Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон зури бозу намоиш медиҳад


Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ахиран як силоҳи нави дарёиеро озмоиш кардааст, ки қодир аст ҳар навъ ҳадафро дар фосилаи беш аз 300 километр нобуд кунад.

Фарангези Наибуллоҳ

Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи душанбе гуфт, Эрон акнун қодир ҳаст, дар сурати ҳамла ба ин кишвар, гулӯгоҳи Ҳурмузд, аз умдатарин масирҳои тиҷорати халиҷ бо ҷаҳонро ба осонӣ ва ба муддати номаҳдуд бубандад.

Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон сӯҳбат мекард, аз ҷумла ба “комилан бумӣ”, яъне сохти худи Эрон будани ин силоҳ ва дар ҷаҳон ҳамто надоштани он таъкид кард ва гуфт, дар сурати истифодааш, ҳеҷ навъи душман дар шуоъи беш аз 300 километр аз оташи ин силоҳи дарёӣ амон нахоҳад ёфт.

Ин иддао аз забони Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар ҳоле садо медиҳад, ки баҳси байни Ғарбу Теҳрон бар сари барномаҳои ҳассоси ҳастаии Эрон, ки қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, тавлиди силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад, ҳанӯз идома дорад. Охирин зарбулаҷали ғайрирасмӣ ба Эрон ҷиҳати ироаи як посухи рӯшан ба охирин бастаи пешниҳодҳои Ғарб дар ивази қатъи ғанисозии ураниумаш дар поёни ҳафтаи гузашта ба поён омад.

Амрико ва Исроил мегӯянд, ба ҳалли мусолиматомез ва аз роҳҳои дипломатии ин баҳс бартарӣ медиҳанд, вале ин ду кишвар боқӣ роҳҳои мумкини ҳалли қазия, аз ҷумла иқдоми низомӣ алайҳи Эронро низ ҳеҷ гоҳ аз дастур хориҷ накардаанд. Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ рӯзи душанбе шояд дар посух ба ҳамин гуна таҳдидҳо гуфт, ки дар сурати ҳамла ба Эрон, ин кишвар бо тамоми роҳҳои мумкин аз худ дифоъ хоҳад кард. Ҷаъфарӣ гуфт, Ба таъбири ӯ, душман мехоҳад соати ҷангро ҳарчӣ наздиктар кунад, вале Эрон боз ҳам дураш меандозад.

Фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Эрон қодир ҳаст гулӯгоҳи танги Ҳурмузд, аз умдатарин масирҳои содироти нафти Халиҷро ба осонӣ бубандад ва дар сурати таҳти ҳамла қарор гирифтанаш ин масири муҳими тиҷорати Халиҷ бо соъири ҷаҳонро хоҳад баст.

Чанде қабл мақомоти Эрон дар бораи озмоиши як мушаки нави дурпарвози сохти ин кишвар хабар дода буданд

Чунин иқдом, табиист ки метавонад нархи нафтро дар бозори ҷаҳонӣ ба шиддат боло бубарад. Бино бар ҳисоби Маъмурияти иттилооти энержии Амрико, ҳамлу нақли тахминан 40 дарсад аз ҷамъи нафте, ки дар ҷаҳон аз роҳҳои дарёӣ кашонида мешавад, маҳз тавассути гулӯгоҳи Ҳурмузд, ки Эронро аз Уммон ҷудо мекунад, сурат мегирад.

Ба ҳисоби ин ниҳод, танҳо дар моҳи гузашта тавассути гулӯгоҳи Ҳурмузд дар рӯз беш аз 15 миллион бушка нафти хом содир шудааст. Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ гуфт, гулӯгоҳи Ҳурмузд дар дастраси силоҳҳои Эрон қарор дорад ва Эрон қодир ҳаст ин гулӯгоҳро ба муддати номаҳдуд бубандад.

Коршиносони байнулмилалии низомӣ одатан ба чунин иддаоҳои Теҳрон бо назари шубҳа менигаранд. Хабаргузории Associated Press аз қавли таҳлилгари исроилӣ Эфраим Кам навиштааст, ки “Эрон роҷеъ ба таслиҳоти низомӣ ва иқтидори низомиаш ҳамеша ҳарфҳои баланд мезанад ва мегӯяд, ки таслиҳоташ чӣ қадар беҳамтост, вале ин силоҳҳо одатан як таслиҳоти оддии низомист”.

Даг Ричардсон, муҳаррири маҷаллаи “Jane’s Missile and Rockets” ба сохти худи Эрон будани таслиҳоти ҷадиди дарёӣ низ шакк дорад ва мегӯяд, ин силоҳро шояд аз Русия харидаанд. “Ман анвоъи гуногуни мушакҳои зиддиноверо, ки дар ҷаҳон вуҷуд доранд, таҳқиқ кардам ва мебинам, ки теъдоди хеле каме аз онҳо бурди беш аз 300 километр доранд. Мо медонем, ки дар соли 2005 Эрон мехост як навъи мушаки зиддинови сохти Русияро харидорӣ кунад. Бурди он мушакҳо дар ҳамин ҳудуд буд. Акнун ба назар мерасад, ки он қарордоди се сол пеш эълоншуда дар соли 2008 пиёда гардидааст ва он таслиҳотро ба Эрон таҳвил дода ва акнун озмоиш кардаанд”.

Дар моҳи гузашта Эрон ҳамчунин иддао карда буд, ки насли нави мушакҳои мавсум ба “Шаҳоб”-ро, ки беш аз 2000 километр бурд дорад, озмоиш кардааст.

XS
SM
MD
LG