Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо: Саудӣ аз Ироқ хостааст, ки байни Теҳрон ва Риёз миёнҷигарӣ кунад


Вазирони умури хориҷии Эрон ва Ироқ.

Хабаргузориҳои Эрон ба нақл аз вазири умури дохилии Ироқ, ки ҳамакнун дар Теҳрон қарор дорад, аз дархости Арабистони Саудӣ барои миёнҷигарии Бағдод барои коҳиши таниш байни Теҳрон ва Риёз хабар доданд. Хабаргузориҳои арабӣ, аз ҷумла шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира низ ин хабарро пахш карданд.

Қосим Ал-Аъраҷӣ, вазири умури дохилии Ироқ, ки барои имзои тафоҳумнома дар бораи иштироки зоирони эронӣ дар маросими "арбаъин" (яке аз маросимҳои динии шиаиён) ба Теҳрон сафар кардааст, рӯзи якшанбеи 13-уми август ин тафоҳумномаро ҳамроҳ бо вазири умури дохилии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, имзо намуд.

Робитаҳои дипломатӣ миёни Эрон ва Риёз пас аз ҳамла ба сафорату консулгарии Арабистони Саудӣ дар Эрон дар моҳи январи соли 2016, қатъ шуд.

Аммо торнамои расмии вазорати умури дохилии Эрон рӯзи якшанбеи 13-уми август дар гузорише аз нишасти вазирони умури дохилии Эрон ва Ироқ дар Теҳрон, ки дар хабаргузориҳои дохилии Эрон низ ба нашр расид, навишт, ки Қосим Ал-Аъраҷӣ гуфтааст, ки дар сафари ахираш ба Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди он кишвар "расман хостааст, ки Ироқ воситае байни Эрон ва Арабистони барои коҳиши таниш бошад."

Ӯ изофа кард, ки ин масъала қаблан аз сӯи Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ низ матраҳ шуда буд ва "кишвараш ба ин бовар аст, ки робитаҳои дӯстонаи Эрон ва Саудӣ ба таъмини амният дар минтақа кӯмак мекунад".

Гуфтаҳои вазири умури дохилии Эрон дар бархе расонаҳои дохили ин кишвар ва низ бархе расонаҳои минтақа низ бозтоб доштааст, ҳарчанд то ба ҳол мақомҳои расмӣ ё манбаъҳои хабарии Арабистони Саудӣ дар ин бора вокунише нишон надодаанд.

Робитаҳои Эрон ва Риёз аз замони ҳамла ба сафорату консулгарии Арабистони Саудӣ дар Эрон дар моҳи январи соли 2016 қатъ шуд ва аз он вақт ду кишвар фақат дар моҳҳои ахир гуфтугӯҳоеро барои фиристодани зоирони эронӣ ба маросими ҳаҷҷ доштаанд ва Эрон ахиран гурӯҳе аз дипломатҳояшро барои пайгирии умури зоирони Хонаи Худо, ба Арабистон фиристод.

Чанде пеш муовини вазири умури хориҷии Эрон аз "тавофуқи аввалия бо Арабистони Саудӣ" барои боздид аз сафоратхонаҳо хабар дод ва гуфта буд, "ҳеҷ музокироти мустақиме" байни ду кишвар вуҷуд надорад ва масъалаҳои зарурӣ аз роҳҳои дипломатӣ ва ба шакли ғайримустақим, ҳал мешавад. Аз замони қатъи робитаи Эрон ва Арабистони Саудӣ, бархе кишварҳо аз ҷумла Покистон ва Кувай пешниҳодҳоеро барои миёнаравӣ ва коҳиши таниш миёни ду кишвар ироа кардаанд.

Ироқ низ аз он замон талошҳоеро дар ин замина анҷом дод ва аз он тавр, ки Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ, вазири хориҷии Эрон дар феврал эълом карда буд, аз замони қатъи робитаи Эрон ва Арабистони Саудӣ, бо миёнаравии онҳо, ҷонибҳо паёмҳое ба якдигар фиристодаанд. Ҳам Эрон ва ҳам Арабистони Саудӣ якдигарро ба эҷоди бесуботӣ дар минтақа, ба вижа дар марзҳои худ, муттаҳам мекунанд.

Гарчи вазирони умури хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ аз оғози қатъи робитаҳои дипломатӣ, дар яке аз нишастҳои байналмилалии оид ба бӯҳрони Сурия бо ҳам ҳузур доштаанд, аммо танҳо чанде пеш ва дар ҳошияи нишасти кумитаи иҷроии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки дар Истанбул сурат гирифт, ба гузориши расонаҳои Эрон, ду тараф якдигарро дар оғӯш гирифта ва гуфтугӯи кӯтоҳе бо ҳам доштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG