Пайвандҳои дастрасӣ

Бештаре аз мутахассисони зилзилашиноси тоҷик мухолифи сохтмони биноҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон ҳастанд ва мегӯянд, бо назардошти хусусияти зилзилахез будани қабати замин дар Душанбе, бунёди баландошёнаҳоро машварат намедиҳанд. Аммо мақомоти шаҳрдорӣ бар ин назаранд, ки ҳамаи биноҳои сохташуда бо назардошти ин нигарониҳо ва тобовар бо зилзила бунёд шудаанд.

Солҳои ахир дар шаҳри Душанбе биноҳои баландошёна қад афрохта, симои пойтахти Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир медиҳанд. Тибқи нақшаи куллӣ ё ба истилоҳ “Генплан”, қарор аст биноҳои ду, се ва ҳатто чаҳорошёна тахриб шуда, ҷойи онҳоро биноҳои то 25-табақа мегиранд. Мақомот мегӯянд, ин ҳама нақшаҳо барои ҳалли масъалаи дастрасии сокинон ба манзил нигаронида шудаанд, ки мушкили дараҷаи яки иҷтимоии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бештари аз зилзилашиносони тоҷик мегӯянд, ки имкони сохтмони биноҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон ба хотири зилзилахез будани ин кишвар, тасмими дуруст нест.

Дар пайи бӯҳрони моливу иқтисодӣ, арзиши як метри мураббаъ манзили нав дар Душанбе аз 1400 доллари се соли пеш то ба 500-600 доллар дар маркази шаҳр коҳиш ёфтааст. Дар маҳаллаҳои канори марказ ниёзмандон имкон доранд як метри мураббаъ манзили навро ҳатто бо нархи то 250-300 доллар пайдо кунанд. Ҳоло дар майдони марказии Сомонии шаҳри Душанбе мақомот ба сохтмони бинои 30-табақа иқдом кардаанд, ки дар қисмате аз он идораи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт.

Вале тавре ба назар мерасад, ба аҳли илми кишвар ва донишмандони соҳаи зилзилашиносӣ ин ҳама барномаҳо начандон хушоянд нест. Аз ҷумла ин мавзӯъ дар як ҳамоиши коршиносон дар робита ба 110-солагии зилзилаи шадиди Қаратоғ, ки соли 1907 рух дода, ҳудуди 4,5 ҳазор нафарро қурбон кард, баррасӣ шуд.

"Машварат намекунанд..."

Муовини декани факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахшидод Алидодов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хатари тахрибшавии биноҳои баландошёнаи навсохт дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард. Вай аз ҷумла ба таркиби хоки қисмати шарқии пойтахт ишора кард ва гуфт, ки дар ин маҳалл сохтмони биноҳои баландошёна қатъиян мумкин нест. Ба гуфтаи Алидодов, сохтмончиён ва тасмимгирандагони нақшаҳои бунёди баландошёнаҳо бояд бо масъулини соҳа дар заминаи зилзилахез будани замин машварат кунанд.

Ҷаноби Алидодов афзуд: "Мақомот ва ширкатҳои сохтмонӣ бо зилзилишиносон аслан дар мавриди сохтмони биноҳои баландошёна машварат намекунанд. Ҳарчанд қисмати шарқии Душанбе барои сохтмони биноҳои баландошёна мувофиқ нест, аммо дар соҳили рости рӯди Душанбе, ки таркиби хокаш мустаҳакам мебошад, сохтмони биноҳои баландошёна чандон хатарзо нест."

Оё биноҳои Душанбе мутобиқи меъёри шаҳрсозӣ аст?

Академик Собит Неъматуллоев, коршиноси саршиноси умури зилзилашиносӣ дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агар ҳодисаи нохуши зилзилаи шадид рух диҳад, ҳатто наҷотдиҳандагон ба кӯмаки сокинон нахоҳанд расид. Зеро, тибқи меъёри шаҳрсозӣ, биноҳои баландошёна бояд дар масофаи то 300 аз ҳамдигар сохта шаванд, аммо дар Душанбе ин меъёр риоя намешавад.

Вале бо ин андешаҳо бархе дигар масъулони соҳа розӣ набуданд. Яке аз онҳо Пӯлод Ясинов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви комиссияи меъморӣ ва сохтмони Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аст. Вай гуфт, ки тибқи қонуни нави мутобиқсозӣ ба зилзилаҳо дар Тоҷикистон қабл аз гирифтани иҷозаи сохтмони биноҳои баландошёна ширкати сохтмонӣ санадҳои худро ба коршиносони мухталиф пешниҳод мекунанд.

Вай дар ин бора гуфт: "Ман худ яке аз муаллифҳои таҳияи муқаррароти иҷозатномагирӣ дар соҳаи сохтмон мебошам. Шумо метавонед мутмаин бошед, ки раванди таҳияи тарҳи бино ва сохтмони он пайваста зери назорати коршиносон қарор дорад. Мо ҳатто сифати маҳсулоти сохтмониро месанҷем. Аммо, умури сохтмонӣ корест, ки бидуни камбудӣ намешавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки мо наметавонем то ба охир ҳамаи корҳои сохтмониро назорат кунем. Ҳарчанд ҳатто баъд аз анҷоми сохтмони биноҳо мо аз назари тобоварии он ба зизилаҳо санҷишҳое анҷом медиҳем."

Зилзилашиносон: "Бунёди баландошёнаҳо дуруст нест"

Вале дар сӯҳбатҳои бидуни сабт бештари аз зилзилашиносони тоҷик, ки дар ҳамоиши имрӯз ширкат доштанд, гуфтанд, ки имкони сохтмони биноҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон ба хотири зилзилахез будани ин кишвар тасмими дуруст нест. Онҳо ҳатто аз як дастури Иосиф Сталин дар даҳаи 1940 ёдоварӣ карданд, ки ба хотири зилзилахез будани Тоҷикистон сохтмони биноҳои баландтар аз чаҳор табақиро дар пойтахти Тоҷикистон манъ карда буд.

Аммо солҳои охир ширкатҳои сохтмонӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷозатдиҳандаи сохтмон ба бунёди баландошёнаҳо пардохтаанд. Феълан баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон “Душанбе-плаза” ба ҳисоб меравад. Ин бинои иборат аз идораҳои маъмуривути ҷоратӣ дар масоҳати наздики 40 ҳазор метри мураббаъ ва бо баландии 22 ошёна сохта шуда аз се қисм иборат аст.

Сабқати сокинон барои хариди хонаи нав

Сохтмончиён мегӯянд, ки дар 95 дарсади ҳолатҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз рӯи меъёрҳои қабулшудаи монанд ба ҳам бунёд мешаванд ва дар сохтани онҳо ба эътибор гирифтани талаботи мисли роҳат, муносиб ба шароити шаҳр сохта шудани онҳо, ба эътибор гирифта шудани хусусиёти табииву иқлимӣ ва иқтисодӣ хеле муҳим аст.

Ду сол пеш раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфта буд, ки ин ниҳод истифодаи арматураҳои истеҳсолкардаи коргоҳҳои хурди чиниро дар биноҳои баландтар аз 2 ошёна манъ карданд, чун, ба гуфтаи мутахассисон, арматураҳои истеҳсоли маҳаллӣ ҷавобгӯи талаботи истифода дар биноҳои баландошёна нест.

Вале сокинони Душанбе, ки барои харидани хонаи нав дар баландошёнаҳои сохти солҳои охир талош мекунанд, ба амнияти бино ва сифати сохтмони он бештар тавассути арзиши манзил ва намуди зоҳириаш баҳогузорӣ мекунанд,

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG