Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба сари қудрат хоҳад баргашт?


Кохи Сафед дар ин шабу рӯз ба таҳвили қудрат аз маъмурияти раисиҷумҳури кунунӣ Ҷорҷ Буш ба маъмурияти раҳбари ояндаи Амрико Барак Обама омодагӣ мегирад.

Суннате, ки тақрибан аз замони таъсиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд дорад ва дар ин дусаду чанд сол ҷуз аз ислоҳи хеле андаки зоҳир тағйири ҷиддие надидааст.

Ва дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ чанд соат баъд аз эъломи хабари пирӯзии Обама дар интихоботи Амрико, Кремлин дигарбора дар фикри тағйири Қонуни Асосӣ ва дар андешаи тамдиди замони раёсати ҷумҳурӣ уфтод, ки бахши ағлаби таҳлилгарон заминасозӣ барои таҳияи шароити бозгашти дубораи Владимир Путин ба қудрат талақиаш мекунанд.

Раисиҷумҳури кунунии Русия Дмитрий Медведев дар нахустин паёми солонааш ба ҳайси раҳбари кишвар хостори тамдиди давраҳои фаъолияти ҳам раёсати ҷумҳурӣ ва ҳам Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия, шуд. Медведев рӯзи 5 ноябр дар толори Георгийи муқаддаси Кремлин гуфт, ки иҷрои муасссиртари ислоҳот замони мадидтар аз 4 соли феълан муқарраршуда дар Қонуни Асосиро тақозо мекунад: “Пешниҳоди дигари ман мутобиқан ба 6 ва 5 сол тамдид кардани мӯҳлати фаъолияти раёсати ҷумҳурӣ ва Думаи давлатист“.

Ба ин тартиб, Дмитрий Медведев барои нахустин бор хостори ислоҳи Қонуни Асосии Русия шуд. Даъватҳо ба ислоҳи Қонуни асосие, ки ҳанӯз соли 1993, дар аҳди президенти вақт Борис Елтсин тасвиб шудааст, тайи солҳои охир ва ба вижа тайи охирин моҳҳои раёсатҷумҳурии Владимир Путин ба таври мукаррар садо медод ва пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи Путин дар сари қудрат.

Ба ин хотир пешниҳод мешуд, ки раёсат барои як нафар танҳо бо ду давра маҳдуд карда нашавад. Пешниҳоди дигар тағйири замони раёсатҷумҳурӣ ва аз ин роҳ фароҳам овардани шароит барои идомаи замони раҳбарии Путин буд.

Раҳбари маъмурияти рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров, ки бо Путин иртиботи хеле наздик дорад, дар ин маврид аз ҳама фаротар рафт ва гуфт, Путин бояд раисиҷумҳури умрбоди Русия интихоб шавад.

Ба хотири таъмини пуштибонии мардум аз ин пешниҳодҳо як маъракаи густарда низ роҳандозӣ шуда буд ва ба шеваи дар солҳои шӯравӣ роиҷ аҳли ину он корхона, тарафдорони ин ё он гурӯҳи сиёсиву иҷтимоӣ аз Путин тақозо мекарданд, ки кишварро ба истилоҳ “ятим” накунад ва ба “раҳбарии хирадмандона”-аш идома диҳад. Дар пеши ин сели бузурги пуштибонӣ чанд садои парокандаи мухолифин, ки ислоҳи Қонуни Асосӣ ба хотири як нафарро бозгашт ба низоми худкома ва ба даврони шӯравӣ унвон мекарданд, қариб шунида намешуд. Ҳарфи эътирози Ғарб ҳам дигар барои Маскав аҳамияти чандоне надошт.

Аммо худи Владимир Путин дар ниҳоят ба чунин амал, яъне табдили Қонуни Асосӣ ва тамдиди замони раёсаташ дар як соли пеш ҷуръат накард ва Дмитрий Медведевро вориси худ пазируфт. Коршиносон билофосила Медведевро як раисиҷумҳури ба истилоҳ “техникӣ” ба қалам дода, мегуфтанд, ӯ баъд аз муддате ҷойро дубора барои устодаш Путин холӣ хоҳад кард. Ба курсии раиси кобинаи вазирон дар давлати Медведев нишастани Путин ҳадсу гумонҳо дар бораи азми бозгашт ба Кремлин доштани варо боз ҳам бештар кард.

