Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ ба сари қудрат бармегардад


Силвио Берлусконӣ, собиқ нахуствазири Итолиё ва раҳбари эътилофи "Мардуми озодихоҳ"
Силвио Берлусконӣ, собиқ нахуствазири Итолиё ва раҳбари эътилофи "Мардуми озодихоҳ"

Силвио Берлусконӣ дубора сари қудрат омад. Нахуствазири пешини Итолиё барои сеюм бор дар интихобот пирӯз шуд.

Баъди ҳисоби натиҷаҳои муқаддамотии раъйдиҳӣ, ки тибқи қонунҳои Итолиё ду рӯз ҷараён дошт, эътилофи "Мардуми озодихоҳ"-и Силвио Берлусконӣ аксарияти курсиҳоро дар ҳарду маҷлиси порлумон аз они худ кард. Ва ин маънои онро дорад, ки сарватмандтарин шаҳрванди Итолиё барои бори сеюм касби қудрат мекунад. Валтер Велтронӣ, рақиби интихоботии вай ва шаҳрдори пешини Рум, баъди дарёфти натиҷаҳои интихобот Берлускониро бо пирӯзиаш табрик кард:

Худи Берлусконии 71-сола, ки аз пирӯзиаш воқеан ҳам хушбахт аст, бо ин вуҷуд тавассути телевизиён гуфт, ки вай дарк мекунад мақоми раҳбарӣ дар шароити кунунии Итолиё як масъулияти бузург мебошад. Вай афзуд, "ман масъулияти амиқро эҳсос мекунам, чунки моҳҳову солҳои оянда хеле душвор хоҳад буд. Ва аммо ман бо тамоми нерӯ ва таҷрибаи худ талош хоҳам кард, ки панҷ соли ояндаи кишварамро ба як марҳилаи созанда табдил диҳам".

Берлусконӣ ҳамакнун дар баробари чолишҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ қарор хоҳад дошт. Солҳои ахир бӯҳронҳои зиёд домангири мардуми Итолиё буд. Аз як сӯ мушкилоти партовгоҳҳои Неапол, ки бо тазоҳуроти кормандони ин хадамот рӯбарӯ шуд, аз сӯи дигар, моҷарои сари адами амнияти ғизоӣ пеш омад, ки ба иқтисод ва кишоварзии Итолиё зарбаи шадид зад. Итолиё, ки дар миёни бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳонӣ ҷои ҳафтумро касб мекунад, имрӯз дар Аврупо бадтарин вазъи иқтисодиро дорад. Сандуқи байналмилалии пул пешгӯӣ кардааст, ки имсол рушди иқтисодии ин кишвар ҳамагӣ то 0,3 фоиз хоҳад расид, дар ҳоле, ки рушди иқтисодии Аврупо ба ҳисоби миёна 1,4 фоизро ташкил медиҳад. Берлускони ваъда додааст, ки корҳоеро барои коҳиши молиёт ва қарзи кишвар анҷом медиҳад.

Ва аммо худи Берсулконӣ чӣ шахсест, ки тавонистааст, дар ин 14 соли охир барои бори сеюм пуштибонии мардумро барои касби мавқеи нахуствазирӣ ба даст оварад? Аҳмади Рафъат, хабарнигори радио Фардо дар Рум, мегӯяд, муҳимтарин хусусияти вай дар сарватмандтарин шаҳрванди Итолиё буданаш аст, ки дороиашро дар фаъолиятҳои тиҷоратии риштаи бонкдориву сохтмон, телевизион ва матбуот, бима ва дигар бахшҳо афзун кардааст.

Аҳмади Рафъат афзуд, «Берлусконӣ ба ин назар аст, ки нахуствазир бояд аз қудрати бештар бархурдор бошад ва тавонад тасмимгирӣ кунад. Яке дигар аз хусусиёташ, ки вайро аз дигар сиёсатмадорони итолиёйӣ мутафовит мекунад, масъадаи ин ки бо бисёр аз қудратмандони кишварҳои хориҷӣ дорои равобити шахсӣ ва дӯстона аст. Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин яке аз онҳост. Вай метавонад бо мардум тамоси бисёр наздик барқарор кунад, чун лаҳни сӯҳбаташ мутафовит аз дигар сиёсатмадорон аст. Вай дар баёнаш камтар аз адабиёт ва луғатҳои сиёсӣ истифода мекунад".

Тавре оқои Рафъат таъкид кард, имсол дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ оқои Берлусконӣ он ваъдаҳоеро, ки дар гузашта кардаву дар анҷоми онҳо ноком шуда буд, накард. Ва, ба қавли нашрияи Corriere Della Sera, "бузургтарин мӯъҷизаи Берлусонӣ дар интихоботи имсола ба даст овардани раъйи бештари мардум шуд". Баъди нокомии ҳукумати нахуствазири пешин Романо Продӣ, ки моҳи январ баъди ду соли раҳбарӣ ба истеъфо рафт, Берлусконӣ мегӯяд, ки ҳукумати нави вай омода аст тӯли панҷ сол сари кор бошад.

XS
SM
MD
LG