Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борони интиқод бар сари Ҳомид Карзай


Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон

Баҳсҳои ахири бархоста дар маҳфилҳои сиёсии Афғонистон ҳарчӣ бештар ба шахси раисҷумҳур Ҳомиди Карзай ва ояндаи сиёсии ӯ бармегардад.

Карзай рӯзи шанбеи гузашта изҳор дошт, ки интихобот бояд тибқи муқарррароти Қонуни Асосӣ, яъне то 21 май доир шавад. Ӯ аз куммиссиюни мустақили интихобот хост, рӯзи интихоботро аз 20 август ба моҳи апрел пештар биорад. Аммо мухолифини Ҳомиди Карзай ин пешниҳодро маҳкум карда, мегӯянд, Карзай мехоҳад бо ин шева курсии раҳбарии Афғонистонро барои як давраи дигар ҳифз кунад.

Тибқи Қонуни асосии Афғонистон, интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ бояд дастикам 1 моҳ қабл аз анҷоми давраи раҳбарии раисиҷумҳури феълӣ доир шавад. Давраи раёсати Ҳомиди Карзай 21 май ба поён мерасад ва ба гуфтаи таҳлилгарони афғон, Карзай танҳо ду роҳи интихоб дошт: ё ба мурооти Қонуни асосӣ исрор биварзад ва ё таърихи таъинкардаи комиссиюни мустақили интихобот, яъне 20 августро бипазирад.

Аммо дар чунин сурат, давлати Ҳомиди Карзай тайи дасти кам се моҳ – аз 21 май то 20 август - аз машруият маҳрум мешуд ва дар сурати дар ин муддат ба ягон ниҳоди муваққат вогузор шудани умур дасти Карзай ва тарафдоронаш аз истифодаи манобеъи маъмуриро хеле кӯтоҳ мешуд, ки ба сӯди ӯ нест.

Ба фарқ аз ҳамсоякишварҳояш дар Осиёи Марказӣ, корзори интихоботии Афғонистон аз ҳоло хеле пуррақобат ба назар меояд. Ва рақибони умдаи Ҳомиди Карзай дар интихоботи ҷадид асосан ёрони дар гузашта наздики ӯ будаанд. Аз ҷумла, Анварулҳақ Аҳадӣ, собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири молия, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири пешини молия ва Алиаҳмад Ҷалолӣ, собиқ вазири умури дохилаи Афғонистон.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай Карзайро ба он муттаҳам кард, ки ба хотири ҳифзи мақоми раҳбарӣ аз ҳоло ба сӯъиистифода аз манобеъи маъмурии давлаташ оғоз кардааст. Аҳмадзай гуфт, дар чунин ба ном интихобот ширкат нахоҳад кард.

Дар сурати баргузории интихобот дар таърихи 20-уми август дасти Ҳомил Карзай тайи се моҳ - аз 21-уми май то 20-уми август - аз истифодаи манобеъи маъмурӣ кутоҳ мешуд ...
Номзади дигар Эмомии Ғорӣ низ гуфта, ки Карзай мехоҳад бо тадвири зудтари интихобот рақибонашро аз саҳна берун андозад. Пешниҳоди Карзай вокуниши шадид ва умдатан манфии гурӯҳҳои сиёсиро низ ба бор овард ва аз ҷумла Шӯрои муттаҳиди миллӣ, ки умдатан аҳзоби либерал ва рӯшанфикрони ислоҳталаби Афғонистонро муттаҳид мекунад, гуфт, Ҳомиди Карзай мехоҳад бо ин шева рақибони сиёсиашро ғофилгир кунад.

Таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон Ваҳиди Мужда, ки бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Кобул сӯҳбат мекард, гуфт, Ҳомиди Карзай дар пешорӯи интихобот дар вазъи мушкиле қарор гирифта, ба ояндаи сиёсии худ чандон мутмаин нест, ки чунин иқдом кард. Ваҳиди Мужда мегӯяд, лаҳни зиддиамрикоие, ки дар суханрониҳои ахири Карзай зоҳир шудааст, низ марбут ба интихобот ва ба хотири боло бурдани маҳбубияташ дар чашми мардумест, ки усулан дасти дахолати хориҷӣ дар умури Афғонистонро хуш надоранд. Ин таҳлилгар аммо ин дафъа нуфузи унсури қавмиро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон чандон барҷаста намедонад, ки дар гузашта буд.

Аммо Сиёмаки Ҳиравӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки Ҳомиди Карзай дар баҳси рӯзи интихобот мисле ки миёни обу оташ мондааст, зеро мухолифин ҳар таърихеро, ки барои интихобот таъйин шавад, ҳатман таҳти танқид қарор хоҳанд дод.

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба маҳзи як силсила мушкилоти амниятиву моливу фаннӣ қабл аз моҳи август баргузор кардани як интихоботи озоду мунсифона баъид ва ғайримумкин хондааст.

Ален Ле Рой, ноиби дабири кулли СММ дар умури амалиётҳои ҳимоят аз сулҳ, низ дар бораи пешниҳоди Ҳомиди Карзай ҷиҳати дар моҳи апрел доир кардани интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, мушкилоти амниятиву фаннӣ то моҳи июл барпо кардани ин раъйгириро мушкил мекунад.

Раҳбари нирӯҳои ҳомии сулҳи СММ Ле Рой тадвири як раъйгирии мӯътабар дар чунин фурсати кӯтоҳро ҳатто “тақрибан ғайримумкин” хонда, гуфт, СММ ба ҳамин далел аз таърихи 20 август ба ҳайси рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG