Оре, ба синни камолот мерасид ва зодрӯзашро дар ҳалқаи дӯстони бешумораш ҷашн мегирифт. Аммо субҳи ғуборолуди 21-уми декабри соли сиёҳи 2000 вай дар манзили кирояаш дар Маскав кушта шуд. То ҳанӯз асрори ин ҷинояти ваҳшатангез фош нашудааст ва ҳафт сол аст, ки пажӯҳиш идома дорад.
Намояндаи Додситонии шаҳри Маскав дар мусоҳибае дар зодрӯзи Искандар гуфт, баъд аз ин ҳама нокомӣ ва ноумедиҳо дар таҳқиқи парванда ахиран пешрафте ҳосил шудааст. Чунончи, фарзияи асосӣ муайян гаштааст, ки эҳтимолан ин ҷиноят бар хусумат поя дошта, аз тарафи яке аз ҳамсоягони Хатлонӣ ба амал омадааст. Вай гуфт, гумонбари куштор зери пайгард аст. Ҳамзамон ин манбаъ иқрор кард, ки ривоятҳои дигари эҳтимолӣ низ канор гузошта нашудаанд.
Ҳар сол дар зодрӯз ва маргрӯзаш дили ҳамаи онҳое, ки Искандарро мешинохтанд, дарднок сих мезанад ва садои орому хушоҳанги ӯ дар гӯшҳо садо медиҳад, ки мехонад: "Худоё, беватан мемирам охир. Ва бе гӯру кафан мемирам охир..."
Барои шунидани садои Искандар ва вижагуфтори мо аз бахши Multimedia дар гушаи рост ва болои сафҳа пайвандҳои навориро фишор диҳед.
Кудрати армияи мо факат ба худи мо мерасад.
Ха ха ха
Хеле чавоби чолиб.
Циркач 25,01,2021 03:53 навист: Пой надорад, вале хуб медавад Комменти дақиқ ва беҳтарин))
Шумо як бор фикр карда бароед, ки агар аз тарафи кордиханда омада шуморо гирифта бо пули худаш барад, чои хоб тияд, патент кунад, хуронад, пушонад, итд. Пас ин корхоро бо пули ки мекунад ? Хулоса кунед, ки ое шумо ойликатонро мебинед е не ???? Агар бо самолёт барад пули як билеты самолёт худаш чи кадар меистад ??????? Кихо инро назорат карда метавонад ? Боз худашон чанчол ташкил кунанд баьди яксол е ним сол боз чи ??...............