Владимир Прибиловский, раҳбари маркази таҳқиқотии “Панорама” дар Маскав мутмаин аст, ки ҳадаф аз ибтикори ахири Медведев ҳамвор кардани роҳ барои бозгашти Путин аст: “Ман ин пешниҳодҳоро ғайридемократӣ ҳисоб мекунам. Албатта, ин ҳама ба раисиҷумҳури оянда ва ҳайъати ояндаи Думаи давлатӣ рабт дорад, ба маънии тамдиди замони раёсати худи Медведев ва ҳайъати кунунии Дума нест. Вале аз эҳтимол дур нест, ки ин ибтикор ба хотири Путин рӯи даст гирифта шудааст. Медведев фардо метавонад истеъфо диҳад ва Путин ин бора на барои 4 сол, балки барои 6 сол раисиҷумҳур интихоб карда хоҳад шуд. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки барои, на 7 соле, ки ходимони рӯ ба Кремлин пешниҳод мекарданд”.

Валентина Матвиенко, волии Санкт- Петербург давраи чорсолаи раёсати ҷумҳурӣ барои кишвари бузурге , чун Русияро нокофӣ хонда гуфтааст, дар 4 сол наметавон ин қаламрави бузургро ҳатто тай зад. Раиси ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов низ аз пешниҳоди тамдиди замони раёсати ҷумҳурӣ пуштибонӣ кард, вале гуфт, агар нафаре тавассути интихоботи ғайриодилона барои чунин муддат ба курсӣ бинишинад ва касе ҳаққи интиқод ва ё фаро хондани ин раҳбарро надошта бошад, нусхае аз ин бадтар нахоҳад буд.

Сергей Митрохин, яке аз раҳбарони ҳизби мухолифи “Яблоко”, бар ин назар аст, ки тамдиди замони раёсати ҷумҳурӣ ба таври занҷираӣ тамдиди замони раҳбарии мансабдорони зинаҳои поёнтарро ба дунбол дошта, танҳо натиҷааш боз ҳам муҳкамтар шудани низоми ҳокими худкома дар Русия хоҳад буд.

Як гурӯҳи фаъолони мухолифин дар Русия, бо шумули раҳбарони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои ростгаро Борис Немтсов ва Никита Белих ва раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ ва қаҳрамони пешини шоҳмоти ҷаҳон Гаррӣ Каспаров, акнун дар андешаи созмони ҷадиде таҳти унвони Ҷунбиши “Солидарност”, ё худ “Ҳамдилӣ” шудаанд. Ҷунбиши “Солидарност” низ мухолифи пешниҳоди ахири раисиҷумҳури Дмитрий Медведев буда, дифоъ аз Қонуни Асосии мавҷуда ва аз арзишҳои демократия дар Русияро ҳадафи меҳварии худ қарор додааст.

Ба назари маҳофил, ҳарчанд сардамдорони Кремлин пойбандии худ ба арзишҳои демократиро батакрор изҳор мекунанд, вале гомҳои амалие, ки мебардоранд, гӯяндаи сурати дуруст баръакси ҳол аст. Ба эътиқоди таҳлилгарон, Кремлин пайгирона аз роҳе пой мебардорад, ки Русияро ба ақиб бурда ва низоми ҳоким дар ин кишварро ба низомҳои бозмондаи худкома дар чанд кишвари шӯравии пешин дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз монандии бештар медиҳад. Низоме, ки табиъаташ ошкоро бӯи замони шӯравӣ мекунад, вале ранге аз демократияи воқеъӣ ва ба шеваи маъмул дар Ғарбро дар ин низом намебинед.

XS
SM
MD
LG