишкек Дониёр Ҳусейнов, ки ҳафтаи равон аз вазифааш барканор гардид, тасмим гирифта буд, ки ба таъсиси намоишҳои эътирозӣ ва гирдиҳамоиҳои мусолиматомез дар қаламрави шаҳри Бишкек комилан хотима диҳад, вале намояндагон созмонҳои иҷтимоъӣ нагузоштанд, ки шаҳрдори Бишкек ба ин ҳадафи худ бирасад.

Бар асоси шаҳодати хонум Исмоилова, ахиран Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳарвандон алайҳи фасод» тасмим гирифт, ки унвонии раиси ҷумҳури кишвар як номаи расмӣ ироа кунад. Толуқон Исмоилова мегӯяд, дар нома тақозо шудааст, ки тарҳи нави Қонун «Дар бораи таъсиси гирдиҳамоиҳо», ки порлумон ба тасвиб расонидааст, ба Қонуни асосии Қирғизистон хилоф аст. Гуфта шуд, баъзе дастандаркорони давлат чунин мешуморанд, ки рушди демократия дар Қирғизистон кишварро ба роҳи бахато ворид хоҳад кард. Толуқон Исмоилова мегӯяд, вале ин даъвоҳои баъзе маъмурини давлат дастовардҳои кишварро дар солҳои истиқлолият зери шубҳа хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи раиси Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи фасод», ин маъмурини давлат ба чунин ақида низ устуворанд, ки таъсиси намоишҳои эътирозӣ ба арзишҳои тамаддуни аврупоӣ хос аст ва ҷомеъаи Қирғизистон ҳанӯз ба чунин сатҳу рушд нарасидааст. Ба таъкиди Толуқон Исмоилова, дар сурати ба тарҳи нави Қонун «Дар бораи таъсиси намоишҳои сулҳҷӯёна, озодона ва бидуни силоҳ» вето гузоштани Қурмонбек Боқиев вай бешак собит хоҳад кард, ки Қирғизистон аз роҳи демократия пеш меравад.

Дар ҳамин ҳол дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон перомуни ин номаи расмии Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳарвандон алайҳи фасод» ягон вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG