Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ амиқтар мешавад


Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки ахиран ба чоп расидааст, аз бӯҳрони иқтисодӣ амиқан изҳори нагаронӣ мешавад.

Дар ин гузориш омадааст, агар иқтисодҳои рушдёфта, мисли иқтисоди Ирландияву Австрия дар ҳоли суқут қарор доранд, пас дар бораи аксари аҳолии сайёра, ки дар кишварҳои рушдёбанда ё кишварҳои ҷаҳони севвум ба сар мебаранд, чӣ метавон гуфт?

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, тиҷорати ҷаҳонӣ дар 80 соли ахир бо суръати тез рӯ ба поинравист. Дар ҳоле, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико оғоз шуд, бонки мазкур мегӯяд, интизор меравад, ки ин бӯҳрон ба шиддат ба кишварҳои дар ҳоли рушд, ба вижа дар кишварҳои осиёи Шарқӣ ва Аврупои Шарқӣ, осеб расонад. Интизор меравад, ки тавлидоти саноеъ нисбат ба соли 2008 то 15 дарсад поин равад.

Ба ҳамин далел сармоягузорӣ, тиҷорат ва додани қарзаҳо дар ҳоли қатъ шудан аст. Чунин ҳол ба вижа дар кишварҳои рушдёбанда ба таври возеҳ ба назар мерасад. Аммо сармоягузорони байнулмиллалӣ бо кумаки барномаҳои наҷоти молии вазорати умури хазинадории Амрико ва доллари амрикоӣ худро наҷот медиҳанд. Иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд беш аз пеш барои гирифтани қарз ва пардохти қарзҳои рӯзафзун ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, кишварҳои рушдёбанда ба холигоҳи бузурги молӣ дучор мешаванд ва ин холигоҳ шояд аз 270 миллиард доллар то 700 миллард долларро танҳо дар соли ҷорӣ ташкил диҳад. Роберт Золлик, раиси Бонки ҷаҳонӣ дар суханони ахири худ ба бисёре аз ин нукот ишора карда, гуфт, «суқути содироту даромад ба суқути сармоягузорӣ сабаб мешавад. Коҳиши суръати рушд ва бад шудани шароити молӣ сабаби нокомии тиҷорат ва афзоиши хатари ҳолатҳои ғайриқобили пешбинӣ дар бонкҳо мешавад. Баъзе кишварҳо ба сӯи бӯҳрони мувозинати пардохтҳо мелағжанд. Дар чунин ҳолат кишварҳои фақир бештар аз дигарон бидуни ҳимоя мемонанд".

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки аз 116 кишвари дар ҳоли рушд 94-тои он ба коҳиши рушди иқтисодӣ дучор шудаанд. Дар ин кишварҳо фақр 43 дарсад боло рафтааст ва дар натиҷаи он соли ҷорӣ 46 миллион нафар ба марзи фақр пой хоҳанд ниҳод.

Бонки ҷаҳонӣ эълон кардааст, ки соли ҷорӣ ба кишварҳои рушдёбанда 35 миллиард доллар қарз медиҳад. Ин масъалаҳову мушкилиҳо рӯзи ҷумъа ва шанбе, яъне 13 ва 14-уми март, дар мулоқоти вазирони молии кишварҳои Ҷӣ-20 дар Лондон баррасӣ хоҳад шуд. Вазирон дар Лондон барои мубориза бо ин бӯҳрон 500 миллиард доллар сармоягузорӣ ба Сандуқи байнулмиллалии пулро баррасӣ мекунанд, ки он аз сармоягузории маъмулӣ ду баробар бештар аст.
XS
SM
MD
LG