Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавҳаи бо русӣ ҳаккокишуда рӯи санги мазори журналистикаи тоҷик норизоӣ ба бор овард


Вера Кулакова, раиси анҷумани «Медиа Алянс» дар сухани ифтитоҳӣ гуфт, амдан дар ин тахтасанг ному насаби журналистонро ҳаккокӣ накардаанд, зеро ба гуфтаи хонум Кулакова, ин санг рамзист ва дар зерматни русии он метавон феҳристи журналистони тоҷикро, ки дар солҳои навади асри гузашта кушта шудаанд, гунҷонид.

Мардони Муҳаммад, хабарнигори ББС дар Душанбе мегӯяд, воқеан ҳам лавҳа наметавонист, насаби ҳама журналистонро дар худ ҷой диҳад: «Ман фикр мекунам, ки дар ин санг миёни дигар ҳамкорони шаҳид, номи худобиомурз Муҳиддин Олимпур, ҳамкори ман дар родиои ББС ҳаккокӣ шудааст»

Вале зумрае аз рӯзноманигорони тоҷик матни лавҳаро, ки русӣ буд, мавриди интиқод қарор додаанд. Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори Русское Радио Ориёно мегӯяд:

«Ин иқдоми хубе буд, аммо чаро бо русӣ катиба овардаанд, дар тааҷҷубам. Бояд ҳатман тоҷикӣ навишта мешуд, чун ин рӯзноманигорон тоҷик буданд, дар Тоҷикистон ва барои истиқлолияти Тоҷикистон фавтидаанд.»

Хуршеди Атовулло, хабарнигори дигари тоҷик гуфт, журналистони тоҷик дар ҳама маврид дер мемонанд ва имрӯз, ки шояд бо талаби созмонҳои байнулмаилалӣ, катибаи рӯи санг русӣ ҳаккокӣ шудааст, норизоӣ баён кардаанд.

Дар ҳамин маврид, гурӯҳи дигари журналистон бо як баёния ба дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Вазорати фарҳанг, Анҷумани Медиа Алянс ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо - дастандаркорони лоиҳа муроҷиат кардаанд, ки фавран катибаи рӯи санг ислоҳ ва бо забони форсии тоҷикӣ нигошта шавад. Адолати Мирзо мегӯяд, исми журналистони фавтидаро гурӯҳе ба тиҷорат задааст ва амдан бо забони русӣ лавҳаи ёдбудро ҳаккокӣ кардаанд, то муборизаи журналистони тоҷикро барои истиқлолият зери суол қарор диҳанд:

«Боиси аҳсант мебуд, агар ҳадаф тиҷорат аз номи шаҳидони гулгункафан, ки ба хотири аз императории Русия наҷот додани кишвари Тоҷикистон, мубориза барои истиқлолияти кишвар ва ҷойгузин кардани забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ шаҳид шудаанд, намебуд. Зеро Искандари Хатлонӣ, Сайф Раҳим, Отахон Латифӣ, Нафасбек Раҳмонӣ, Олими Зарробек, Муҳиддини Олимпур, Ширин Амирҷонов, Саидмуроди Ёриён, Шарифамоҳ Кишварова, Пиримқул Сатторӣ, Айюб Неъмат, Сайидалӣ Насибов, Муродулло Шерализода, Шарофиддини Қосим, Махсум Олимӣ, Ҷумъахон Ҳотамӣ ва дигарон аз ҷумлаи муборизони ин миллат барои истиќлолияти воќеї ва маќоми забони тољикї, ки имрўз забони давлатии ин кишвар аст, маҳсуб меёфтанд ва бештаринашон барои ҳамин мавзеъгириашон кушта шуданд.»

Ба иттилоъи Мухтор Боқизода, раиси хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ки дар маросими ифтитоҳи лавҳа амдан иштирок накард, дар Тоҷикистон дар тӯли 15 соли истиқлолият 74 журналист фавтидааст.
XS
SM
MD
LG