Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди задухӯрдҳо дар Ҳеллоуин, Ҳонгконг дар пешорӯи эътирозҳои нав


Мақомоти Ҳонгконг минтақаи машҳури Лан Квай Фонгро, ки дар пайи ҷашни Ҳеллоуин ба саҳнаи задухӯрди полис ва эътирозгарон табдил ва дар ҷараёни он аз гази ашковар истифода шуд, субҳи 1-уми ноябр тоза карданд. Аксар эътирозгарон бо либосу рамзҳои Ҳеллоуин дар майдон ҷамъ омада буданд. Қарор аст, даври навбатии эътирозҳо дар ин шаҳри азими тиҷоратии Осиё рӯзи шанбе идома ёбад. Ҳонгконг панҷ моҳ боз саҳнаи эътирозҳост.

Норозиёни зиддиҳукуматӣ, ки барояшон пӯшидани ниқоб манъ аст, дар намоиши рӯзи панҷшанбе (31-уми октябр) дар маркази шаҳр бо либоси рамзи Ҳеллоуин ҷамъ омаданд ва ҷашн ба зудӣ ба эътирозҳо бадал шуд. Бори аввал макони ҷашнгоҳ мавриди ҳадафи полис қарор гирифт.

Аз моҳи июни имсол ба ин тараф дар Ҳонгконг мардум аз дахолати Чин ба озодиҳои ваъдашуда ба ин шаҳр эътироз мекунанд ва гоҳе намоиши онҳо ба хушунат мепечад.

Хабарнигори Reuters дар тасвири вазъ навишт, лаҳзаҳое, ки эътирозгарон об менӯшиданд, полиси мусаллаҳ бо сипар ва калтак издиҳоми мардумро ба қафо тела медод ва бо садои баланд талаб мекард, ин ҷоро тарк кунанд.

Маҳаллаи Лан Квай Фонг, ки полис ба сӯи мардум бо гази ашковар посух дод, дар маркази Ҳонгконг ҷойгир аст ва макони фурӯшгоҳҳои зиёди ҷавоҳирот ва бонкҳо мебошад.

Раиси Анҷумани Лай Квай Фонг Антеа Чеунг гуфт, дар пайи тадбирҳои полис барои берун кардани эътирозгарон аз ин майдони тиҷоратӣ, фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳои ин маҳал 50 дарсади даромади худро аз даст доданд. Ба узвияти ин анҷуман 100 тарабхона, бар, клуб, тоҷирони хурд ва хадамоти дигар шомил ҳастанд.

Чеунг ба Reuters гуфт, "пеш аз Ҳеллоуин як рӯзи фавқулода хуб доштем. Одамони зиёд барои таҷлили ид омаданд, вале бо сабаби тадбирҳои вижа, мардуми зиёд натавонистанд ба ин маҳал ворид шаванд ва муассисаҳои мо аксаран беодам буданд."

Задухӯрдҳои полис бо мардум дар ҳолест, ки баъд аз нисфирӯзии шанбе, қарор аст, нирӯҳои демократӣ дар канори маҳалли тиҷоратӣ як раҳпаймоии дигари худро баргузор кунанд.

Полис гуфт, бо андешаҳои амниятӣ ба баргузории ин эътироз дар марказ иҷоза намедиҳад, аммо ҷамъ омадани мардум дар ду маҳалли дигарро иҷоза дод.

Эътирозгарон аз шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Ню-Йорк, Бостон, Сидней ва Лондон ҳам тақозо карданд, ки рӯзи шанбе ба нишони ҳамраъйӣ бо сокинони Ҳонгконг ва эҳтиром ба мухторияти ин шаҳр, ки бар асоси қонуни асосӣ замонат дода шудааст, ба хиёбонҳо бароянд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳизби ҳокими коммунисти Чин дар ҷаласаи худ дар ҳафтаи ҷорӣ гуфтаанд, "Чин шукуфоиву суботи Ҳонгконгро таъмин ва дар пешорӯи бенизомиҳо аз амнияти миллӣ ҳимоят хоҳад кард."

Эътирозгарон дар Ҳонгконг мегӯянд, Пекин то рафт бештар ба қаламрави онҳо дахолат карда, озодиҳои замонатдодашуда бар асоси "формулаи як кишвар – ду низом"-ро халалдор месозад.

Чин иттиҳоми дахолатро рад карда, ҳукуматҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико ва Бритониёро гунаҳкор кардааст, ки дар пайи эҷоди мушкил мебошанд.

Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи олии Ҳонгконг амре содир кард, ки бар асоси он мардум ҳақ надоранд, паём ва матнҳое нашр ва паҳн кунанд, ки "таҳдид ба хушунатро таҳрик медиҳад".

Бори аввал аст, ки мақомот нашри паём дар интернетро манъ мекунанд. Мунтақидон мегӯянд, ин як таҳаввулоти хатарнок буда, қадаме ба сӯйи зери назорат гирифтани интернет мебошад.

Ин амр аз 15-уми ноябр ба иҷро медарояд ва ба ҳама гуна пойгоҳҳои интернетӣ, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии LIHKG ва Telegram марбут аст, ки дар миёни эътирозгарон ҳамчун василаҳои муҳими муошират истифода мешаванд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки бар асоси маълумоти бозор, нишондодҳои Ҳонгконг барои аввалин бор баъди сар задани бӯҳрони ҷаҳонӣ шоҳиди поинравии нишондодҳои иқтисодӣ мешавад.

Аз сӯе ихтилофҳои тиҷоратии Чину Амрико ва аз тарафи дигар эътирозҳои пайдарпай ба бахши тиҷорату туризм таъсири манфӣ гузоштаанд. Интизор меравад, нишондодҳои рӯзи ҷумъаи бозор поинтарин дар таърихи Ҳонгконг хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG