Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши нави қимати нафт?


Тахминан як сол пеш дар моҳи июли соли 2008-ум нархи як баррел ё худ як бушка нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба баландтарин нуқта -147 доллар расида буд, вале баъд аз он ҳамзамон бо амиқрафти бӯҳрони саросарии иқтисодӣ қимати нафт босуръат поин шуда, дар моҳи декабр то 33 доллар коҳиш ёфт. Дар моҳи июн бошад, барои аввалин бор дар соли 2009-ум нархи баррели нафт аз 70 доллар бештар шуд.

Оё болоравии нархи нафт рамзи беруншавӣ аз бӯҳрон аст? Сар аз оғози соли равон то имрӯз нархи нафт ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳоле ки оламро бӯҳрони моливу иқтисодӣ фаро гирифтааст, тақозо ба нафт ва мутобиқ ба он нархи нафт бояд паст бошад.

Шореҳон мавҷудияти ин вазъи ғайримантиқиро бо он иртибот медиҳанд, ки ҷои рӯҳафтодагиро хушбинӣ гирифтааст, яъне муштариён бар ин фикранд, ки душвортарин давраи бӯҳрони ҷаҳонӣ пушти сар шудааст.

Пажӯҳишгари бозори нафт дар бонки Нордеаи шаҳри Осло хонум Тина Салтведт дар ин бора мегӯяд, "хушбинӣ зиёд аст, ки тобистони соли равон мо шоҳиди поинтарин нуқтаи бӯҳрон мешавему хоҳем дид, иқтисоди ҷаҳонӣ тадриҷан ба по мехезад. Умедворем, ки тирамоҳ ва ё зимистони соли равон тақозо ба нафт афзоиш меёбад".

Хуллас, феълан на шаҳодати воқеӣ, балки интизории беҳбуди вазъ зиёд шудааст. Ба гуфти шореҳон, сабаби дигари болоравии нархи нафт дар замони рукуд ин будааст, ки ҳукуматҳо барои наҷоти корхонаҳояшон сармояи бузургеро масраф кардаанд. Агар ин кӯшиши ҳукуматҳо натиҷа диҳад, хавфи инфлятсия ва ё таваррум афзоиш меёбад. Дар чунин ҳол одатан сармоягузорон ба хариди ашё рӯ меоранд, беқурбшавви пул онҳоро касод накунад.

Ҳамчунон созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) эълон карда буд, ки истихроҷи нафтро то 4,2 миллион баррел нафт дар рӯзе коҳиш медиҳад. Ва билохира бар замми ҳамаи ин омилҳо ҳафтаи гузашта қурби доллари Амрико поин шуд.

Ахиран раиси ширкати нафти Шел Ҷероен Ван дер Веер иброз дошт, ки шояд ба ҳамин зудиҳо нархи нафт дубора боло рафта, аз 147 доллари тобистони гузашта ҳам бештар шавад ...
Хонум Салтведт мегӯяд, вақте хавфи беқурбшавии доллар зуҳур менамояд, сармоягузорон саъй мекунанд, то пеш аз болоравии нархи нафт пулҳояшонро ба ашё табдил диҳанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон мегӯянд, соли гузашта дар пайи поиншавии босуръати нархи нафт, даҳҳо лоиҳаи истихроҷи нафт мутаваққиф шуда буд, акнун барои аз нав фаъол намудани сармоягузорӣ ба ин конҳо солҳои зиёд лозим мешаванд.

Ахиран раиси ширкати нафти Шел Ҷероен Ван дер Веер иброз дошт, ки шояд ба ҳамин зудиҳо нархи нафт дубора боло рафта, аз 147 доллари тобистони соли гузашта ҳам бештар шавад.

Аммо назари муқобил низ ҷой дорад. Ҳаррӣ Чилингарян, пажӯҳишгари маркази BNP (БИЭНПӢ) Парибаси Лондон, мегӯяд, "боре ба ақиб назар афканед. Соли 2007-ум вақте нархи нафт ба 60 доллар расид, рушди воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ ба 5 дарсад баробар буд. Аксари пешбиниҳо ва аз ҷумла пешбинии Парибас ин аст, ки имсол коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба 1,5-2 дарсад мусовӣ хоҳад буд. Вақте шумо ин ду омилро ҳамроҳ мегузоред, мефаҳмед, ки чунин нарх дер идома намекунад. Билохира шояд бахше аз нафти амборҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Бо ишора ин гуфтаҳои мо дар бораи коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ метавон пешбинӣ кард, ки нарх ҳам мутобиқ ба он хоҳад шуд."

Чилингарян бар ин ақидааст, ки дар давоми ду моҳи оянда нархи нафт то 50 доллар коҳиш меёбад, вале дар охирҳои соли равон вақте нишонаҳои рушд дар иқтисоди ИМА пайдо шуданд, нархи нафт дубора ба 65-70 доллар баробар мешавад.

Дар ҳамин ҳол Агентии Байнулмилалии энергетикӣ гузориш додааст, ки имсол суръати коҳиши тақозо ба нафт шояд ба 3 дарсад наздик бошад. Ин ҳам албатта нишонаи рукуд аст, вале, ба қавли шореҳон, рукуди заифшаванда.
XS
SM
MD
LG